ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТАВОФУҚИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАВРИДИ ДАСТ КАШИДАН АЗ ИСТИФОДАИ ДРОНҲО ДАР МАРЗИ ДУ КИШВАР (5 АКС)

Рӯзи 24 майи соли 2023 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар гузаргоҳи Гулистон, воқеъ дар марзи Исфара бо Бодканд мулоқоти раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев доир шуд. Дар ин мулоқот раисони ноҳияҳои марзии ду кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок доштанд.

Бино ба иттилои дафтари намояндагии президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд,  ду ҷониб дар ҷараёни музокирот масоили марбут ба ҳифзи субот дар марз, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз паҳн шудани иттилооти бардурӯғро баррасӣ карда, ҷиҳати истифода набурдани ҳавопаймоҳои бесарнишин ё дронҳо дар минтақаҳои марзӣ тавофуқ кардаанд.

Ҷонибҳо ҳамин тавр, ба хулосае расидаанд, ки намояндагони деҳаҳои воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи истифодаи об барои обёрии заминҳоро мустақилона худашон бо роҳҳои мусолиматомез ҳаллу фасл кунанд.

Тафсилоти дигари тавофуқоти бадастомада нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳонаи моҳи сентябри солми 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон бори аввал аз ҳавопаймоҳои бесарнишини тамғаи “Байрақдор”, ки аз Туркия харида буд, истифода бурд. Дар натиҷаи ҳамлаи дронҳо ба як мактаб ва масҷид дар ҷамоати Овчӣ –Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ паноҳ бурда буданд, 18 нафар кушта шуданд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар ду соли охири 2021-2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 240 нафар  кушта шуда, ҳудуди 750 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар инак ду сол боз расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро танҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод. Инки таҳдиди коронавирус аз байн рафт, вале Қирғизистон марзҳояшро то ҳол накушод, низ далолат ба он мекунад, ки решаи мушкил на дар пандемия, балки дар мушкили марзист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button