ТоҷикистонҶомеа

ЯК СОКИНИ ҲИСОР ҲАМСАРАШРО КУШТА, ҶАСАДАШРО БО БЕНЗИН ОТАШ ЗАДААСТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҷинояти мудҳиш: куштан ва сипас мурдаи ҳамсарашро оташ задани як сокини Ҳисор хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 22:00, аз заминҳои ҳудуди мамнӯъгоҳи ҶДММ “Қуллаҳои Тоҷик” дар ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, ҷасади зани шахсияташ номаълум дар ҳолати пурра сӯхташуда дарёфт карда шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Худи ин мард ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ВКД гуфт, ки ӯ ҳамон шаби 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 21:00 ҳамсараш, зани 29-солаи сокини Ҳисорро дар дохили хонаи истиқоматиаш бо воситаи рӯймоли дар сараш буда бӯғӣ карда ба ҳалокат расонидааст ва сипас барои рӯйпӯш намудани ин ҷиноят ҷасади ҳамсарашро ба ароба бор карда, ба заминҳои ҳудуди мамнӯъгоҳи ҶДММ “Қуллаҳои Тоҷик” бурда, дар он ҷо ҷасади занашро бо сӯзишвории навъи бензин оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар бораи сабаби ҷанҷоли ин зану шавҳари сокини ҷамоати Ҳисор, ки ба чунин оқибати мудҳиш оварда расондааст,  дар иттилиояи ВКД чизе гуфта нашудааст.

Бино ба хабари дигари маркази матбуоти ВКД, ба ШВКД-2 ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе ариза навишта, аз он шикоят кардааст, ки шоми 21-уми майи соли 2023, тахминан соати 19:00, дар хонаи истиқоматиашон падари 50-солааш, бе ягон асос ӯро бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба дасти чапаш задаст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати сабук бардоштааст.

Дар бораи сабаби муноқишаи ин падару духтар дар пойтахт, ки ба кордкашӣ печид, дар иттилоияи ВКД чизе гуфта нашудааст.
ВКД дар бораи ин ду ҳодиса тафсилоти дигар надода, танҳо гуфтааст, ки дар робита ба ҳарду ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button