ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

“ХОНАИ ОЗОДӢ” ТОҶИКИСТОНРО “РЕЖИМИ МУТЛАҚО ХУДКОМА” НОМИД

Тоҷикистон дар гузориши солонаи созмони “Хонаи Озодӣ” (Freedom House), ки рӯзи 24 майи соли 2023 бо номи “Кишварҳои дар ҳоли гузор 2023. Ҷанг шикофи минтақаиро амиқтар кард” нашр шуд,  дар байни кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Шӯравии собиқ аз лиҳози сатҳи расидан ба низоми демократӣ  бо ҳамагӣ 1,04  имтиёз аз 7 имтиёзи мумкин танҳо аз Туркманистон, ки ҳамагӣ 1 имтиёз гирифтааст, боло гузошта шуда, вале дар умум дар баробари Туркманистону Беларусу Русия имсол бори аввал  “режими мутлақо худкома” ном гирифтааст.

“Хонаи Озодӣ” дар гузоришаш дар баробари ҷанги бемаънии Русия ба зидди Украина ва оқибатҳои марбут ба он саркӯби хунини эътирозҳо дар моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, моҳи майи соли гузашта дар  вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва моҳи июли ҳамон сол  дар ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистони Ӯзбекистонро аз намунаҳои бадтарини поймол кардани ҳуқуқи инсон дар қаламрави АвроОсиё номид ва гуфт, ин ҳодисаҳо набояд фаромӯш шаванд ва ҳукуматҳои демократӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва расонаҳо бояд  аз давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқи мунсифонаи ин ҳаводисро тақозо кунанд.

Ба ақидаи муаллифон, таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ, буҳрони таърихии муҳоҷират ва ба ҳам зада шудани иқтисод, ки ҳосили ишғолгариҳои доманадори Маскав дар хоки Украина аст, боиси ин шикоф дар минтақа шудааст ва ба сурати умум,  “ишғоли Украина аз ҷониби Маскав фарқи миёни давлатҳои худкома ва демократиро дар паҳнои иборат аз Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ бузургтар кард”.

 “Аъмоли Кремл дар Украина азимтарин чолиш барои сулҳ, озодӣ ва демократия дар Аврупо аз замони хатми ҷанги сард гардид,” – гуфтааст президенти “Хонаи Озодӣ” Майкл Абрамович. Ба ақидаи ӯ, “ҳоло кишварҳои демократӣ дар Аврупо ва саросари ҷаҳон бояд аз гузашта бештар ҳамгироиву пуштибонии худро ба намоиш гузоранд.”

Муаллифон мегӯянд, Тоҷикистон ҳамроҳи Русия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои “пешгирӣ аз сабқати сиёсӣ ва гуногунандешӣ бо саркӯби ҳуқуқи бунёдӣ” ба гурӯҳи “режимҳои комилан худкома” дохил шудааст.

Дар гузориш омадааст, соли 2022 “дар Тоҷикистон ва Узбекистон талошҳои ҳукумат ба тамаркузи қудрат дар минтақаҳои мухтори Бадахшон ва Қароқалпоқистон боиси сар задани эътирозҳо шуд”. Ба қавли муаллифон, “раҳбарони худкома дар талоши назорати пурра ба қаламравҳояшон буданд ва пешвоҳоеро, ки ба шабакаи ҳомию муштарии созмондодаи режим пурра мутобиқат намекунанд, таҳаммул надоранд”. Дар гузориш омадааст, ВМКБ, ки “ватани помириҳо ва як ҷомеаи нисбатан пешрафтаву фаъоли маданӣ мебошад, дастикам  аз соли 2012 ба ин сӯ ҳадафи саркӯбҳои ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.”

“Хонаи Озодӣ” ҳисоб кардааст, ки соли 2022 аз даҳ кишваре, ки ба саркӯбҳо даст задаанд, панҷтоаш – Тоҷикистон, Беларус, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар АвруОсиё ҷойгир шудаанд. “Хонаи озодӣ” аз ҳукуматҳои демократӣ тақозо кардааст, ки бо истифода аз нуфузи худ дар Интерпол “имкониятҳои аъзои саркӯбгари пулиси байналмилалиро барои саркӯби дигарандешон дар хориҷа маҳдуд кунанд”.

“Барои ин ки гунаҳкорон беҷазо намонанд, ҳукуматҳои демократӣ бояд дар доираи як стратегияи фарогири масъулиятшиносӣ барои поймолкунандаҳои ҳуқуқи инсон ва мақомоти фасодзада таҳримҳои ҳадафмандонаро ба кор баранд,” – гуфта мешавад дар гузориши “Хонаи Озодӣ. Яке аз талабҳои дигаре, ки муҳаққиқони ҳуқуқи башар пеш гузоштаанд, ин тақозои “билофосила ва беқайду шарт аз зиндон озод шудани маҳбусони сиёсӣ” мебошад. Ба бовари муаллифони “Хонаи Озодӣ”, ҳукуматҳои демократӣ бояд дар кори ҳаррӯзаи худ ва бисёр фаъолона қазияҳои зиндониёни сиёсӣ ва дигар мушкилоти ҳуқуқи башарро ёдовар шаванд.

Дар миёни машварат ё роҳҳое, ки муаллифони гузориш барои ислоҳи вазъ пешниҳод мекунанд, ин “истифодаи таҳрим ва абзори дипломатӣ” аст, ки ба қавли онҳо, “омилонро ҷавобгар хоҳанд кард”. “Мақомоти дастдошта дар саркӯбҳои фаромиллӣ бояд ба муҷозот, аз ҷумла, манъи визаву бастани дороиҳо… то гирифтани мақоми шахси номатлуб (персона нон грата) рӯбарӯ карда шаванд ва билофосила ихроҷ гарданд”, — машварат додаанд ҳомиёни ҳуқуқ.

Бар пояи тарҷумаи Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button