ВидеоКоррупсия

УСТОИ КАЛОН БА ТАСАРРУФИ 616 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ СОХТМОНИ 5 МАКТАБ АЙБДОР МЕШАВАД

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 22 майи соли 2023  аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудани парвандаи зидди Асилов Беҳрӯз Рустамович, устои калони ҶДММ “Имдоди Ғайрат” хабар дод.  Беҳрӯз Асилов  бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба тасарруфи 616 ҳазору 218 сомонӣ маблағҳои бузурги ба ӯ боваркардашуда (моддаи 245 қисми 3 банди “а”), ташкили корхонаи ғайриқонунӣ (моддаи 260, қисми 1), сохтакории ҳуҷҷатҳо (моддаи 340) ва  иҷро накардани ҳукми додгоҳ (моддаи 363) айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ бидуни ироаи тафсилоти зиёд дар шарҳи ин парванда гуфт: “Асилов Беҳрӯз Рустамович дар вазифаи устои калони ҶДММ “Имдоди Ғайрат” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №57, №78, №126, №128 ва №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 616 ҳазору 218 сомониро барзиёд ҳисоб карда, онро аз они худ кардааст.  Вобаста ба ин ҳолат нисбати Асилов Беҳруз Рустамович бо моддаи 245, қисми 3, банди “а”, 340 қисми 2 банди “а”, 260 қисми 1 ва 363 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд”.

Тафсилоти дигари парванда ва назари нафари айбдоршаванда ва наздикони ӯ дастрас нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё устои калони ширкати сохтмонии “Имдоди Ғайрат” ин ҳама пулро аз сохтмони 5 мактаби пойтахт ба танҳоӣ ба ҷайби худ задааст ваё ин тасарруфи маблағҳо бо маслиҳати пешакӣ бо масъулони ин мактабҳо ва раҳбарони аввали ширкат сурат гирифтааст? Тармими мактабҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор мераванд. Маъмулан ширкатҳои сохтмонӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо масъулони мактабҳову дигар корхонаҳои давлатӣ ҳаҷми корҳои анҷомшударо чанд маротиба зиёдтар нишон дода, фарқи байни маблағҳоро байни худ тақсим мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button