Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭРДУҒОН Ё ҚИЛИЧДОРӮҒЛУ? ТУРКИЯ ДАР ПЕШОРӮИ ЯК ИНТИХОБИ САРНАВИШТСОЗ

28-уми майи соли 2023 даври дувуми интихоботи президентии Туркия байни Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Камол Қилиҷдлорӯғлу баргузор мешавад. Вале аксарии назарсанҷиҳои пешакӣ аз эҳтимоли пирӯзии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури кунунии Туркия дарак медиҳанд.

Бо ин ҳама хушбинии ҳаводорони Эрдуғон, раванди интихобот ва қудрат гирифтани мухолифини сиёсии ҳукумати Эрдуғон нишон медиҳад, ки “роҳбари тағйирнопазири Туркия” дигар мисли ду даҳсолаи охир ва ҳатто бо вуҷуди пирӯзӣ дар интихобот, он чунон маҳбуб ва бонуфуз нест, ки солҳои қабл буд. Гузашта аз ин, ҷомиаи Туркия низ дигар якпорчагии собиқи худро таҳти роҳбарии Эрдуғон нигоҳ нахоҳад дошт.

Пеш аз ҳама, фақр, таварруми бесобиқаи пул, фасод дар зинаҳои болоии ҳокимият, бӯҳрони иқтисодӣ ва яккатозии Эрдуғон ҷомеаи Туркияро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо кардааст. Илова бар ин, сиёсатҳои исломгароёнаи Эрдуғон низ дигар барои насли ҷавони Туркия қобили таҳаммул нест.

Аз ин ҷиҳат раванди интихобот чолишбарангез, ҳассос ва фавқулодда бо аҳамият на танҳо барои мардуми Туркия, балки барои кишварҳои хориҷӣ низ гардидааст.

Аҳзоби мухолифи шашгона ва баъзе ақалиятҳои миллӣ умедворанд, пас аз ҳудуди 20 сол, қудрати сиёсиро аз дасти Эрдуғон бигиранду ба ҳукмронии исломгароён поён диҳанд. Вале тавре даври аввали интихобот нишон дод, ин кори чандон осоне нест.

Назарсанҷиҳои пешакӣ дар даври аввали интихобот нишон дода буданд, ки Қилиҷдлорӯғлу аз Эрдуғон ва дигар номзадҳо пештоз аст. Вале шумориши расмии овозҳо нишон дод, ки аз байни 4 номзад овози бештарро Эрдуғон ба даст овард.

Аз як тара,  бӯҳрони иқтисодӣ ва аз тарафи дигар, зери суол бурдани арзишҳои демократӣ аз сӯи ҳукумати Эрдуғон ҷомеаи Туркияро нигарон намудааст. Баъзеҳо дар Туркия бар ин назаранд, ки маҳз сиёсатҳои пешгирифтаи Эрдуғон, Туркияро ба вартаи бӯҳрони иқтисодӣ кашонидааст. Гузашта аз ин, Эрдуғон бо яккатозии худ равиши пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупоро низ кунд кардааст.

Қилиҷдоорӯғлу низ сиёсатҳои пешгирифтаи Эрдуғонро зери тозиёнаи танқид гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳолати раисҷумҳур интихоб шуданаш Туркияро ба Иттиҳоди Аврупо наздик намуда, низоми пазириши муҳоҷирон ва паноҳҷӯёнро душвортар, сатҳи таваррумро поин мекунад. Аз рӯи нишондодҳо, аксарияти ҷавонон ҷонибдори Қилиҷдлорӯғлу ҳастанд ва баръакс, афроди солхӯрда аз Эрдуғон пуштибонӣ мекунанд. Ҳар ду тараф ҳам барои дифои нуқтаи назари худ далелҳои худро доранд.

Ҷонибдорони Қилиҷдлорӯғлу даъво мекунанд, ки дар 20 соли ҳукмронии Эрдуғон нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Туркия 1750 % боло рафтааст. Танҳо дар як соли охир нархи баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ аз 100% то 120% боло рафтааст. Барои мисол, Қилиҷдлорӯғлу дар як сабти видеоӣ нишон медиҳад, ки  1кг биринҷ соли 2022 18 лира буд аммо дар соли 20023 39 лира шудааст, шакар 20 лира буд, ҳоло 47 лира шудааст, шир 14 лира буд,  27 лира шудааст.

Вале Эрдуғон ба дар ҷавоб гуфт, ки дар ҳолати такроран президент интихоб шуданаш монеи болоравии нархҳо мешавад. Бино ба гуфтаи Эрдуғон,  “тими Қилиҷдлорӯғлу дар бораи иқтисод чизе намедонад”. Аммо ба ақидаи мунтақидон, Эрдуғон кореро, ки дар тӯли  20 соли гузашта карда натавониста буд, ваъда додааст, ки ин навбат ҳал мекунад.

