ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

“БЕАҚЛӢ КАРДА, ГИРИФТАМ…” ДАР ИСФАРА ЯК ЗАН ДАР НАВБАТИ БОНК 5 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ЯК ПИРАЗАНРО ДУЗДИДААСТ (ВИДЕО)

Санаи 10 майи соли 2023, як зан аз ҷузвдони зани солхӯрдае, ки дар шуъбаи “Амонатбонк” дар Исфара барои гирифтани пули нафақааш навбат мепоид, 5 ҳазор доллар пули нақдро дуздидааст.

Тавре ки Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд шоми 21 майи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ин ҳодиса субҳи 10 май, соати 09:40 вақте рух дод, ки сокини ҷамоати Чоркӯҳ Соҷида Қаландарова субҳи 10 май 5 ҳазор доллареро, ки фарзандонаш аз Русия фиристода буданд, аз хазинаи бонк гирифта, сипас барои гирифтани пули нафақаи худаш навбат истодааст.

Акбар Шарифӣ гуфт, дар натиҷаи эҳтиёт накардан ин зан маблағи бузургро аз даст дод, вале ба кормандони милитсия муяссар шуд, ки хеле зуд ин ҷиноятро ошкор ва дуздро дастгир кунанд ва пулҳои дуздидашударо ба соҳибаш баргардонанд.

Бо иттиҳоми дуздидани ин 5 ҳазор доллар зани 33-солаи сокини ҷамоати Навгилем дастгир шудааст.  Милитсия гуфт, ки ӯ бо истифода аз танбашавии издиҳом дар навбати бонк ва бепарвоии ҷабрдида ин маблағи бузургро рабудааст.

Худи ин зан мегӯяд: “Ба “Амонатбонк” барои гирифтани нафақаи кӯдаконам рафта будам. Дар навбат истодам будам. Одам бисёр буд. Дар сумкаи ҳамон зан пулро намоён дидаму беақлӣ карда гирифтам…”

Акбар Шарифӣ гуфт, аз наворҳои видеокамераҳои назоратӣ бармеояд, ки танбашавӣ дар навбат барои дуздӣ замина гузошта, аз ҷониби дигар, кор нагирифтан аз чораҳои эҳтиётӣ имкон фароҳам овардааст, то ки ин зани гумонбаршаванда ба мақсади худ, яъне дуздӣ ноил шавад. Ин зан дар баёноташ гуфтааст, ки дидани маблағи бузурги асъори хориҷӣ ва шароити қулай барои дуздӣ майли каҷрафториро дар замири ӯ бедор кардааст.

Шахсияти дуздро бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ зуд ошкор карда ва алакай давоми рӯзи 10 май ӯро пайдо ва дастгир кардаанд. Вале ӯ дар байни ин чанд соат алакай 200 доллар аз пулҳои дуздидаашро иваз карда ва барои эҳтиёҷоти худ сарф карда буд.

Баъди дастгир шуданаш ин зан ҳамаи зарари расондаашро барқарор карда ва 5 ҳазор долларро пурра ба соҳибаш баргардондаанд.

Дар ҳоли ҳозир ба сабаби дар тарбияташ қарор доштани тифлони ноболиғ ин занро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ шартан озод кардаанд.  Вале ба зидди сокини ҷамоати Навгилем бар асоси моддаи 244 бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ваё чандин соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button