104 ЗАНУ КӮДАКИ ТОҶИКРО АЗ СУРИЯ БА ВАТАН ОВАРДАНД (10 АКС)
21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 104 узви 29 оила, бо шумули занон, наврасон ва тифлони хурдсол, тавассути парвози махсус бо ҳавопаймои ширкати суриягии “Шом Вингз” аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳамроҳ бо 104 шаҳрванди тоҷик дар ин ҳавопаймо 5 шаҳррванди Қазоқистон (як ва чор фарзандаш) низ аз Сурия оварда шуданд. Онҳоро дар Душанбе барои интиқол ба ватанашон ба мақомоти дахлдори Қазоқистон месупоранд.
Нафарони аз Сурияро овардашударо аз фурудгоҳ ба маконҳои махсус бурдаанд. Мақомот гуфтаанд, ки онҳо як муддат бояд давраи офиятбахшӣ ё реабилитатсияро сипарӣ кунанд.
Моҳи июли соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон алакай 146 шаҳванди худро аз лагерҳои Сурия ба Ватан оварда буд. Дар ҳарду маврид барои аз Сурия пас овардани шаҳрвандони тоҷик сафири Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдзода нақши асосиро бозӣ карда буд.
Дар фурудгоҳи Душанбе афроди аз Сурия баргаштаро як гуруҳи намояндагони баландпояи ҳукумат, аз ҷумла муовини сарвазир Матлубахон Сатториён, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири маориф ва илм, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд, инак се сол боз идома дорад. Ин раванд бо мушкил, вале ба ҳар сурат, пеш рафта истодааст.
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар лагерҳо ва маҳбасҳои Сурия ва Ироқ ҳудуди 500 тан аз занону кӯдакони тоҷик боқӣ мондаанд. Онҳо аъзои хонаводаҳои тоҷиконеанд, ки дар вақташ ба доми фиреби мубаллиғони созмонҳои ҷангҷӯи мазҳабӣ, асосан ба доми ДОИШ афтода, бархе хонахез ба минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтанд.
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар миёнаҳои даҳаи дуюми асри 21 дар солҳои авҷи таблиғоти эмиссарҳои созмонҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо хонахез, яъне ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарони пирашон ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ин гуруҳҳои ҷангҷӯ, асосан ба саффи ДОИШ пайвастанд. Дар ҷараёни саркӯби нирӯҳои ДОИШ ва аз дасти онҳо пас гирифтани қисмати аъзами қаламрави ба ном “хилофати исломӣ”, ки ҷангҷӯён дар Сурияву Ироқ таъсис дода буданд, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 500 нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик кушта шуда, қисмати дигаре аз онҳо аз Ховари Миёна рӯ ба гурез оварданд.
Дар ин лобало мақомоти Ироқ ва нирӯҳое, ки дар Сурия ба зидди ДОИШ меҷангиданд, ҳазорон нафар аз аҳли хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ, аз ҷумла ҳудуди 500 зану фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро боздошт карданд, ки қисме аз онҳо дар урдугоҳҳои вижа дар Сурия ва қисмате дар зиндонҳои Ироқ нигоҳ дошта мешаванд.
Ба мақомоти дипломатии Тоҷикистон, асосан ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода муяссар шуд, ки соли 2017 89 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ва моҳи июли соли 2022 боз 146 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Ватан баргардонанд. Вале дар умум ба Ватан баргардондани бахусус ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷик ба мушкилӣ сурат мегирад, чунки дар Ироқ даҳҳо нафари онҳо бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ва чанд зани тоҷику ӯзбек ҳатто маҳкум ба зиндони умрбод шудаанд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ як гуруҳи занони тоҷик дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ ба нишони эътироз ба “иттиҳомоти сохта ва муҷозоти ноодилона” ва бо талаби озодии билофосила эълони гуруснанишинӣ карда буданд.
АКСҲО АЗ “ХОВАР”
Ҳукумате, ки рейдҳои густурда зидди фарҳанги ришу сатру ҳиҷобу терроризму экстримизм роҳандозӣ мекунад, оё инҳо аз биҳишт баргаштаанд, ки намояндагони расмии давлату ҳукумат ба пешвозашон ба фурӯдгоҳ рафтаанду саф кашидаанду аксу навор мегиранд?? Чаро ба ҳамон фурӯдгоҳе (домодедово), ки инҳоро ба Сурия фиристод, барнагаштанд? Чаро кишвари худро зери тозиёнаи танқиду сиёҳсозӣ медиҳед? Ҳар касе (исломситезон), ки ин аксҳоро бубинад, мегӯяд “террористҳо” ба ватанашон баргаштанд. Президенте, ки ба мардумаш таъкид мекунад, ки “зирракии сиёсӣ”-ро аз даст надиҳед, чаро дар чунин мавридҳо худ зиррак нест?