ВидеоКоррупсия

ДЕКАН ВА МУОВИНИ ДЕКАНИ РИШТАИ ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲИ ХУҶАНД БО ПОРА БА ДАСТ АФТОДАНД (ВИДЕО)

Иброҳим Ҷабборзода ва Нуралӣ Шукуров, декан ва муовини декани риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми гирифтани пора аз як донишҷӯи хориҷӣ дастгир шудаанд. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, ки шоми 21 майи соли 2023 нашр шуд, хабар дод.

Назари худи дастгиршудагон ё наздиконашон ба ин моҷаро дастрас нест, вале Акбар Шарифӣ хабар дод, ки муовини декани риштаи таърих ва ҳуқуқ Нуралӣ Шукуров дар асоси маслиҳати пешакӣ бо декани ин ришта Иброҳим Ҷабборзода барои ба таври мусбат ҳал кардани ҷамъбасти нимсолаи аввал аз як донишҷӯи хориҷии соли сеюм, ки дар риштаи таърих дар бахши ғоибона таҳсил мекард, пора талаб кардааст.

Аммо ин донишҷӯ, ки ба хуб супурдани санҷишу имтиҳонҳои нимсола ва “қарздор” набуданаш дар ҷамъбасти нимсола мутмаин буд, аз тамаъҷӯии роҳбарони риштаи таърих ба ҷон омада, аз ноилоҷӣ ба мақомот шикоят кардааст.

 Ҷолиб он аст, ки муовини декани риштаи таърих Нуралӣ Шукуровро нимаи дуюми рӯзи 2 майи соли 2023, тақрибан соати 15, дар натиҷаи баргузор кардани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ кормандони бахши пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон якҷо бо кормандони додситонии вилояти Суғд  дар ҳуҷраи кориаш баъди бо ваъдаи “буд кардани кораш” аз донишҷӯи хориҷӣ гирифтани 1500 сомонӣ дастгир кардаанд. Дар гузориши нашршуда намоиш дода шуд, ки чӣ гуна Шукуров аз ҷайби даруни костюмаш ин пули пора: 6 дона 200-сомонӣ ва 3 дона 100-сомониро берун оварда, ба мақомот месупорад.  Ин пулҳо ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардида, ба парванда дӯхта шудаанд.

Дар ҷараёни таҳқиқ маълум шудааст, ки муовини декан ин тамаъҷӯиро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо декани риштаи таърих номзади илм, дотсент Иброҳим Ҷабборзода анҷом медод ва пулҳоеро, ки аз донишҷӯён ҳамчун пора тамаъ мекард, баъдан бо декан тақсим мекардааст.

Ба зидди декани риштаи таърих ва муовини ӯ бар асоси моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Бар асоси ин банди қонун,гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор  шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат, бо ҷарима ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ, ё беш аз 6 доллар) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарии ҷиддитар озод карда мешаванд. Бовар меравад, ки чунин парвандаҳо дар ивази пора “ҳаллу вал” мешаванд.

Низоми маориф дар Тоҷикистон, бахусус мактабҳои олӣ, аз фасодзадатарин ниҳодҳо ба шумор меравад. Худи Тоҷикистон низ дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори фасодзадатарин кишварҳои дунё ном бурда мешавад.

Нозирони умур мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон барои решакан кардани ин мараз то кунун иродаи кофӣ нишон намедиҳад ва ҷазоҳои сабуки мансабдорони порахӯр боқӣ мансабдорони фасодзадаро умедвор мекунад, ки онҳо ҳам дар сурати ба даст афтодан метавонанд пул дода, худро  ба осонӣ аз ҷавобгарӣ халос кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Холмузаммадзода Абдуғаффор, Муфтии аъзами давлати Шафтолуён гуяд:

    “Бори каҷ ба манзил намерасад!”
    Риббо-ҷанг бо худованди мутаъол аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button