ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНОНИ ҲИСОРРО ЛАТТУКӮБ ВА ЧАРХИ МОШИНАШОНРО СӮРОХ КАРДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ду сокини Ҳисор ва як наврас аз Душанберо дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт латтукӯб кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 19-уми майи соли 2023, тахминан соати 15:30, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулов бо ҳамроҳии рафиқаш, марди 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт қарор доштанашон, мардони 40, 36 ва 34-солаи сокинони ноҳияи М.Ҳамадонӣ ва шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос онҳоро дашномҳои қабеҳ дода, лату кӯб кардаанд. Инчунин, марди 36-сола бо истифода аз корди шикорӣ ба онҳо ҳамла намуда, ба сари яке аз онҳо 1-маротиба зада, бо корд чархи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер»-ро зада сӯрох намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида зарари ҷисмонӣ ва моддӣ расонидаанд.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби муноқиша гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button