ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ФОНДИ ГАРРИ КАСПАРОВ ОЗОДИИ БЕЧУНУЧАРОИ УЛФАТХОНИМ МАМАДШОЕВА ВА ГЕНЕРАЛ ХОЛБАШОВРО ТАЛАБ КАРД

Бунёд, ё фонди ҳуқуқи инсон (Human Rights Foundation, HRF), як созмони байнмалмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, ки қароргоҳаш дар Ню Йорки Амрико ва раҳбараш қаҳрамони собиқи шоҳмоти ҷаҳашон Гарри Каспаров аст, рӯзи 18 майи соли 2023, дар солгарди аввали ҳабси  журналист ва фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқи ӯ генерал Холбаш Холбашев, фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшон ва мушовири фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ҳабс ва “мурофиаҳои додгоҳии қалбакӣ”-и ҳардуро шадидан маҳкум карда ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии билофосила, бечунучаро, яъне бе қайду шарти онҳоро талаб кардааст.

Дар изҳороти Бунёди ҳуқуқи инсон аз ҷумла чунин гуфта мешавад: “Имрӯз аз рӯзи ҳабси ноодилонаи журналисти шинохтаи тоҷик Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш Холбаш Холбашов як сол гузашт. Ба зидди онҳо дар робита ба эътирозҳои маргбори моҳи майи соли 2022 дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон айбнома эълон шуд ва баъди чанде онҳоро водор ба додани баёноти бардурӯғе карданд, ки тавассути телевизион нашр шуд. Моҳи декабри соли 2022 Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи Мамадшоеваро пушти дарҳои баста баррасӣ кард. Бисёриҳо ин парвандаву ин додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ шумурда, маҳкум мекунанд. Мамадшоева ба 20 сол зиндон ва Холбашов ба ҳабси умрбод маҳкум шуданд. Мамадшоева ҳомии ҳуқуқ ва намояндаи ақалияти помирӣ мебошад. Ӯ ба ҳайси журналисти мустақил бо расонаҳои маъруф ҳамкорӣ дошт ва тавассути созмони ғайридавлатиаш “Номус ва Инсоф” аз ҳуқуқи кӯдакон ва занон ҳимоят мекард. Бунёди ҳуқуқи инсон ҳабс ва мурофиаи додгоҳии қалбакии Мамадшоева ва Холбашовро шадидан маҳкум мекунад ва озодии билофосила ва бечунучарои ҳардуро талаб дорад”.

Улфатхоним Мамадшоева 18 майи соли 2022 дар манзилаш дар шаҳри Душанбе ва  иттифоқан дар рӯзе дастгир карда шуд, ки мақомот бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳ эътирозҳо дар шаҳраки Вамар, маркази ноҳияи Рӯшонро дар Бадахшон саркӯб карданд. Бино ба эътирофи мақомот, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон дар умум беш аз 30 нафар кушта шуданд. Аксари онҳо маҳз дар Вамар ба ҳалокат расиданд.

Моҳи декабри соли 2022 Додгоҳи олии Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоеваро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Шавҳари собиқи ӯ генерал Холбаш Холбашев ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи январи соли 2023 дар як изҳороти вижа гуфт, ки “Мамадшоева Улфатхоним барои ҷалб ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он, терроризм, маблағгузорӣ барои гайриқонунӣ соҳиб шудан ва ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва яроқи оташфишон, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионӣ, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд”.

Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Инсоф ва номус” ва устоди собиқи Донишгоҳи славянӣ, ки 66 сол дорад,  рӯзи 17 майи соли 2022, як рӯз қабл аз боздошташ ҳар навъ даст доштани худ дар ташкили эътирозҳоро рад карда буд.

Аммо рӯзи 24 майи соли 2022 дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев даст доштани худ дар ташкили эътирозҳои Бадахшон ва барои ин аз хориҷ пул гирифтанашонро эътироф мекарданд.  Муаллифони филм ҳамин тавр, Мамадшоеваро ба додани маълумот ба мақомоти вижаи як кишвари ғарбӣ айбдор карда, сабти лаҳзаи мулоқоти ӯ бо кормандони як сафоратро дар як қаҳвахона дар маркази Душанбе низ нашр карданд.

Дар он филм аз ҷумла гуфта мешуд, ки гӯё Алим Шерзамонов, як сиёсатмадори мухолифи зодаи Бадахшон, ки дар Аврупо ба сар мебарад, барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ ба Боқир 7 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон ба Холбаш 6 ҳазор доллар фиристодааст.

Дар чӣ шароите ин иттиҳомро ба дӯш гирифтани Мамадшоева ва Холбашев маълум набуд, вале Шерзамонов ин иттиҳомро қатъиян рад мекунад. Холбашев ва Мамадшоева низ баъдан дар додгоҳ изҳор доштанд, ки ин “эътирофи гуноҳ” аз онҳо бо роҳи фишор гирифта шуда буд.

Чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи амрикоии дифоъ аз журналистон, раҳоии Улфатхоним Мамадшоева ва дигар журналистону блогерҳои помириро талаб кардаанд. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, иттиҳомоти зидди Мамадшоева бофта буда, дар асл мақомоти Тоҷикистон ин узви фаъоли ҷомиаи шаҳрвандиро барои фаъолиятҳои журналистиаш ва муборизааш барои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла барои ҳимояташ аз ҳуқуқи ақалиятҳои помирӣ, таҳти таъқиб қарор додаанд.

Дар аввали моҳи майи соли 2023 Улфатхоним Мамадшоеваро барои адои ҳукмаш ба зиндони Норак, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон интиқол доданд. Гуфта мешуд, ки ӯ аз ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят накардааст ва ба ин далел 20 сол ҳукми зиндонаш қувваи қонунӣ пайдо кард.

Сабаби аз ҳукми тӯлониаш шикоят кардани Мамадшоева дақиқ нест, вале қаблан манобеи огоҳ аз ҳоли бадахшониҳои ҳабсу маҳкумшуда гуфта буданд, ки онҳо умед ва боварӣ ба адолати додгоҳиро аз даст додаанд ва шикоят бурдан ба додгоҳҳои болотарро коре беҳуда мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button