ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

КОРИ ХИРС ТАМОМ? ХИТОЙ БО ВАЪДАИ 50 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЗИГАРИ №1 ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ МЕШАВАД

Нишасти якуми сарони кишварҳо дар чорчӯби “Чин ва Осиёи Марказӣ”, ки 18 майи соли 2023 дар шаҳри Сиани Хитой доир шуд, ба бовари бисёре аз нозирони умур, таносуби нирӯҳоро дар харитаи бозигарони байналмилали фаъол дар саҳнаи ин минтақа  ҷиддан тағйир дод ва Хитой бо истифода аз заъиф шудани Русия тавонист нақши бозигари №1 ва пуштибонии асосии режимҳои ҳоким дар ин қаламравро аз дасти Маскав бигирад ва ба худ ихтисос бидиҳад.

Бино ба хабарҳо, Хитой дар ҷараёни нишасти Сиан ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ваъдаи 50 миллиард доллар сармоягузорӣ додааст.

Барои мисол, Тоҷикистон ба шакли грант аз Пекин боз 57 миллион доллар дарёфт кард ва як бонки Хитой барои сохтани нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғун 500 миллион доллар медиҳад. Бе сохтани нирӯгоҳи Роғун Душанбе наметавонад  на танҳо ба иҷрои нақшаҳои марбут ба рушди иқтисодиаш умед бандад, балки тавони ҳатто бо нирӯи барқ таъмин кардани аҳолии дар ҳоли афзоишашро дигар надорад.

Вале ончӣ ки Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари хурду заифтари Осиёи марказӣ аз Хитой ба даст оварданд, назар ба ончӣ, ки Пекин ба ду кишвари бузурги ин минтақа – Ӯзбекистону Қазоқистон ваъда дод, хеле ночиз ба назар мерасанд.

Аз ҷумла Хитой ба Ӯзбекистон дар умум 41 қарордод ба маблағи 25 миллиард доллар ба имзо расонд, ки нақшаҳои бузурге, чун сохтани силсилаи нирӯгоҳҳо дар вилоятҳои Намангону Тошканд, бунёди хатҳои барқ, харидории локомотивҳо барои роҳи оҳан, сохтани корхонаҳои мошинсозӣ ва электромобилро дар бар мегирад.

Ҳамин тавр, Пекин ба Қазоқистон ваъдаи 22 миллиард доллар сармоя додааст, ки тавсиаи корхонаи нафти Шимкент ва лӯлаи нафт то Хитой, бунёди корхонаи коркарди мис ва як корхонаи мошинсозӣ аз умдатарин тарҳҳояш мебошанд.

Моҳи марти соли ҷорӣ раиси Ҷумҳурии халқии Чин Си Ҷинпинг хабар дода буд, ки Пекин моҳи май дар нахустин саммити “Чин ва Осиёи Марказӣ” як “нақшаи бузурги рушди муносибатҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ”-ро бо роҳбарони ин минтақа дар миён мегузорад.

Нозирони умур бар инанд, ки дар нишасти Сиан Хитой бо истифода аз заиф шудани Русия дар пайи дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина бори аввал талош кард, то нуфузи худро бар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин навбат бидуни мулоҳизае ба фикру назари Маскав боз ҳам тақвият дода, ҷои Русияро дар мақоми шарики №1 барои давлатҳои ин минтақа тангтар кунад. Пекин то кунун дар тавсиаталабиҳояш дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба вокунишҳои Маскав иқдом мекард, вале заиф шудани Русия дар ин арса хеле далертараш кардааст.

Коршиносон натиҷаҳои нишасти Сианро қадами аввали бидуни ба инобат гирифтани назари Маскав дар Осиёи Марказӣ гузоштаи Хитой мешуморанд ва мегӯянд, бояд мунтазири қадамҳои нав ба нав ва боз ҳам бебоктари Пекин дар ин қаламрави нуфузи таърихии Маскав шуд.

Нишасти Сиан чӣ қадар заиф шудани Русия ба сабаби дармондаш дар ботлоқи ҷанги Украина ва муқобилияти давомдор бо Ғарбро ба сароҳат ба намоиш гузошт.

Чунин ба назар мерасад, ки Маскав барои ҳифзи Осиёи марказӣ, ки ин қаламравро таърихан “ҳавлии даруни худ” мешуморид, фишанги чандоне дар муқобили Хитой ва дигар бозигарони дар ин паҳно фаъолшуда надорад. Албатта, ба ҷуз аз фишор овардан ба муҳоҷирони корӣ ва аз ин роҳ ба режимҳои як замон фармонбардораш нишон додани норозигии худ аз рафтани онҳо ба зери қаноти “аждаҳои бузург” ва гӯшзад кардан, ки “кори хирс ҳанӯз тамом нест”.

Аз ин рӯ, бархе нозирони умур мавҷи наву афзояндаи таъқиботу фишор болои муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро, ки рӯзҳои ахир дар шаҳрҳои гуногуни Русия ба назар мерасад, ба натиҷаҳои нишасти якуми сарони Хитой ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан ва бо ваъдаи 50 миллиард доллар сармоя кишварҳои ин минтақаро назар ба Русия ба худ наздиктар кардани Хитой рабт медиҳанд.

Иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”   19.05.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Коршиноси масоили сиёсӣ-диктаторӣ гуяд:

    “Ё соя бош ё равшанӣ!”
    Россия дигар на соя аст, на равшанӣ. Худи Путин дар тангное, (бункер) қарор дорад, ки ҳар лаҳза мунтазири хабари нохуш: марг, инқилоб, фирор, таслим, зиндон… Украина аз ҳозир шартҳое, гузошта истодааст, ки баъди путин ҳаркӣ кремл ояд, бояд дигар ба кишварҳои ҳамсоя “чашми зӯрӣ” ало накунад, ин хитоби Украина паёмест ба Чини бузург, ки Осиёи Марказиро бигир, аз туст! Фишору таъқиб ба муҳоҷирон дигар корсоз нест, агар россия бо истифода аз муҳоҷирон дар Осиёи Марказӣ “каша” карданӣ бошад, ин “каша” ҳам ба нафъи Чин хоҳад буд, чунки Чин медонад, ки россия дар “каша”-и Украина ғутидааст ва “каша”-и дигаре дарди саре хоҳад буд!

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Президенти Осиёи Марказӣ гуяд:

    Чин бо пулу молу маҳсулоташ бозорҳои Осиёи Марказиро пурра азхуд карда, қарзи хориҷии Осиёи Марказиро низ наздики пурра азхуд кардааст. Қарзҳои ҳангуфте “просто так” нест, вазифаи Чин кишварҳои зери сояи Маскавро дур аз соя кардан аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button