ВидеоТоҷикистон

ВАЗОРАТИ МУДОФИА АЗ СӮИ ҲАМХИДМАТОНАШ ЛАТТУКӮБ ШУДАНИ САРБОЗ АСЛИДДИН МАҶИДОВРО РАД КАРД (ВИДЕО)

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 25 майи соли 2023 бо нашри як изҳорот дар сомонааш  дар пайи таҳқиқи видеои дар Интернет нашршуда хабари гӯё аз ҷониби ҳамхидматонаш латтукӯб шудану ба бемористон афтодани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин Ҷалолиддиновичро беасос номида, рад кард.

 Рӯзи 24 май дар Фейсбук ҳамроҳ бо чанд аксу видео хабаре нашр шуд, ки гӯё Аслиддин Маҷидов дар пайи латтукӯб дар қисми ҳарбӣ дар бемористони “Шифобахш”, маъруф ба бемористони Қараболои шаҳри Душанбе бистарӣ карда шудааст. Ба гуфтаи муаллифон, Маҷидовро чунон задаанд, ки ба сутунмуҳрааш осеб расида ва дасту пояш аз кор мондааст.

Вазорати мудофиа дар бемористони “Шифобахш” бистарӣ шудани Аслиддин Маҷидовро тасдиқ кард, вале гут, сабаби бистарӣ шудани ӯ на латтукӯб аз ҷониби ҳамхидматон, балки бемории мушакҳост, ки номи тиббии ин беморӣ “Алоими Гийенна Барре” мебошад ва ба хизмати ҳарбӣ ягон алоқамандӣ надорад.

Бино ба иттилои вазорат, сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин, соли таваллудаш 05.11.2004, аввали моҳи апрели соли 2023 аз ноҳияи Рашт ба яке қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Мавсуф санаи 13.05.2023 худро нотоб ҳис намуда, ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ муроҷиат менамояд. Духтури нуқтаи тиббӣ ҳолати беморро ташхис карда, ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонад ва волидони сарбозро низ аз вазъи бемории фарзандашон дар ҷараён мегузорад.

Бино ба нақли маркази матбуоти вазорати мудофиа, волидони сарбоз санаи 14.05.2023 ҳангоми хабаргирии фарзандашон ҳолати ӯро мӯътадил дармеёбанд ва аз командири қисми низомӣ хоҳиш мекунанд, ки ба писарашон рухсатӣ диҳад. Вале, баъд аз чанд рӯзи ба рухсатӣ баромадан, вазъи саломатии сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин дар хона бад мегардад ва волидонаш ӯро санаи 17.05.2023 барои ташхису муойина ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Шифобахш» меоранд. Дар ин хусус масъулини қисми низомиро низ хабардор менамоянд. Вазорат бо такя ба сардори шӯъбаи асаби №1-и калонсолон Улмасов Темур-Малик ва духтури асабшиноси ҳамин шуъба Қосимова Дилафрӯз гуфт, зимни муойинаву ташхиси пурра муайян мегардад, ки сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин ба бемории «Алоими Гийенна Барре» мубтало гардидааст ва бемориаш ба хизмати ҳарбӣ ягон алоқамандӣ надорад.

Дилафрӯз Қосимова

Қосимова Дилафрӯз, ки ҷараёни табобати сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин таҳти назорати бевоситаи ӯ қарор дорад, оид ба ҳолати сарбози номбурда чунин изҳор доштааст: «Санаи 17.05.2023 Маҷидов Аслиддинро дар шӯъбаи асаби №1 бистарӣ намудем. Вақте мо бо ҳамроҳии мутахассисони соҳа тамоми бадани бемор сар, гардан, қафаси сина, миён ва тамоми ҷойҳои сутунмӯҳраи Маҷидов А-ро муоина карда, томографияи компютерӣ гузаронидем, дар бадани ӯ ягон осору нишонаҳои лату кӯб дида намешуд ва ташхис муайян кард, ки сарбоз Маҷидов Аслиддин гирифтори бемории «Алоими Гийенна Барре» мебошад. Ин беморӣ асосан ба вайрон гардидани иммунитет вобастагӣ дорад. Зеро, дар бадани инсон ҳазорҳо вирусҳои хобида мавҷуданд, ки ҳар шахс новобаста аз синну сол метавонад ҳангоми шамолхӯрӣ, истеъмоли меваи ношуста ва ё риоя накардани гигиенаи шахсӣ, ки ба тағйирёбии иммунитети ӯ таъсир мерасонад, мубталои чунин беморӣ гардад. Бемории «Алоими Гийенна Барре» ин бемории илтиҳобию сироятиву автоиммунӣ мебошад, ки дар натиҷаи худ ба демиелинизацияи торҳои асаби канорӣ оварда мерасонад».

Бино ба иттилои вазорат, айни ҳол, рафти муолиҷаи сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддин таҳти назорати табибони беморхонаи «Шифобахш» ва раёсати тиббӣ-ҳарбии вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Суҳбат бо худи Маҷидов Аслиддин ва наздиконаш ҳанӯз муяссар нашудааст.

Bазорати мудофиаи ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button