ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

“ЗУЛМУ ИСТИБДОД ДАР РУСИЯ ДЕР ДАВОМ НАМЕКУНАД!” ҲОМИИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН БАҲРОМ ҲАМРОЕВ БА 14 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Рӯзи 23 майи соли 2023 додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Русия ҳомии ҳуқуқ, раҳбари созмони “Ёрдам” ва узви маркази “Мемориал” Баҳром Мирзоевро бар асоси қисми дуюми моддаи 205.2 ва қисми дуюми моддаи 205.5 Кодекси ҷиноятии Русия дар сафед кардану таблиғи терроризм ва иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ  гунаҳкор шинохт ва ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Тафтишот иддао дорад, ки ин ҳомии ҳуқуқи зодаи Бухоро аз соли 2011 нафақат узви Ҳизби таҳрир, балки яке аз роҳбарони он дар Русия буд. Ҳизби таҳрир дар Русия созмони террористӣ эълон шудааст.

Бар асоси қарори додгоҳ,  Баҳром Ҳамроев 3 соли аввали ҳукмашро дар зиндони пӯшида адо карда, 9 солу 9 моҳи боқимондаашро дар маҳбаси ниҳомаш сахт сипарӣ хоҳад кард. Аз 14 сол ҳукми ӯ як солу се моҳе, ки дар СИЗО қарор дошт, кам карда шудааст.

Маркази ҳомии ҳуқуқи “Мемориал”, ки фаъолияташ дар Русия расман қатъ карда  шудааст, дар як изҳорот дар каналаш дар Телеграм гуфт, Баҳром Ҳамроевро маҳбуси сиёсӣ мешуморад.

Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Баҳром Ҳамроев 21 сол ҳукми зиндон талаб карда буд.

Зӯҳро Ҳамроева, ҳамсари Баҳром Ҳамроев, бо нашри чанд акс аз толори додгоҳ дар Фейсбук хабар дод, ки ӯ дар сухани охиринаш бори дигар иттиҳомоти эълоншударо рад кард ва гуфт, азбаски аз мақомоти Русия барои поймол кардани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ва қирғиз интиқод мекард, мақомот дар пайи ниқорҷӯӣ шуданд.

 “Ман минбаъд ҳам, вобаста ба имконотам ҳатто дар зиндон, аз нафарони муҳтоҷи ҳимоят дифоъ хоҳам кард”,  – изҳор доштааст ин ҳомии ҳуқуқ. Ҳамроев афзудааст, ки дар вақташ орзу дошт, ки дар Ӯзбекистон диктатураи Ислом Каримов сарнагун шавад, вале “Русия имрӯз, мутаассифона, диктатураи Каримовро ба як нӯл зад ва бо таъқиботаш ба соли 1937 ва ҳатто аз он бадтар баргаштааст”. Вале Баҳром Ҳамроев гуфт, мутмаин аст, ки “ин беҳуқуқии мудҳиши ҳоким дар Русия дер давом намекунад ва ҳамаи маҳбусони сиёсии бегуноҳ озод ва сафед карда хоҳанд шуд”.

Дар аксҳои аз додгоҳ нашршуда дида мешавад, ки Баҳром Ҳамроев ҳатто дар дохили панҷараи додгоҳ ҳам чанд шиори бо даст дар варақ навишташударо бардоштааст ва пулисҳои посбон аз пушти шиша кӯшиш мекунанд, ки рӯи ин шиорҳоро бо дастонашон бипӯшонанд, то касе набинад.

Баҳром Ҳамроев зодаи Бухоро буда, узви “Мемориал” ва раҳбари бунёди пуштибонии ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирон “Ёрдам” буд. Ӯ моҳи феврали соли 2022 ба ҳабс гирифта шуд.

Мақомоти амниятии Русия ӯро аввал ба таблиғи фаъолияти Ҳизби таҳрир, ки дар Русия созмони террористӣ эълон шудааст, айбдор мекарданд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки ӯ дар Фейсбук 6 матлаби марбут ба Ҳизби таҳрир, аз ҷумла ду матлаб ба забони ӯзбекӣ ва видеои канали арабии “Ал-Вақия ТВ” –ро бо дубляжаш ба забони ӯзбекӣ бознашр кардааст.

Моҳи октябри соли 2022, ҳангоми тамдиди замони ҳабсаш дар додгоҳи ноҳияи Мешанскийи шаҳри Маскав, тафтишот эълон кард, ки Баҳром Ҳамроев аз соли 2011 ба узвияти Ҳизби таҳрир пайваста, нафақат як узви оддии ин созмон, балки яке аз роҳбарони шуъбаи он дар Русия буд.

Ҳомии ҳуқуқро ҳамчунин ба он айбдор карданд, ки дар як брошюра ё китобча бо номи “О преследовании уроженцев Средней Азии по политическим и религиозным мотивам на постсоветском пространстве в 2015–2018 гг.” (“Дар бораи таъқиботи зодагони Осиёи Миёна дар паҳнои Шӯравии собиқ дар солҳои 2015–2018”) “фаъолияти аъзои созмонҳои террористиро мусбат инъикос карда, дар бораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Ӯзбекистону Тоҷикистон “маълумоти бардурӯғ паҳн кардааст”.

Баҳром Ҳамроевро ҳамчунин ба он айбдор мекарданд, ки ҳамроҳ бо Тозир Минибоев ном нафари длар Украина қарордошта роҳҳои ба хориҷ фиристодани талабгорони пайвастан ба саффи созмонҳои ҷангҷӯи ифротиро маслиҳат карда,  аз соли 2011 то замони боздошташ талош мекард, то қазияҳои аъзои боздоштшудаи Ҳизби таҳрир ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон бикашонад.

Ҳамчунин Баҳром Ҳамроев, бино ба иддаои тафтишот, дар хонааш дар Маскав Давлатов, Ҷалолов ва Далабоевро ҷой дода, барои пешгирӣ аз истирдоди онҳо ба Ӯзбекистон ва дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ барои онҳо кӯшиш ба харҷ додааст. ФСБ мегӯяд, ки онҳо аъзои ДОИШ ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буданд.

Ҳамин тавр, бино ба иддаои ФСБ, соли 2020 Ҳамроев ва бунёди “Ёрдам” аз мақомоти Олмон барои Тоҳир Аҷигиреев мақоми паноҳандагӣ хоста, аз Шветсия хостаанд, ки Ибниямин Иброҳимров ба мақомоти Ӯзбекистон насупоранд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин ду нафар бо созмонҳои террористӣ иртибот доштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button