ВидеоИқтисодКоррупсия

4,7 МЛН ПУЛИ ДАВЛАТРО АЗ ОНИ ХУД КАРДААНД: ПАРВАНДА БА ЗИДДИ 3 РАҲБАРИ ШИРКАТИ СУҒУРТА

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23 майи соли 2023 хабар дод, ки ба зидди муассиссони  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” шаҳрвандон  Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш., ва Орипов X. бар асоси моддаи 245, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳои махсусан бузурги ба онҳо боваркардашуда, ки наздики 4,7 миллион сомонӣ ё ҳудуди 430 ҳазор долларро ташкил медиҳад, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Аз маводи парванда бармеояд, ки сухан дар бораи ширкате меравад, ки зоҳиран барои пулшӯӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

 Додситонӣ гуфт, ин ҳолати аз они худ кардани маблағҳо ба миқдори махсусан бузург дар ҷараёни як санҷиши аз ҷониби раёсати назорати умумии Додситонии кул анҷом шуда ошкор карда шуд.

Худи муассисони ширкати суғурта ва наздикону адвокатҳои онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи нашркардаи маркази матбуоти Додситонии кул, “шаҳрвандон  Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш., ва Орипов X., бо мақсади тасарруфи амволи ғайр аз рӯйи маслиҳати пешакӣ 20 октябри соли 2016 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи мутақобила”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”-ро таъсис додаанд, ки он тибқи қонуни мазкур ва Оинномаи ҷамъият ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад”. Суғуртаи мутақобила як шакли суғуртаест, ки дар он ҳар як иштирокчӣ ҳам суғурташаванда ва ҳам суғуртакунанда ҳисоб меёбад

Баъдан, бино ба фарзияи тафтишот, ин се нафар ҳамчун масъулини ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”, фаъолияти ташкилотро бар хилофи муқаррароти қонун ва Оинномаи ҷамъият, ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ ба роҳ монда, то моҳи августи соли 2021 бе қарори маҷлиси умумии аъзои ҷамъият, ки мақоми олии он ба ҳисоб меравад, маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ва пардохти суғуртавии воридкардаи 31 субъекти узви ин ҷамъиятро ба маблағи 4 672 848 (чор миллиону шаш саду ҳафтоду ду ҳазору ҳашт саду чилу ҳашт) сомонӣ (қариб 430 ҳазор доллар) барои пардохти музди меҳнат, андозҳо, ҳаққи саҳмдорон, ҳаққи комиссионӣ, хароҷоти хоҷагидорӣ, хариди сӯзишворӣ, воситаи нақлиёт, хона ва ғайра харҷ карда, боз ҳам бар хилофи муқаррароти қонун баъди қатъи фаъолият ба аъзои ҷамъият ҳаққи суғуртавии пардохтнамудаашонро бозпас надода, маблағи зикшударо, ки дар ихтиёрашон қарор дошт, ғайриқонунӣ аз они худ ва исроф карда, ба манфиатҳои молумулкии шахсони ҳуқуқӣ, алалхусус муассисаҳои буҷетӣ, зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.

Додситонии кул гуфт, масъулони ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”, аз ҷумла аз Хадамоти алоқа 785 844 сомонӣ, аз Агентии таъминоти амволи махсус 480 500 сомонӣ, аз МД “Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳо” 461 988 сомонӣ, аз Академияи илмҳо 235 643 сомонӣ, аз КВД Обу корези шаҳри Душанбе 216 190 сомонӣ, аз Хадамоти муҳоҷират 194 130 сомонӣ,  аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 185 000 сомонӣ, аз Пажуҳишгоҳи давлатии лоиҳакашиву заминсозии ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз” 140 000 сомонӣ, аз Агентии хоҷагии ҷангал 93 450 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ дарёфт карда, ин маблағро аз они худ кардаанд.

Додситонӣ гуфт, бо назардошти он, ки дар кирдорҳои Ҳамроҳзода Ш., Шамсуллозода Ш. ва Орипов Х.Г. аломатҳои таркиби ҷиноят мавҷуд мебошад, нисбат ба онҳо аз рӯи банди “б” қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ба   онҳо бар асоси ин банди қонун барои тасарруфи маблағҳои махсусан бузурги ба онҳо боваркардашуда ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ҷазо таҳдид мекунад.

Дар бораи ин ки оё ин масъулони ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” чӣ гуна ба чунин осонӣ ба чунин маблағҳои бузурги буҷетӣ даст ёфтаанд? ва оё дар ин ҷо масъалаи забон як кардани онҳо бо бархе масъулони дастонашон нопоки ин корхонаҳои давлатӣ намеравад?, додситонӣ дар иттилоияаш чизе нагуфтааст.

Бар асоси маълумоти нашршуда дар сомонаи Бонки миллӣ, ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила”  2 декабри соли 2016 таъсис ёфта, иҷозатномааш дар асоси ҳалномаи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе аз санаи 9 марти соли 2021 бекор карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button