ВидеоФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ РУСТАМ УРАЗАЕВ, АЛЛЕН ДЕЛОНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА СИТОРАИ “ТОҶИКФИЛМ”

Рустам Уразаев, ситораи синамои Шӯравӣ, ки роҳи эҷодиашро аз киностудияи “Тоҷикфилм” оғоз карда буд, рӯзи 18 майи соли 2023 дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Ӯ чанд моҳи охир аз бемории саратон ранҷ мекашид ва дар як бемористони Маскав таҳти табобат қарор дошт.

Рустам Уразаев 21 январи соли 1958 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Падари ӯ аз Ӯзбекистон ва модараш рус буд. Рустам Уразаев риштаи рассомӣ ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм карда, аз соли 1974 ба фаъолияти эҷодӣ пардохтааст ва дар тӯли қариб ним асри фаъолияти худ дар театру синамо беш аз 50 нақш иҷро кардааст.

Рустам Уразаев соли 1978 дар филми маъруфи тоҷикии “Ошпаз ва сароянда” ҳамроҳи ҳунарпеша Махфират Ҳамроқулова нақши асосиро бозӣ карда, дар солҳои 80 пас аз намоиши филми “Садама дар фурудгоҳ”, ки низ маҳсули “Тоҷикфилм” буд,  дар саросари Шӯравӣ ва берун аз он шуҳратёр шуд.

Рустам Уразаев солҳои охир асосан дар Русия кору зиндагӣ мекард ва дар силсилафилмҳое, аз қабили “Знахар” ва “Глухар” нақш бозида, дар таҳияаашон ҳамчун коргардон низ фаъолият кардааст. Илова бар ин, вай дар филмҳои “Бо тахаллуси “Албанӣ”, “Қиссаҳои занон”, “Гвардияи панҷум”, “Хона дар зери офтоби гарм”, “Ҷавонии як нобиға”, “Гу-га”, “Шағолҳо”, “Рок-н-ролл барои маликаҳо” ва “Атаман” нақш офаридааст.

Уразаев ҳамчун коргардон, қисматҳое аз силсилафилмҳои “Из”, “Шамшер”, “Саргузаштҳои занон”, “Тор” ва ғайраро ба навор овардааст.

Ӯро барои монандиаш ба ситораи фаронсавӣ Аллен Делон “Аллен Делон аз Осиёи Миёна” ном мебурданд ва худи Уразаев нақл мекард, ки як дафъа ҳангоми таҳияи як филм дар Фаронса ҳунарпешагони фаронсавӣ низ аз ин шабоҳати ӯ бо Делон ба ҳайрат уфтода, суолаш кардаанд, ки оё ӯ писари ин ситораи синамои Фаронса нест?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button