ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ШАҲРИСТОН, ҚАЛЛОБӢ БО ВАЪДАИ 2 МОШИН АЗ ДУБАЙ ВА ГОВДУЗДИИ 3 НОБОЛИҒ ДАР ДАНҒАРА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 23.05.2023

Ба ҳалокат расидани ронандаи мошини сабукрав дар натиҷаи бархурд бо автомашинаи боркаш

32

Шоми 21-уми майи соли 2023, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Королла», Зокиров Ҳикматулло Яқубович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили харакат баромада, ба мошини боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Усмонов Шараф Мамадҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Королла», ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Инчунин, мусофирони мошини мазкур, Исоева Гулнора Икромовна, соли таваллудаш 1984 ва хурдсол Зокиров Абдулло Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 2018, сокинони шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми қаллобӣ

21

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 28-солаи сокини шаҳри Бохтар, ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2022, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” 2010 соли бароришаш оварда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, номбурда моҳи декабри соли 2022, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 80 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла” 2012 соли бароришаш оварда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 16-уми октябри соли 2023, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 153 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 2-ҳафта маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонида ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ба даст афтодани се говдузди ноболиғ

19

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 20 ба 21-уми майи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди манзили истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 17, 14 ва 13-сола, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button