ВКД ДАЪВОИ БА НОМУСИ ШАҲЛО ДАВЛАТОВА ДАСТДАРОЗӢ КАРДАНИ ПОДПОЛКОВНИК ШОДИЗОДАРО РАД КАРД
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2023 бо нашри як раддия иддаои сокини 35-солаи шаҳри Хуҷанд Шаҳло Давлатоваро, ки рӯзи 16 май дар як матлаб дар радиои Озодӣ сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Шодизода Дилмуродро ба гирифтани 30 ҳазор доллар пора ва дастдарозӣ ба номусаш айбдор карда буд, “комилан дурӯғ” ва “тӯҳмат” номида, рад кард.
“Бояд тазаккур дод, ки ин иддао комилан дурӯғ буда, Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан бе ягон далел ба подполковники милитсия Шодизода Д. тӯҳмат намудааст”, – таъкид кардааст ВКД дар раддияаш.
Бино ба фарзияи ВКД, Давлатова Шаҳло Шералиевна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, қаблан 5-уми декабри соли 2016 бо моддаи 237, қисми 2 банди ‘в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми авбошӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, дар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда буд.
“Номбурда аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, ба ҷиноятҳои ба муқобили фаъолияти иқтисодӣ, яъне ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, инчунин адолати судӣ даст зада, ҷиноятҳои ба ҷамъият хавфнокро содир намудааст”, – меафзояд ВКД.
ба гуфтаи мақомот, Шаҳло Давлатова дар давоми солҳои 2017-2022 ба соҳибкории ғайриқонунӣ, машғул гардида, бидуни иҷозатномаи Бонки миллӣ додани маблағ (қарзҳо) ва гирифтани фоизро ба роҳ монда, аз соли 2017 то соли 2022 ба дастикам 8 шаҳрванд бо фоиз қарз дода, аз ин ҳисоб 349 ҳазору 15 сомонию 80 дирам даромади ғайриқонунӣ ба даст оварда ва ба давлат ва шаҳрвандон баракс зарари махсусан калон расонидааст.
Ба ин далел, меафзояд ВКД, Давлатоваро бар асоси моддаҳои 259, қисми 2, банди ‘б”, 147 қисми 1, 286, қисми 2 ва 345, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ба 4 соли зиндон маҳкум кардаанд, вале ба сабаби тифли хурдсол доштанаш иҷрои ин ҳукмро ба таъхир гузоштаанд.
ВКД гуфтааст, Давлатова Шаҳло “ба ҷойи онки худро ислоҳ намуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул шавад, номи пуршарафи модарро доғдор намуда, бо суханони қабеҳ ва алфози пур аз дашному ҳақорат ба таҳқиру таҳдиди шаҳрвандон машғул шуда… ҳангоме, ки қарздоронаш зимни пардохти қарз ё фоизҳояш каме таъхир мекардаанд, номбурда ба манзили онҳо ғайриқонунӣ зада даромада, онҳоро таҳқиру тавҳин мекардааст”. ВКД гуфт, ин сабтҳоро дорад, вале бо сабабҳои ахлоқӣ пахшашон намекунад.
Радиои Озодӣ рӯзи 16 май дар матлабе бо номи “Шаҳло Давлатова: “$30 ҳазор хосту дастдарозӣ кард.” Муфаттиш: “Асос надорад” навишт, Шаҳло Давлатова, сокини Хуҷанд, даъво дорад, ки як муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ин шаҳр барои раҳоии ӯ аз ҷавобгарӣ “30 ҳазор доллар” хоста, ба номусаш “дастдарозӣ” кардааст. Муфаттиш Дилмурод Шодизода дар суҳбати телефонӣ таҳқиқи парвандаро тасдиқ кардааст, аммо гуфтааст, иддаоҳои он зан асос надоранд.
