ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАСТ БА ҚАЛЛОБӢ ЗАДАНИ ДУ ПЕШСУДШУДА ВА ДУЗДӢ АЗ ТАРАБХОНАИ “КИШ-МИШ”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19.05.2023

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафари қаблан судшуда бо ҷурми қаллобӣ

140

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 66-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 247, 338 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда гардид, ки ӯ тобистони соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии зани 46-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, барои гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз гардидаст, ки ӯ аз моҳи апрел то моҳи декабри соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, барои аз Муассисаи ислоҳӣ озод намудани падараш аз ӯ маблағи 400 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содир намуда

14

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми майи соли 2023, марди 38-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо тариқи пинҳонӣ ба дукони савдояш, воқеъ дар ҶДММ бозори “Дӯстӣ” даромада, аз он ҷо 10-адад қубурҳои обгузари резиниро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 237 ва 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 8-уми декабри соли 2022, тахминан соати 20:00 ҳангоми дар тарабхонаи “Киш-миш”, қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз болои миз, 1-адад соати тиллоӣ, ки ба ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 17 ба 18-уми апрели соли 2023, тахминан соати 00:10-дақиқа бо тариқи пинҳонӣ аз назди манзили истиқоматии марди 59-солаи сокини ҳамин ноҳия 3 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button