ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАР АСАРИ БА ОҲУ БАРХӮРДАНИ “ЛАДА” ДАР САРАТОВ 4 ТОҶИК ҶАРОҲАТ БАРДОШТ

Субҳи барвақти 22 майи соли 2023, сотаи 05:35 ба вақти маҳаллӣ, бар асари садама дар қилометри 542-юми шоҳроҳи Ф-298 “Дергачи-Озинки” дар ҳудуди ноҳияи Дергачии вилояти Саратови Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд. Ин муҳоҷирони тоҷик ба эҳтимоли ғолиб ба тарафи марзи Русия бо Қазоқистон раҳсипор буданд, то ки марзро убур карда ва дубора ба Русия баргарданд.

Дар идораи  ГИБДД, ё пулиси роҳи вилояти  Саратов гуфтаанд, ки субҳи барвақти 22 май дар роҳи Дергачи-Озинки як мошини тамғаи “Лада Ларгус” ба косуля ном як навъи оҳу бархӯрдааст.  “Дар натиҷаи садама мошин аз роҳ бероҳа шудааст. Оҳу ҷон додааст”, – хабар додааст ГИБДД.

Олег Костин, вазири тандурустии вилояти Саратов дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки дар ин садама 4 шаҳрванди Тоҷикистон, синнашон 41, 33, 27 ва 18-сола ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамаи онҳоро дар бемористони ноҳияи Дергачи бистарӣ кардаанд ва вазъи саломатиашонро табибон миёнаи вазнин арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Олег Костин, дар ин садама сутунмуҳраи шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон – аз қисмати қафаси синааш осеб дида, сутунмуҳраи марди 27-солаи тоҷик Р. аз қисмати миёнаш осеб дидааст. Муҳоҷири 41-солаи тоҷик  С.Р. бо осеби косахонаи мағзи сар, ҷунбидани майна ва осеби тарафи рости бадан бистарӣ карда шуда, ҷавони 18-сола О., бар асоси натиҷаи ташхис, бо ҷароҳати марғи сар, ҷунбидани майна, ҷароҳати чашми чап ва осеби қафаси сина таҳти табобат қарор дода шудааст.

Вазири тандурустии вилояти Саратов гуфт, ба ҷои садама ду бригадаи “Ёрии таъҷилӣ” ах бемористони ноҳияи Дергачи ва як бригада аз бемористони ноҳияи Озинки фиристода шуда буд.

Олег Костин

ДТП В 05.35 в Дергачевском районе, Ф-298 (Дергачи-Озинки), 542км, произошло опрокидывание легкового автомобиля в кювет. Пострадали 3 человека, взрослые.
1. С.З. (м) – 33 года, Таджикистан.
Диагноз: Ушиб грудного поясничного отдела позвоночника.
Состояние средней степени тяжести.
Доставлен в Дергачевскую РБ.
2. С.Р. (м) – 41 год, Таджикистан.
Диагноз: Закрытая черепно-мозговая травма. Сотрясение головного мозга. Закрытая травма правой конечности.
Состояние средней степени тяжести.
Доставлен в Дергачевскую РБ.
3. Р. (м) – 27 лет. Таджикистан.
Диагноз: Ушиб поясничного отдела позвоночника.
Состояние средней степени тяжести.
Доставлен в Дергачевскую РБ.
4. О. (м) -18 лет. Таджикистан.
Диагноз: Закрытая черепно-мозговая травма. Сотрясение головного мозга. Тупая травма левого глаза. Ушиб грудной клетки.
Состояние средней степени тяжести.
Доставлен в Дергачевскую РБ
Для ликвидации последствий привлекались 2 фельдшерские бригады Дергачевской РБ и 1 фельдшерская бригада СМП Озинской РБ.

Косу́ля (козу́ля, ё бузи ёбоӣ, гавазнрӯ, ба лотинӣ Capreolus) —  як навъи оҳуи начандон бузург аст, ки бо бадани зебову гардани дарози худ фарқ мекунад. Косуляҳои нарина шох ҳам доранж Ранги ин навъи оҳу тобистон зарди баланд ва зимистон бӯри хокистарранг буд, косуляҳо думи кӯтоҳ ва дар қисмати думашон доғи сафед доранд.

Роҳи Озинки ба яке аз гузаргоҳҳои асосӣ дар марзи Русия бо Қазоқистон мебарад. Муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон маҷбуранд, ки ҳар сари чанд вақт аз ин марз убур карда, боз ба Русия баргарданд, то ки будубоши худро дар Русия боз аз сари хат, аз сифр шурӯъ кунанд.

Тақрибан ҳар моҳ дар бораи дар роҳҳо ба тарафи марзи Русия бо Қазоқистон дучори садамаҳо шудани муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хабарҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button