ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

УСТОДИ САҲНАИ ТОҶИК САБОҲАТИ ҚОСИМ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Сабоҳат Қосимова (Сабоҳатхон Набиева), ҳунарманди шуҳратёри театри тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳамсари асосгузори театри “Аҳорун” зиндаёд Фаррухи Қосим ва хоҳари овозхони овозадор, вале ҷавонмарг Муқаддас Набиева, рӯзи 24 майи соли 2023 дар синни 72, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз солгарди 50-уми издивоҷаш бо Фаррухи Қосим аз олам чашм пӯшид.

Сабоҳат Қосимова 19 ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омада, соли 1973 шуъбаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1973—1989, 1999—2002 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ, аз соли 1990 ҳунарпешаи театри “Аҳорун”  ва чандин сол роҳбари бадеии ин театри номдор буд.

Сабоҳат Қосимова бо Фаррухи Қосим панҷ сол дар донишкада якҷо хондаву баъди супурдани ҳамаи имтиҳонҳои давлатӣ, 29 майи соли 1973 издивоҷ карданд. Фаррухи Қосим, ки номи худро бо театри “Аҳорун” ва намоишҳои дар ин театр ба саҳна гузоштааш нақши таърихи фарҳанги тоҷик кард, соли 2010, баъди бемории тӯлонӣ дар синни 62 вафот кард.

Аз беҳтарин нақшҳои офаридаи Сабоҳат Қосимова дар театри Лоҳутӣ метавон Адиба («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода), Шараф («Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар), Неля («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Мадлена («Тӯдаи риёкорон»-и М. Булгаков) ва ғайраро ном бурд.

Аммо ҳунари ӯ бавижа дар театри «Аҳорун» ҷилва кард. Сабоҳат Қосимова дар ин театр нақшҳои Зулайхо («Юсуфи гумгашта…»-и Ҷомӣ), Карделия («Шоҳ Лир»-и Шекспир), Ширинкор («Шоҳ Фаридун»-и Фирдавсӣ) ва  чандин нақши дигарро бо маҳорати баланд бозӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш иҷро кардааст.

Сабоҳат Қосимова дар ҳайати театри «Аҳорун» ба Эрон, Русия, Белгия, Полша, Голландия, Фаронса  ва чандин кишварҳои дигар сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Сабоҳат Қосимова барандаи ҷоизаи ҷашнвораи ҷаҳонии театрҳо дар Гурҷистон (1983), барандаи ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши зан» дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии «Наврӯз-90», «Тугайлик» дар шаҳри Уфа, «Даҳаи фаҷр» дар Эрон ва ҷашнвораи «Осиёи Миёна» дар шаҳри Антверпени Белгия буд.

Сабоҳат Қосимова ва Фаррухи Қосим

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button