ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ДАЪВАТИ САФИРИ РУСИЯ БА ВАЗОРАТ ДАР РОБИТА БА ЛАТТУКӮБИ 100 ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА ИДОМАИ РЕЙДҲО БА ЗИДДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Аз ҷумла вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Дар урфи дипломатӣ маъмулан сафири як кишварро дар сурати хеле норозӣ будани тарафи мизбон аз амалҳои ин сафорат ё давлате, ки он намояндагӣ мекунад, ба вазорат даъват мекунанд.

Албатта, вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар иттилоияи расмиаш даъвати сафири Русияро ба вазорат танҳо “вохӯрӣ” номида, хабар додааст, ки “зимни мулоқот ба таваҷҷуҳи сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз маълумоти воридшуда дар бораи бо баҳонаҳои гуногун ба таври оммавӣ боздошт гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия расонида шуд. Ҳамзамон зарурати вокуниши якҷоя ба мушкилоти ҷойдошта ва пайдошаванда дар самти муҳоҷират ва аҳамияти андешидани амалҳои ҳамоҳангшуда дар таҳияи тадбирҳои имконпазири муштарак қайд карда шуд”.

Dаъвати Григорев ба ВКХ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзудааст, ки “дар рафти мулоқот инчунин ҳодисаи субҳи 19 май дар хобгоҳи № 3-и Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии “Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур”-и минтақаи Хабаровски Федератсияи Россия бавуқуъомада, ки зимни он зиёда аз сад донишҷӯи тоҷики муассили донишгоҳи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия мавриди бозпурсӣ ва муносибати бераҳмона қарор дода шуданд, муфассал баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон низ рӯзи 24 май хабар дод, ки раҳбари ин идора Умед Бобозода ба ҳодисаи латту кӯби донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби Амури Русия фавран вокуниш нишон дода, ба ҳамкори русаш Татяна Москалкова дархост ирсол намуд.

Дар муроҷиати Омбудсмани тоҷик ба ҳамтои русаш, аз ҷумла омадааст: «Аз иттилои воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо маълум гардид, ки субҳи барвақти 19 майи имсол кормандони Отряди милитсияи таъйиноти махсус (ОМОН) дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии амният (ФСБ) ба хобгоҳи донишҷӯён омада, дурбинҳои назоратиро хомӯш намуда, донишҷӯёнро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накардаанд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Дар натиҷаи лату кӯби бераҳмона якчанд донишҷӯи тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштаанд, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд».

Бобозода ва Москалкова

Умед Бобозода аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова тақозо кардааст, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои даст ба амали ғайриқонунӣ задани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Комсомолски лаби Амур нисбат ба донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи ин шаҳр дахолат намояд ва ба тафтиши холисонаи ҳодисаи мазкур мусоидат намояд.

 Маъмурияти Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур сабаби рейди субҳи 19 майи ОМОН дар хобгоҳи ин донишгоҳро ҷустуҷӯи донишҷӯи тоҷике номид, ки гӯё ба кадом созмони террористӣ пул гузаронда бошад. Вале зоҳиран ин танҳо як баҳонаи бофта барои анҷоми ин рейд буд, зеро маъмурияти донишгоҳ эътироф кард, ки ин фарзияи пулгузаронӣ тасдиқ нашуд.

Ва аммо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи шаҳри Комсомолск шикоят доранд, ки нирӯҳои ОМОН ва ФСБ дар хобгоҳ танҳо донишҷӯёни тоҷикро “шикор” мекарданд ва онҳоро шадидан латтукӯб карда, сипас дар роҳрав қатор карданд ва танҳо баъди ин аз онҳо ҳуҷҷат пурсиданд.

Ҳамин тавр, муҳоҷирони тоҷик аз шаҳраки Котелники дар канори шаҳри Маскав шикоят доранд, ки чанд рӯз боз дар ин шаҳрак рейди ОМОН идома дорад ва то имрӯз ҳудуди 400 тоҷикро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки гӯё як гуруҳи сокинони Котелники ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳузури, ба ақидаи онҳо, беш аз ҳадди тоҷикҳо дар ин шаҳрак шикоят кардаанд ва маҳз баъди ҳамин шикоят нирӯҳои пулис ва ОМОН болои сари тоҷикҳо дар Котелники фурӯ рехтаанд. Тоҷикҳои муқими Котелники, ҳатто онҳое ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доранд, мегӯянд, аз тарси таъқиб аз хонаҳояшон берун намебароянд ва ҳамаи ошхонаҳои марбут ба тоҷикон, аз ҷусмла “Амина”, “Дидор” ва “Роҳат” баста шудаанд.

Бархе нозирони умур тахмин мезананд, ки ин мавҷи нави таъқиботу фишор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонад ба натиҷаҳои нишасти якуми сарони Хитой ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан рабт дошта бошад, ки Хитой дар он нишаст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ваъдаи қариб 50 миллиард доллар сармоягузорӣ дода, амалан худро ба ин давлатҳо ҳатто аз Русия ҳам наздиктар сохт. Зоҳиран Русия, ки ба сабаби дар ботлоқи ҷанги Украина дармонданаш хеле заиф шудааст ва дигар тавони гирифтани пеши роҳи тавсиаталабии Хитойро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад, барои  фишор расондан ба ҳукуматҳои ин минтақа, ки онро “ҳавлии дарунии худ” ва қаламрави нуфузи таърихиаш мешумурд, аз ягона василаи фишори дар дасташ боқимонда, яъне қартаи муҳоҷирони корӣ истифода мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Дилсӯзи миллати ҷафокашида тоҷик гуяд:

    Россия ҳамеша ба наздиктарин ҳамсояҳо ва “союзник”-ҳояш зарба мезанад, ҷуръати ҳамла ё зарба ба ягон кишвари НАТО-ро надорад. Хушбахтона, “артиш”-и россия дар хоки Украина “сабӯсак” шуд. Ахиран хадамоти разведкаи Украина кашф кард, ки россия сарбозонашро дар қабристонҳои дастаҷамъии кушташудагони Украина (братские могилы) дафн кардааст, яъне камтарин эҳтиром на ба сарбози зинда ва на ба сарбози мурдаи худро дорад, вагарна сарбозони кушташудаашро ба хонаводаҳояш месупорид. Аз россия эҳтироми шаҳрвандонатонро интизор надошта бошед, ҳарчӣ зудтар россияро тарк кунед, оянда чӣ басо дипломаш ҳам ба кор наояд!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button