ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 ТОҶИК БАР АСАРИ ТАРКИШИ БАЛОНИ КИСЛОРОД ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Нимаи дуюми рӯзи 23 майи соли 2023 бар асари таркиши балони кислород ҳангоми кафшеркунӣ (сварка) дар минтақаи Соржа-Старая дар ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия се зодаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Губернатор ё волии вилояти Ленинград Александр Дрозденко  дар Телеграм-каналаш бо нашри як  видео аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки “ба иллати вайрон кардани технологияи истеҳсолот ва техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои кафшеркунӣ дар корхонаи ҶДММ “ДИДАЛ СК”  дар понтони баҳрие, ки бояд тармим мешуд, таркиш ба вуқӯъ пайваст. Се нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд, ба ду маҷруҳ дар бемористони Всеволожский ёрии тиббӣ расонда мешавад”, – хабар дод Дрозденко.

Ширкати “Дидал СК” ба анҷоми корҳои заминшикофӣ дар зери баҳр машғул буда, дар Соржа- Старая техникаи худ, аз ҷумла понтонҳоро тармим мекунад. Аммо намояндаи ин ширкат фарзияи таркидани понтонро рад карда гуфтааст, понтон дар асл шабеҳи як қуттии холии бузург аст, ки таркида наметавонад.

Маҳалли ҳодиса Соржа-Старая  тақрибан дар 15-километрии шарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи маҳаллии 47news.ru  рӯзи 24 май хабар дод, ки дар Соржа-Старая на понтон, балки балони кислород таркида, ҳамаи қурбониёни таркиш дар канори Петербург зодагони Тоҷикистон будаанд. Ин нашрия исми ду тан аз ҳалокшудагон ва яке аз захмиёнро муайян ва нашр кардааст.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, бар асари ин Бахтиёр Назаралиеви 37-сола ва Абдулло Чориеви 50-сола ҷон додаанд. Ҷасади ҳалокшудаи сеюмро ҳанӯз берун наовардаанд ва шахсияташро низ пурра муайян накардаанд. Вазъи Эрмат Юлдошеви 51-сола, ки дар бемористон қарор дорад, вазнин арзёбӣ мешавад. Шахсияти захмии дуюмро низ пурра муайян накардаанд.

47news.ru менависад, ки Бахтиёр Назаралиев зодаи ноҳияи Панҷ дар ҷануби Тоҷикистон буд, ки беш аз 10 сол боз дар Санкт-Петербург кору зиндагӣ мекард ва шаҳрванди Русия шуда буд. Бахтиёр кафшергар буд, вале пештар ҳаммолӣ, ё грузчикӣ ҳам мекард.

Абдулло Чориев кафшергар буд ва солҳои тӯлонӣ дар шимолу ғарби Русия, аз ҷумла қаблан дар ноҳияи Бокситогорски вилояти Ленинград кору зиндагӣ мекард.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button