Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОҲЗАН БО ЛАҚАБИ “ФАТ” БАРОИ ҲАМЛА БА ХОНАИ ЯК ЗАН ВА ҒОРАТИ 1,7 МЛН РУБЛ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 25.05.2023

Боздошт гардидани марди қаблан судшуда бо ҷурми роҳзанӣ

14

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо тахаллуси “Фат”, ки пеш бо моддаҳои 244, 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2002-2013 дар Федератсияи Россия бо моддаҳои 162, 228, Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (роҳзанӣ, ва маводи мухаддир) суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми ноябри соли 1999, тахминан соати 17:30-дақиқа, бо дигар аъзоёни ҷинояткоронаи ғайриқонунии марди 46-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуда, бо мақсади роҳзанӣ ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, бо таҳдиди зӯроварӣ аз онҷо 1-адад «видеомагнитофон», 1-адад куртаи чармин, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 1-адад дарзмоли тамғаи «Финикс»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 миллиону 710 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо модаи 249 кисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобии марди 36-сола

12

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Кулоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи ноябри 2022, дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи сокини ноҳияи Муъминобод даромада, аз у 1-адад автомашинаи тамғаи «Нисан Алмера»-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 49 ҳазор сомониашро дода боқимондаашро ваъда додааст, ки то моҳи апрели соли 2023 бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button