ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ЯК НАВРАС ДАР ХОВАЛИНГ АЗ РАЪДУ БАРҚ ВА НОБУД ШУДАНИ 31 САР ЧОРВО ДАР ФАЙЗОБОД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 24 майи соли 2023 як сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг аз зарбаи раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Марҳум дар вақти боронҳои шадиду раъду барқ дар чарогоҳи кӯҳи машғули чорвочаронӣ будааст.

Бино ба гузориши дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда,  рӯзи 24 майи соли 2023, тахминан соати 17:00 дар қаламрави деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод замин лағжид дар натиҷаи ин офат 31 сар чорвои калон ҳалок гардид. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. 

Гуфта мешавад, бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар омадани селҳо ва ярч ба қайд гирифта шуд. Талафоти ҷонӣ нест. 

Чунончӣ, 24 майи соли 2023 сооати  14:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат ва резиши жола дар ҳудуди деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сел омад. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва зироати кишоварзӣ зери об монд.

Ҳамчунин дар ҳудуди шараки Ёвон, дар кӯчаҳои Одинаев, Каром Мирзоев ва Тағоймурод Хушвақтов сел ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд. 

Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ як гурӯҳи корӣ бо сарварии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса эъзом шуд. Корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел оғоз шуд. Ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

24 майи соли 2023 тахминан соати 17:00 дар ҳудуди деҳаи Шул ва Фурӯдгоҳи ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт  боронҳои шадид сабаби омадани сел шуд ва дар натиҷа 5 км роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи Сарипул-Навобод  баста шуд. Лою санг ба 250 метр роҳ зарар расонда , қитъаҳои замини сокинон ва зироатҳои кишварзиро зери об кард. 

Хадамоти зидди жолаи Кумита иттилоъ дод, ки шабонарӯзи гузашта бо воситаи 25 мушаки зиддижолаи навъи “Алазан” хатари бориши жола дар осмони ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Данғара бартараф карда шуд. 

Рӯзи 23 май дар дараи Ромит ва роҳи Нуробод Сангвор низ сел омада буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, обу ҳавои номусоид дар Тоҷикистон камаш то 27 май давом мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button