ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЛАТТУКӮБИ БЕШ АЗ 100 ДОНИШҶӮИ ТОҶИК АЗ СӮИ МАҚОМОТИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Як гурӯҳи донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амур дар кишвари Хабаровски минтақаи Шарқи дури Русия  ба Радиои Озодӣ шикоят кардаанд, ки беш аз сад нафари онҳо аз ҷониби мақомоти амниятиву ҳифзи ҳуқуқи Русия бераҳмона латукӯб ва шиканҷа шудаанд. Донишҷӯён мегӯянд, ҳарчанд дар хобгоҳи донишгоҳ толибилмон аз кишварҳои дигар низ ба сар мебаранд, вале ҳадафи рейди субҳи 19 май фақат донишҷӯёни тоҷик буд.

Аз ин қабл дар бораи рейди мақомоти Русия ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав ва дар шаҳрҳои дигар хабарҳо ба даст расида буд.

Бархе нозирони умур тахмин мезананд, ки ин мавҷи нави таъқиботу фишор метавонад ба натиҷаҳои нишасти якуми сарони Хитой ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан рабт дошта бошад, ки Хитой дар он нишаст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ваъдаи қариб 50 миллиард доллар сармоягузорӣ дода, амалан худро ба ин давлатҳо ҳатто аз Русия ҳам наздиктар сохт.

Мақомоти Русия ва сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар то ҳол хабари рейди зидди донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби дарёи Амурро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи донишҷӯён, рейди мақомот субҳи барвақти ҷумъа, 19-уми майи соли 2023дар хобгоҳи донишгоҳ ва замоне сурат гирифтааст, ки донишҷӯён барои рафтан ба дарс омодагӣ медиданд.

Яке аз донишҷӯён, ки бо далелҳои амниятӣ нахост номаш зикр шавад, рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ нақл кардааст, ки нирӯҳои ОМОН ва ФСБ ба хобгоҳ омада, нахуст камераҳои назоратиро хомӯш намуданд ва донишҷӯёнро, ки ҳеч амали хилофи қонун накарда буданд, бераҳмона заданд. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, “низомиёни ниқобпӯш бо таппонча ва электрошокер мусаллаҳ буданд ва дастпӯшакҳои кастетмонанд доштанд. Ҳар нафаре, ки сабаби задани онҳоро мепурсид, мушти иловагӣ мехӯрд. Дар ин хобгоҳ донишҷӯёни миллатҳои дигар низ буданд, аммо танҳо зодагони Тоҷикистонро латукӯб намуда ва танҳо баъди задан дар роҳрав (коридор) қатор монданд ва ҳуҷҷат пурсиданд.”

Мусоҳиби Озодӣ афзуд, мақомот 6 донишҷӯ ва ҳуҷҷату телефонҳои боқии донишҷӯёнро бо худ бурда, он 6 нафарро танҳо баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бар асари латукӯб тақрибан 15 донишҷӯ маҷрӯҳ шудаанд. Қаблан низ дар донишгоҳ тафтиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор сурат мегирифт, аммо чунин бархӯрди бераҳмона бо донишҷӯён бори аввал рӯй додааст.

Ҳангоме, ки ҷабрдидаҳо ба маъмурияти хобгоҳ ва донишгоҳ муроҷиат кардаву сабаби чунин бадрафториро пурсидаанд, онҳо китф дарҳам кашидаанд ва гуфтаанд, коре карда наметавонанд.

Донишҷӯён рӯзи 20- уми май, баробари пас гирифтани телефонҳояшон ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав занг задаву кумак хостаанд. “Чун телефонҳоямонро гирифта буданд ва рӯзи шанбе баргардонданд, дарҳол ба сафорат занг задем. Гуфтанд, имрӯз корӣ нест ва рӯзи душанбе бо шумо тамос мегирем. Аммо то ҳол касе ба мо занг назад,” – гуфтаанд ҳамсуҳбатони Озодӣ.

Ин шикояти донишҷӯёни  тоҷик дар ҳолест, ки рӯзҳои охир аз гӯшаҳои гуногуни Русия дар бораи афзоиши рейдҳову таъқибу фишорҳо ба зидди муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст мерасанд.

Аз ҷумла ҳафтаи гузашта дар пайи муроҷиати сокинони маҳаллӣ ба президенти Русия Владимир Путин бо шикоят аз хеле зиёд шудани шумораи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳраки Котелники дар канори Маскав дар ин минтақа нирӯҳои ОМОН рейди густардаеро ба роҳ андохта, даҳҳо муҳоҷирро дастгир карданд. Дар наворҳо дида мешавад, ки чӣ гуна чандин муҳоҷир аз тиреза паридаву аз таъқиби нерӯҳои ОМОН фирор мекунанд ва сокинони маҳаллӣ баракс ба нирӯҳои ОМОН барои суросур кардани муҳоҷирон тавсиф мекунанд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз як миллион аз сокинони қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ин кишвар даҳҳо ҳазор толибилми тоҷик таҳсил доранд. Танҳо тибқи квота, ҳар сол то 1000 донишҷӯи тоҷик ба мактабҳои олии Русия барои таҳсил пазируфта мешаванд.

Бар илова, дар солҳои охир тақрибан 10 миллион аз зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла қариб 400 ҳазор нафар дар 3 соли охир соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button