
Рӯзи шанбе, 20 майи соли 2023, ҳавопаймои тамғаи Эйрбас-321 RA-73836, ки ба ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” тааллуқ дорад ва аз шаҳри Маскав ба шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон парвоз мекард, маҷбур шуд, ки парвозашро дар ними роҳ қатъ карда, дар фурудгоҳи Курумоч (фурудгоши шаҳри Самара) бинишинад. Телеграм-канали АVIAINCIDENT, ки ҳодисаҳои фавқулоддаи ҳавоиро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки сабаби нишасти фавқулоддаи ин ҳавопаймо бад шудани аҳволи як зани ҳомилаи мусофир шудааст ва дар натиҷа, сархалабон тасмим гирифтааст, ки дар ягон фурудгоҳи наздиктарин бинишинад.
«20.05.2023. Ҳавопаймои Airbus-321 RA-73836, ширкати “Уральские авиалинии”.
Ҳангоми анҷоми парвоз дар хатсайри Маскав (Русия) — Кӯлоб (Тоҷикистон) дар минтақаи ҳавоии Пензаи Русия, экипаж дар бораи бемор шудани як мусофир (зани ҳомила) ва тасмими нишастан дар фурудгоҳи Самара хабар дод. Ҳавопаймо бо муваффақият нишаст”, — гуфта мешавад дар хабар.
Ин нахустин мавриди дар фурудгоҳи Самара нишастани ҳавопаймоҳое, ки байни Русияву Тоҷикистон парвоз мекунанд, нест.
Тоза як ҳафта пеш, рӯзи 15 майи соли 2023, ҳавопаймое, ки аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба Душанбе парвоз мекард, ба далели бад шудани аҳволи саломатии яке аз мусофиронаш маҷбур шуд, дар Курумоч фуруд биояд.
Моҳи март бо айни сабаби бад шудани аҳволи саломатии яке аз мусофиронаш ҳавопаймое, ки аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Жуковский дар вилояти Маскав парвоз дошт, низ дар Курумоч нишаст.
Дар ҳарсе ҳолат мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” то дами дари ҳавопаймо омада, ба мусофирони бемор кумаки худро расондаанд ва сипас ҳавопаймоҳо ба парвозҳои худ идома додаанд.