ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛУ ОБХЕЗӢ ДАР РОМИТУ НУРОБОД: ОБУ ҲАВОИ БАД КАМАШ ТО 26 МАЙ БОҚӢ МЕМОНАД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 23 майи соли 2023 дар пайи боришоти шадид дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ сел омадааст.

Аз ҷумла шоми 23 май, соати 19:48 боришоти шадид боиси фурӯ рехтани сел дар ҳудуди деҳаи Варваи ҷамоати Ромит дар канори шаҳри Ваҳдат шуд. Дар инҷо лойқа се манзилро зер карда, ба 10 ҳавлию боғи сокинон қисман зарар расондааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ваҳдат кор карда истодааст ва барои расондани кумак кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда низ ба ҷои ҳодиса рафта, бо худ барои сокинони аз сер зарардида аз ҳисоби захираҳои кумитаи ҳамчун кумак молҳои хоҷагиву гигиенӣ бурдаанд.

Ҳамчунин шоми 23 май, соати 20:30 селу лойқа километрҳои 5-8 ва 9-уми роҳи Нуробод – Сангворро зер кард. Барои рафъи оқибатҳои сел дар ин ҷо кормандон ва техникаи махсуси вазорати нақлиёт сафарбар гардидааст.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, дар ин офатҳои табиӣ касе осеб надидааст.

Кумита хотиррасон кард, ки хатари фурӯ реӯтани селу тармаву ярч ва боло рафтани сатҳи оби дарёву каналҳо ва обанборҳо дар Тоҷикистон камаш то 26 май баланд боқӣ мемонад. Ба ин далел, аз ҳама хоста шудааст, ки эҳтиёт кунанд!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ахиран бо такя ба  маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки рӯзҳои 24-25-уми майи соли 2023 бар асари боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, боло меравад. Эҳтимоли омадани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳ, ба истиснои шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд гуфта мешавад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хост, ки дар чунин рӯзҳои хатарзо ба соҳили махзанҳои об нараванд, ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.  Ҳамчунин Кумита аз сокинон хост, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт намоянд, аз рафтан барои ҷамъоварии забӯруғҳо, алафҳои дорувор, ҳезум, ва рафтан ба моҳидорӣ ва шикор низ худдорӣ кунанд. Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хостааст, ки сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то ки аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button