ВидеоИқтисодКоррупсия

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКРО АЗ НОМИ “ГАЗПРОМ” БА МАБЛАҒИ МИЛЛИОНҲО СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААНД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25 майи соли 2023 дар як иттилоияи вижа аз ошкор шудани ҳолатҳои ба маблағи миллионҳо сомонӣ фиреб додани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи ширкати русии “Газпром” хабар дод. Додситонӣ гуфт, қаллобон дар бонки “Душанбе Сити” ҳисобҳо кушода, бо рекламаҳои бардурӯғ  ва ваъдаи фоизу фоидаи баланд аз номи ширкати “Газпром” шаҳрвандонро ба дом меафтонанд ва шаҳрвандон ба ин қаллобон бовар карда, пулҳоро худро ба ҳисобҳои бонкии ин қаллобон мегузаронанд ва дар ниҳоят зарар мебинанд.

Чунончӣ; 5 ноябри соли 2022 шаҳрванд Расгельдиев А.Р. бо истифода аз телефони мобилияш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардуруғ аз номи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Федератсияи Россия оиди ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст. Номбурда ба ин рекламаи бардуруғи қаллобон бовар карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи барномаи иҷтимоии “Телеграм”, аз моҳи ноябри соли 2022  то  моҳи январи соли 2023 дар маҷмӯъ 868500 сомониро ба ҳамёни бонкии “Душанбе Сити” ба рақами +992771112524, ки  ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Людмила ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст.  Дар натиҷа, шаҳрванд Расгельдиев А.Р. ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарарӣ моддӣ дидааст.

Инчунин, дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ ва тибқи маълумоти бонкӣ маълум гардид, ки танҳо дар давраи зикршуда ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2  млн. сомони маблағҳои гарон гузаронида шуда, дар гардиш қарор доштанд.  Додситонии кул 6 феврали соли 2023 вобаста ба ҳолати мазкур бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши  пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.   

Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии қаллобӣ, дар асоси амри прокурорӣ истифодабарии симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки “Душанбе Сити” ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд. 

Мисоли дигар ин, ки 9 феврали соли 2023 ба телефони мобилии шаҳрванд Собиров Ф.С. шахси номаълум занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Федератсияи Россия Абрамов Виктор муаррифӣ намуда, таклиф  намудааст, ки  барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда ба номи “Trading Platform” дар Интернет маълумотҳои шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро  намояд.

Шаҳрванд Собиров Ф.С. ба ин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт худро дар барномаи болозикр ба қайд гирифта, тибқи шартҳои пешниҳодгардида маълумотҳои шиносномавӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефонашро ба қайд гузошта, бо маслиҳати шахсони номаълум, ки гуё корманди ширкати номбурда мебошанд, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднамудаи қаллобон дар бонки “Душанбе Сити” ҷамъ ба маблағи 89 700 сомониро пардохт намудааст.

Шахсони номаълум, ки бо роҳи қаллобӣ маълумоти шахсии Собиров Ф.С.-ро ба даст овардаанд,  ӯ худ бехабар, ба номаш дар платформаи сармоягузории “Бинанс” дар Интернет ҳисоб кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи пулии  аз ӯ ба даст овардаро барои харидории криптовалютаҳо истифода бурда, ба Собиров ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.     

Додситонии кул 6 майи соли 2023 дар пайи с анҷиш бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон бо моддаи 247 қисми 4 банди“б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз рӯи тобеият  барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ ирсол намуд, ки алҳол тафтишот идома дорад.

Бо мақсади пешгирии содиршавии ин гуна ҷиноятҳои қаллобӣ Додситонии кул аз шаҳрвандон хостааст, ки ба чунин рекламаву барномаҳои бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, шарту талабҳои беасосу ғайриқонунии онҳоро оиди додани маълумотҳои шахсӣ, бақайдгирӣ дар ҳар гуна барномаҳои интернетӣ ва пардохти маблағҳои пулӣ иҷро накарда, аз афтоданба доми шахсони ҷиноятпеша ва қаллоб эҳтиёт кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button