Хабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР ЯНГИОБОД, ҒОРАТГАРӢ ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “ДЕҲҚОН”, ДУЗДИИ ЯК ЗАН ДАР ИСТАРАВШАН ВА ЧАНД ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 26-27.05.2023

Ба ҳалокат расидани пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нохуш

03

24-уми майи соли 2023, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Насруллоев Афзалбек Азаматович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи марказии деҳаи Янгиободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Муродбоқиев Давронбек Боқимаҳмадович, соли таваллудаш 1968, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард, Муродбоқиев Д.Б. ҷароҳатҳои впзнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир шудани ду ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ

155

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа ҳангоми дар назди бозори «Деҳқон» дар дохили нақлиёти мусофиркашонӣ қарор доштанаш, шахсони номаълум аз ҷайбаш ҳамёнашро тасарруф намудаанд, ки дар дохилаш 1 ҳазору 380 сомонӣ буда аз ин кирдори онҳо ҷабрдида пай бурда ба назди онҳо меравад, ки дар натиҷа ӯро зери лату кӯб қарор дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 18 ва 23-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани зани 49-сола бо ҷурми дуздӣ

15

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза зани 55-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми майи соли 2023, тахминан соати 11:00, ҳангоми дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ, як адад сумкаи занона, ки дар дохилаш 4 ҳазору 300 сомонӣ, як адад гӯшвори тиллоӣ, як адад шиносномаи миллӣ ва як адад корти бонкии Душанбе-Сити буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғаиб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 49-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

158 2

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, моҳи майи 2021 дар ҳудуди ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Тайота Прадо” ва “Тайота Кемри», ки арзишашон 365 ҳазор сомониро ҳамчун насия ба мӯҳлати як сол гирифта, моҳи декабри соли 2021, 97 ҳазору 400 сомониашро дода, боқимонда 267 ҳазору 600 сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати зани 55-сола

09c90532582f67c5b71027b09d86982f

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 55-солаи сокини шаҳри Исфара оғоз карда шуд.
Номбурда моҳи феврали соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 66-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button