Ҷонибдорони Эрдуғон бошанд, мегӯянд, маҳз Эрдуғон буд, ки Туркияро дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ бозигари калидӣ намуда, мавқеи Туркияро боло бурд.

Агарчи назарсанҷиҳо ва баъзе таҳлилгарон вазъро ба нафъи Эрдуғон мебинанд, вале дар интихобот ҳамеша як нерӯи ғайри қобили пешбинӣ вуҷуд дорад, ки мумкин аст, он гуна, ки гуфтаанд, кор дар ин давр ҳам барои Эрдуғон роҳат ҳал нашавад.

Дар даври аввали интихобот аксарияти коршиносон бар он ақида буданд, ки заминларзаи маргбори дар моҳи феврал таъсири бади худро ба натиҷаҳои интихобот мерасонад ва мардуми ин манотиқ аз Эрдуғон пуштибонӣ намекунад. Вале чигуна, ки воқеият нишон дод, дар минтақаҳои осебдида, аксарияти аҳолӣ, ҳатто дар баъзе ҷойҳо то 73% ба Эрдуғон раъй доданд.

Натиҷаи интихобот ҳатто роҳбарони мухолифинро дар ҳайрат гузошт, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама, аҳолии минтақаҳои осебдида Эрдуғонро ҷонибдорӣ карданд?

Як тарафи дигари масъала, ин шумори зарурии овозҳоро нагирифтани номзадҳо буд. Ҳам Эрдуғон ва ҳам Қилиҷдлорӯғлу аз 50% кам раъй ба даст оварданд. Ҳарифи дигари онҳо ва номзади начандон бонуфуз ба курсии президентӣ Синон Уғон дар давраи аввали интихобот танҳо 5% раъйи мардумро ба даст овард. Вале Синон Уғон чанд рӯзе пеш аз ҷонибдоронаш хост, то ба Эрдуғон раъй диҳанд. Шояд овози ҷонибдорони Синон ҳалкунанда шаваад. Вале худи Эрдуғон аз хушбиниҳои ҷонибдоронаш, натиҷаи назарсанҷиҳои пешакӣ ва пуштибонии Синон мутмаин нест. Ӯ хитоб ба тарафдоронаш гуфт, ки “хушҳолиро як тараф гузореду, ба таври ҷиддӣ ба пои сандуқҳои раъйдиҳӣ биравед”.

Барои туркҳо ду интихоб вуҷуд дорад: ё Эрдуғонро бо он сиёсатҳои исломгароёнааш ва назарҳои мунтақидонааш нисбат ба Ғарб интихоб мекунанд, ва ё Қилиҷдлорӯғлуро бо мавқеи комилан баракси Эрдуғон. Дар ҳарду сурат, кадоме аз ин ду нафар  интихоботро бибарад, тағйироти муҳиме на танҳо дар Туркия, балки дар сатҳи минтақа ва Ховари миёна ба вуҷуд хоҳад омад. Аз ин лиҳоз, пирӯзии ҳар яке аз инҳо барои хеле аз кишварҳо муҳим аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

4 Comments

  1. Эрдугон махбуби дили хамаи мусулмонони руи олам аст.Дар дунё у сиесатмадори раками аввал аст.Иншоаллох сиёсати Эрдугон новобаста аз интихоботаш дар назди худованд ва мардуми олам хеле назаррас мемонад

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Коршиноси масоили молиявӣ-иқтисодӣ гуяд:

    Дар назар аст баъд аз пирӯзӣ Раҷаб Таййиб Эрдоған бо мақсади пурра аз байн бурдани таваррум (инфляция) пули миллии Туркия “лира”-ро аз эътибор соқит дониста, аз муомилот бозмедорад ва ба ҷойяш асъори нави миллиро ба муомилот мебарорад, баъзеҳо тахмин мезананд, ки воҳиди пули миллии Туркия “куруш” (ё “гуруш”), ки дар даврони империяи усмонӣ ҳамчун воҳиди ягонаи пули миллӣ давр мезад, ҷойгузини лира шавад.

  3. Амира гуфтаниюм, ки аввал раҳматои калон барои гузориши пурмӯҳтаво, бадан ба акаи Абдуғаффор гуфтаниюм ки номи пули Зимбабве доларай, барои як сатил гандум харидан ду сатил доллари Зимбабве даркорай. Проблема да Эрдуғонай на номи пул. Лира мегӣ доллар меги крурш меги суруш мегӣ фарқ надора.

    1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

      Туркия зимбабве нест, “лира” сад сол шуд, ки дар муомилот аст, яке аз ҳадафҳои эрдоған пок кардани саҳифаи рӯзгор аз осоре, ки марбут ба Ататурк аст, мебошад. Чӣ басо эрдоған ҳамчун узви аршади НАТО “евро”-и аврупоро дар кишвар пиёда кунад. Худо кунад, ки ваъдаҳои осмонбӯси эрдоған барои аз байн бурдани таваррум пӯч набошанд!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button