ҲАЛОКАТИ ЗАНИ 61-СОЛА ДАР СЕБИСТОН, ДУЗДИИ ПУЛУ АРАҚ АЗ ҚАҲВАХОНА ВА 2 ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 25.05.2023
Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи чаппа шудани воситаи нақлиёт

23-юми майи соли 2023, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Ҳайлюкс”, Ҷӯраев Элбек Сунатуллоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори чапи роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, Саидбобоева Гулнора Мирзобороновна, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Боздошт гардидани марди дузд

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 23 ба 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 03:30-дақиқа, бо тариқи шикастани дар ба яке аз қаҳвахонаҳо, ки ба зани 31-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад даромада, аз он ҷо 2-адад нӯшокиҳои спиртӣ ва 4 ҳазору 123 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 367 сомониро ташкил медиҳад.
Аа рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ду кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2022, ҳангоми дар ҶДММ бозори “Корвон” қарор доштанаш, марди 55-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 91 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки охирҳои моҳи октябри соли 2022, ҳангоми дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 3 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.