ВидеоИқтисодТоҷикистон

ДАР ТУРСУНЗОДА КОРХОНАИ ҶАМЪУ ВАСЛИ МОШИНҲОИ ҲАРБӢ БА КОР ДАРОМАД (4 АКС)

24 майи соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писари калониаш, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар  шаҳри Турсунзода  корхонаи мошинсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сипар гурӯҳ”- ро ба истифода доданд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, корхонаи “Сипар гурӯҳ” дар доираи «Солҳои рушди саноат», 2022 – 2026 ва татбиқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданист. Дар ин корхона, бино ба иттилои расмӣ, 100 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Дар бораи соҳибони корхона маълумот дода нашудааст, танҳо гуфта шудааст, ки он “дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст” ва дар ин корхонаи навбунёд дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст, ки оянда ин нишондод бояд афзоиш дода шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ асосан аз ширкати «STREIT GROUP» -и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад.

Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт буда, оянда ин рақам ҳам бо назардошти талабот метавонад афзоиш дода шавад.

Дар ҷараёни маросими ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо раванди истеҳсолот ва санҷиши техникии аввалин мошинҳои дар ин корхона омодашуда шинос шудаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки маҳсулоти ин корхона бар асоси баҳодиҳии мутахассисони соҳа ҷавобгӯи талаботу меъёрҳои ҷаҳонии мошинсозӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, вале “ҳамчунин оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст”.

Ифтитоҳи ҶДММ «Сипар гурӯҳ» дар шаҳри Турсунзода  24.05.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Лоиҳакаши таҳримоти зиддиэмомалӣ гуяд:

    Ба чашми миллат хок мепошанд!
    Ин “корхона” мисли “корхонаҳо”-и дигар фақат чанд лаҳза дар назди дурбинҳои телевизион ба кор шурӯъ мекунанд, баъдан ба таътили бемӯҳлат мераванду бинои “корхона” ба анбори ангур, пиёз, картошка ё қум, намак ва ангишт табдил меёбанд. Барои заъифтарин артиши дунё корхонаи мошинҳои ҳарбӣ чӣ лозим? Амрико мошинҳои ҳарбиро аз “толибон” ба Тоҷикистон тақдим кард, ҳамин бас аст! Ё эмомалӣ (дӯсти путин) бо ифтитоҳи ин корхона нишон медиҳад, ки “чип”-ҳои зиёде, ки аз хориҷа “заказ” кардааст, барои ҳамин корхона аст, на барои путин! Вторичные санкции готовы!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button