ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ЗАНИ МАРИЗ ДАР НОҲИЯИ АШТ БА БОЛОИ КӮҲ БАРОМАДА, ОНҶО ДАРМОНДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш дар давоми як шабонарӯзи гузаштаи 25 майи соли 2023 барои аз кӯҳ фаровардани як зани маризи равонӣ дар ноҳияи Ашт ва дар Душанбе барои аз лифт баровардани як кӯдаки панҷсола дар кӯчаи Айнии пойтахт ва кушодани дари хонаи як зани сокини кӯчаи А.Ғуломов кумак расондаанд.

Аз ҷумла рӯзи 25 май ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд сокинони ноҳияи Ашт занг зада, барои аз кӯҳ фаровардани як зани сокини деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғоз кумак хостаанд.

Ин зани 43-сола гирифтори бемории рӯҳӣ буда, рӯзи 23 май аз хона баромадааст ва дигар барнагаштааст. Маълум шуд, ки ӯ ба болои як кӯҳи воқеъ дар атрофи деҳаи Саро баромада, дигар мустақилона фаромада натавонистааст ва ҳамонҷо дармондааст.

Наҷотбахшон ва табибон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса омада, бо кумаки таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ба кӯҳ баромадаанд ва бо суханони нарм зани маризро ба фаромадан моил кардаанд. Сипас занро бо арғамчин баста, бо эҳтиёт ба поён фаровардаанд ва ба дасти хешовандонаш супурдаанд.

Шоми 25 май, соати 18:52, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як зани сокини бинои №55 кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе занг зада, хабар дод, ки писари панҷсолааш дар даруни лифт дармондааст. Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса рафта, дар муддати 15 дақиқа тавонистаанд дари лифтро бо кумаки таҷҳизоти гидравликии наҷотдиҳӣ дар ҳолати садамаҳо бикушоянд ва кӯдакро берун биоранд. Гуфта мешавад, ки кӯдак ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷ надошт.

Ҳамин тавр, як зани сокини бинои №17 аз кӯчаи Асадулло Ғуломов барои кушодани дари хонааш, ки қуфлаш ногаҳон аз кор баромада буд, кумак хостааст. Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса рафта, бо кумаки таҷҳизоти харротӣ дари хонаи ин занро бидуни ягон осеб кушода доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, чунин ҳолатҳо дар шаҳрҳо зиёд рух медиҳанд.

Ба ин далел, Кумита ба сокинон чанд тавсия додааст:

– қуфлҳоеро, ки худашон автоматӣ маҳкам мешаванд, истифода набаред, Шумо бояд ҳамеша имкони аз берун кушодани даратонро дошта бошед.

– кӯдакони хурдсолро дар хона танҳо нагузоред. Ҳатто агар фақат “барои як дақиқа” берун баромаданӣ бошед.

– пеш аз баромадан аз хона ҳатман тафтиш кунед, ки калид аз дарун дар қуфл намонда бошад.

– пеш аз берун баромадан, тафтиш кунед, ки таҷҳизоти барқиро хомӯш кардаед ё на?

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button