ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАР АСАРИ ТАРКИШИ БАЛОНИ ГАЗИ МОЕЪ ДАР БОЗОРИ ПАНҶ БЕШ АЗ 20 КАС ЗАХМӢ ШУД
Дар натиҷаи таркиши зарфи гази моеъ дар бозори ноҳияи Панҷ беш аз 20 нафар осеб бардоштанд. Зарардидагонро бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан ба беморхонаи марказии ноҳия расонидаанд.
Гуфта мешавад, таркиш дар як дӯкони пирожкипазии дохили бозор рух додааст. Шоҳидони ҳол ба сомонаи “Фараж” хабар додаанд, ки ҳодиса наздикиҳои нисфирӯзии 20-уми майи соли 2023 замоне рух додааст, ки чанд нафар дар дохили ошхона тановул мекардаанд ва роҳгузарон аз шафати дӯкон мегузаштаанд.
Як манбаъ аз шуъбаи қабули беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ба «Фараж» иттилоъ дод, ки феълан 20 нафар бо ҷароҳатҳои сӯхтаи дасту рӯй бистарӣ карда шудаанд. Вазъи саломатии онҳо вазнини миёна арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ шумораи осебдидагон бар асари таркиши зарф ё балони газ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон 26 касро баршумурда, хабар дод, ки дар ин ҳодиса аз ҷумла 6 кӯдак низ осеб дидаанд.
Муродҷон Муҳиддинов, сухангӯи раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон, шоми 20-уми май ба Озодӣ гуфт, дар яке аз ошхонаҳои бозори ноҳияи Панҷ балони газ кафидааст. “Захмишудаҳо дар беморхона бистарӣ карда шудаанд, талафоти ҷонӣ нест”, – афзудааст Муҳиддинов.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби таркишро “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур намудани балони гази моеъ” номидааст. Дар натиҷа, ба иттилои вазорат, “соҳиби ошхона Ҳаким Ҳайдарови 65-сола ва ду нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд”.
Ин ягона мавриди осеб дидани шаҳрвандон дар Тоҷикистон бар асари таркиши газ нест.
Бозори ноҳияи Панҷ қаблан ду дафъа дучори сӯхтор ҳам шуда буд. Дар як маврид, шаби 2-юми январи соли 2021, тавре тафтишот муайян кард, як сокини ин ноҳия аз ғояти рашк ба ҳамсараш дӯконеро, ки ӯ кор мекард, қасдан оташ задааст ва доманаи оташ 14 дӯкони дигарро дар атроф низ фаро гирифт. Гунаҳкорро дар пайи пардохти ҷуброни расондааш ба як қисми соҳибкорон аз толори додгоҳ озод карданд. Дӯкондорони боқимонда ӯро бахшиданд ва даъво накарданд.
Миллати осебпазир!
Кишварҳои истеҳсолкунанда ё тавлидкунандаро пешрафта меноманд, кишварҳои истеъмолкунанда ё масрафкунандаро ақибмонда меноманд, кишварҳое, ки доим аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, аз таркиши газ, аз “аблава”, “дедовщина”, коррупсия, монополия, диктатура ва ғайра зарар мебинанд, кишварҳои осебпазир меноманд. Пас бояд Тоҷикистонро аввал аз кишвари осебпазир ба кишвари ақибмонда, аз ақибмонда то рӯ ба рушд, аз рӯ ба рушд ба пешрафта, аз пешрафта ба тамаддуни ҷаҳонӣ табдил диҳем, аммо ин амрест, ки ҳаргиз ҷомаи амал намепӯшад.
Эй вой ватанам хоки ту сад бор кафанам шуд,
Ҳеч бор надидам соате пероҳанам шуд!
Эй вой ватанам хоки ту сад бор кафанам шуд,
Ҳеч бор надидам соате пероҳанам шуд.
Аз дил ба дил овоза ба шаҳри таманноӣ,
Кӯҳпораву кӯҳтеппаат дашту даманам шуд.
Аз шаҳри Самарқанду Бухоро асаре нест,
Деҳи кӯчаке дораму қанду асалам шуд.
Аз даст ба даст рафтию аз кас ба нокас,
Ҳам рафтану ҳам омаданат анҷуманам шуд.
Дар анҷумани шеър қалам дер расидаст,
Дер омаду шер омаду шаҳду шакарам шуд.
Аз зурияи Саъдию Ҳофизу Саноӣ,
Имрӯз чӣ касе ҳаст, ки ӯ ҳамқаламам шуд?!
Дер шуд, биё ҳамдаму ҳам ҳамнафасам бош,
К-ин шаб чу шабони дигаре ҳам саҳарам шуд.
Эҷоди Ҳасан маънии дилчаспе надорад,
Маънии Ҳасан ҳусн бар ин чанд ғазалам шуд.