ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

WSJ: ХИТОЙ ХОСТОРИ БА РУСИЯ ДОДАНИ ВИЛОЯТҲОИ ҒАСБШУДАИ УКРАИНА ШУДААСТ

Pӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal (WSJ) бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки намояндаи вижаи Хитой дар умури Авруосиё Лӣ Хуэй аз кишоварҳои аврупоӣ даъват намудааст, то дар Украина оташбас фавран эълон намуда, ҳамчун муомила минтақаҳои аз сӯи артиши Русия ғасбшудаи Украинаро ба Русия бидиҳанд.

Бино ба навиштаи ин расона, инчунин намояндаи вижаи Хитой аз кишварҳои аврупоӣ тақозо намудааст, ки “соҳибихтиёрии худро аз Амрико” эълон кунанд ва Хитойро ба ҷои Амрико ба унвони шарик бипазиранд.

Вале ба гуфтаи манобеи нашрияи амрикоӣ, мансабдорони аврупоӣ гуфтаанд, то замоне ки артиши Русия дар хоки Украина қарор дорад, сухан аз сулҳ ғайри қобили қабул аст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати рӯзнома, ки аз ҷузъиёти гуфтушунид бо фиристодаи Хитой огоҳ будааст, “назари Чин ин  аст, ки Русия набояд дар ҷанг мағлуб гардад, вагарна дар ҳолати бохт, аз силоҳи ҳастаӣ кор мегирад”.  

Пас аз гуфтушунид бо намояндаи махсуси Хитой мансабдорони баландпояи аврупоӣ ба хулосае омадаанд, ки “Чин хеле назари мушобеҳ бо Маскав дорад”. Аз ин лиҳоз онҳо гумон намекунанд, ки Чин ҳамчунин кишвари миёнарав дар раванди музокирот ва сулҳ байни Украина ва Русия нақши бетарафона дошта бошад.  Ба ҳар ҳол, аврупоиҳо нақши Хитойро дар миёнҷигарӣ барои ба даст овардани сулҳ дар Украина, ҳалкунанда медонанд, аммо пешниҳодҳои Чинро ғайри қобили қабул мешуморанд.

Ли Хуэй

Бино ба бовари аврупоиҳо, “барои кӯтоҳмуддат хомӯш кардани алангаи оташи ҷанг дар Украина ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ хотима намеёбад. То замоне ки артиши Русия дар хоки Украина ҳузур дорад, ин як таҳдид барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ, Аврупо то ҳадди имкон аз Украина пуштибонӣ хоҳад намуд”.

Пас аз нашри ин матлаб дар сомонаи The Wall Street Journal хабаргузории давлатии Русия “РИА Новости” аз номи як “манбаи огоҳ аз қазия” маводе нашр намуда, “The Wall Street Journal”-ро таҳдид намуд, ки дар фикри рӯзноманигори дар Русия ҳабсшудааш  Эван Гершкович бошад.

“Агар “The  Wall Street Journal” боз ҳам ба пахш намудани хабарҳои бардурӯғ бар зидди Русия ва корҳои берун аз салоҳияти рӯзноманигорӣ даста зада, ин корҳоро идома диҳад, пас маълум мешавад, ки роҳбарияти “Уолл Стрит Ҷорнал” ба тақдири Гершкович бепарво аст”, – навиштааст “РИА Новости”.

Рӯзноманигори “Уолл Стрит Ҷорнал” Эван Гершкович санаи 29-уми марти соли 2023 аз тарафи афсарони амниятии Русия дар шаҳри Екатеринбург бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуд. Аммо худи рӯзноманигор ҳар гуна иттиҳоми ҷосусиро рад намуда, таъкид мекунад, ки барои навиштани мақолаи таҳлилӣ дар бораи ЧВК “Вагнер” ба шаҳри Екатеринбург сафар намуда буд, то бо наздикони зархаридони ин ширкати ҷангӣ ҳамсӯҳбат шавад.

Дар ҳамин ҳол, пас аз интишори маводи WSJ вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба навишт, ки “ҳайъати фиристодаи Хитой, ки аз Украина, Русия ва кишварҳои Аврупо дидор ба амал овард, ба Русия додани хоки Украинаро  талаб накардааст”.

 Бояд ёдовар шуд, ки Лӣ Хуэй моҳи майи соли 2023 ба Киев, Варшава, Берлин, Париж ва Брюссел сафар намуда, бо мансабдорони воломақоми ин кишварҳо ва мақомҳои баланди аврупоӣ вохӯрӣ анҷом дод. Ӯ рӯзи 26-уми майи соли 2023 вориди Маскав шуда, бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров якуним соат мулоқот доштааст. Дар бораи муҳтаво ва натиҷаҳои ин мулоқот чизе то ҳол гуфта нашудааст.

 Вале пас аз мулоқоти Лавров бо Лӣ ҷонишини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин дар мусоҳиба бо агентии давлатии Русия ТАСС аз пешниҳодҳои ҷониби Маскав барои расидан ба сулҳ хабар дод. Бино ба иттилои ТАСС, Русия аз ҷумла пешниҳод намудааст, ки барои оғози раванди сулҳ Украина бояд амалиёти ҷангиро фавран қатъ намояд ва кишварҳои аврупоӣ бошанд, фиристодани силоҳро. Дар марҳилаи баъдӣ, Украина бояд аз кӯшишҳои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО даст кашида,  дар сиёсати берунааш ба мавқеи бетарафӣ баргардад ва забони русиро дар чаҳорчӯбаи қонунӣ, ҳамчунин забони давлатии Украина эътилоф намояд“.

Аммо то ин дам ҷониби Украина борҳо таъкид намудааст, ки фақат дар ҳолати баргаштан ба марзҳои соли 1991 ҳозир аст, сари мизи гуфтушунид бо Русия бинишинад. Яъне Киев аз Маскав холӣ кардани нафақат вилоятҳои Луҳанску Донбасс ва Херсону Запорожеро талаб дорад, балки мехоҳад, ки русҳо нимҷазираи Қримро ҳам ба Украинаро баргардонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button