ВидеоҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ МОШИНИ РАҚАМАШ “КРУТОЙ”-И 99 99 БАРОИ “БУҚҚАГӢ” (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз боздошти боз як ронанда барои бадрафторӣ дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои милитсия, дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ронандаи мошини тамғаи «Тойота Кемрӣ», рақамҳои қайди давлатиаш 99 99 QZ 01, шаҳрванд Салимов Муҳаммад Собирҷонович, санаи таваллудаш 10.06.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Лермонтов дастгир карда шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда автомашинаи мазкурро муваққатан ба иҷора гирифта, санаи 25-уми майи соли 2023, тақрибан соати 11:30 ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе нисбат ба ронандаи воситаи нақлиёти мусофирбар дағалона рафтор намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Ҳамзамон ба ҳаракати ӯ монеа эҷод намуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, худсарона рақамҳои автомашинаи «таксиро» кушода гирифтааст. Ин ҳолат дар видеои дар Интернет нашршуда низ дида мешавад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Салимов Муҳаммад барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ тибқи талаботи моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳамзамон бо мақсади андешидани чораи дахлдори қонунӣ вобаста ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дар назди дигар шаҳрвандон паст задани шаъну шарафи ронандаи «таксӣ» нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Бино ба хабари дигари милитсияи Душанбе, дар асоси муроҷиати электронии як нафар зан, сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Ятимов Толибҷон Тавакалович, санаи таваллудаш 22.03.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Чиламазор дастгир карда шуд.
  Худи ронанда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия гуфт, зимни санҷиш муайян гардид, ки Ятимов Толибҷон, ки ҳамчун мусофир дар дохили воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ қарор дошт, бо зани муроҷиаткунанда, ки ӯ бо ронандаи воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ оид ба сар задани садамаи нақлиётӣ суҳбат дошт, муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ятимов Толибҷон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Баррасии муроҷиати электронии шаҳрванд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Номзади илмҳои бефоида гуяд:

    Падару модари ҷоҳилаш мегӯянд: ҷавонӣ кардааст, беақлӣ кардааст, баччаи ёш аст, ақлаш намегирад, фиреби ҷураҳояшро хурдаст, дар хона баччаи хуб аст, пашшаро озор намедиҳад!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button