Шаҳло Давлатовадар шарҳи ҳукми зиндонаш гуфтааст, ки ӯ аз ширкатҳои бинокорӣ дар Хуҷанд хонаи нав харида, пас аз ороишу рангубор дубора мефурӯхт, вале бо асъори хориҷӣ додугирифт надошт. Ба гуфтаи ин зан, ӯро рӯзи 30-юми ноябри соли 2022 ҳангоми аз Абдувалӣ Боқизода пас гирифтани 9 800 доллар қарзи додааш дастгир карданд.
Давлатова гуфтааст, ҳарчанд “иттиҳом дуруст набуд”, муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд Дилмурод Шодизода, барои қатъи парванда аз вай гӯё 30 ҳазор доллар хостааст.
“Вақте гуфтам, дар боздоштгоҳ чӣ гуна маблағ ёбам, қарори тарк накардани ҷойи зистро бекор кард ва ман дар озодӣ будам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, 30 ҳазор долларро ёфта натавонистам. Як хонаи дуҳуҷраиро пешниҳод кардам, гуфт, ин овоза мешавад, беҳтараш нақд биёр,” – нақл кардааст Шаҳло Давлатова рӯзи 15-уми май дар суҳбат бо Озодӣ. Ӯ мегӯяд, дар ин бора рӯзи 13 май ба номи раиси ҷумҳур ва роҳбарони дигари Тоҷикистон нома навиштааст.
Хонум Давлатова гуфт, барои додхоҳӣ ба додситонии вилояти Суғд низ ариза навишт, вале пас аз огоҳ шудани муфаттиш аз шикоятҳои ӯ, парвандааш баръакс “ғафстар” шуд.
“Иттиҳомҳои “вайрон кардани дахлнопазирии манзил” ва “монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ”-ро низ ба гарданам бор карданд. Иҷоза намедоданд, ки бо вакили мудофеъ гап занам. Дилмурод Шодизода фишор меовард, ки барои сабук кардани парванда 30 ҳазор доллар диҳам. Баъд маро ба утоқи дарунии ҷои кораш бо зӯр дароварду дастдарозӣ кард,” – иддао дорад Шаҳло Давлатова.
Аммо Дилмурод Шодизода рӯзи 15-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки воқеан, парвандаи Шаҳло Давлатоваро таҳқиқ карда буд, аммо гирифтани 30 ҳазор доллар ва дастдарозиро ба номуси ӯ рад кард.
“Бале, ин парвандаро тафтиш кардам. Дар мавриди маблағу таҷовуз ба номус, ин ҳама нодуруст аст. Агар факту далел дошта бошад, ба мақомот муроҷиат кунад, бигзор санҷиш гузаронанд, мо посух медиҳем. Ман барои дигар суолҳоятон вақт надорам, банд ҳастам ба таври хаттӣ ба Раёсат муроҷиат кунед, ҷавоб медиҳам,” – гуфтааст подполковник Шодизода.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шаҳло Давлатоваро ба чаҳор соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 47 ҳазору 330 сомонӣ ҷарима вазифадор кардааст, вале ба далели кӯдаки хурдсол доштанаш иҷрои ҳукми зиндони ӯро то расидани фарзандаш ба синни 8 ба таъхир гузоштаанд.
“Оби лой дар маҷрои худ соф мешавад!”
Дар кишварҳои истибдодӣ мақомоти давлатиро фақат худи давлат интиқод мекунад, шаҳрвандон иҷозати интиқодро надоранд. Ҳар кори баде ё амали ношоистае аз хизматчиёни давлатӣ сар занад, бояд мунтазири вокуниши давлати бошем, на мардумӣ. Инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон дар бадтарин ҳолате, ки ба сараш меояд, танҳо иҷозат дорад, ки бо забони адабии давлатӣ ба таъби дили давлату ҳукумат бо зикри ному насаб, мақому манзалат, унвон, иззату эҳтиром ва ҷонибдорӣ аз кору фаъолият ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат “муроҷиатнома” бинависад. Дар ғайри ин сурат эроди гирифтаат ё интиқодат ҳадди ақал дарди сарат хоҳад шуд!!!