ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

БО ТАҚОЗОИ ЗАМОН, НА БО ТАҚОЗОИ ҚОНУН: АЗ БОЗДОШТИ ЗАЙД САИДОВ 10 СОЛ ГУЗАШТ

Субҳи 19 майи соли 2013, Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкори хушноми тоҷик,  ки он рӯзҳо бо сафаре дар Аврупо қарор дошт, бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори ёру дӯстон ва ҳатто мансабдорони баландпоя бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Франкфурт ба Душанбе омад. Бо ин умед ва хушбоварӣ, ки меояду бегуноҳии худро исбот мекунад.  Аммо ин умед бароварда нашуд ва дар умум ба 29 соли зиндон маҳкум карданд. 7 соли ин ҳукм бо ҷурмҳои иқтисодист ва беш аз 20 соли дигараш бо ҷурмҳои бофтаи “таҷовуз ба номус”.

 Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, рӯзи 19 майи соли 2023 дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук дар мавриди ҳукми падараш навиштааст, ки  падари ӯро на бо тақозои қонун, балки бо “тақозои замон” чунин бераҳмона зиндагӣ карданд.

“Ҳавопаймое субҳи 19 майи 10 сол пеш мусофиреро ба Душанбе овард, ки на бо тақозои қонун, балки бо “Тақозои замон” зиндонӣ шуд. Даҳ сол аз умри инсон чӣ гуна сипарӣ мешавад? Дар озодӣ, дар ҳалқаи наздикону пайвандон ва бидуни туҳмату таҳқир ноаён, аммо дар зиндон чӣ? Ва он ҳам зиндоне, ки додгоҳ гунаҳкории маҳкумшударо исбот накарда, танҳо бо ибораи “Тақозои замон” қаноат варзида бошад? Ҳар кадом рӯзи ин даҳ сол баробар ба 10 сол тӯл дошт, ҳам барои мо, фарзандон, ҳам барои падарамон – Зайд Саидов”, навиштааст Хайрулло Саидов.

Ӯ аз мақомот хостааст, ки бо гузашти 10 сол дигар аз гуноҳҳои нокардаи падараш гузаранд ва ақалан аз лиҳози инсонӣ, маълули модарзод аз як даст маҳрум будан ва дарди меъдаву даҳҳо дарди дигари дар маҳбас гирифторшудаашро ба назар гирифта, озодаш кунанд.

Хайрулло Саидов навиштааст: “Инак, 10 сол шуд, ки падари бегуноҳи ман бо “тақозои замон” умри азизашро дар кунҷи зиндон мегузаронад. Аз ин ки ӯ дар ин муддат чӣ хидматҳое барои ин ҷомеъа метавонист, анҷом диҳад, ҳарфе намегӯем. Ҳатто намепурсем, ки ҷуброни ин 10 соли умри бо туҳмат дар зиндон сипарӣ шударо кӣ ва бо чӣ қимате метавонад, пардохт кунад. Албатта, бо ҳеҷ кимате ин умри рафтаро ҷуброн наметавон кард. Танҳо рўи дил доғҳои ин рўйдоди нангин мемонаду бас, ки умри азизу гиромиву бебозгашти падари азизамро ҳайф карданд. Зистанро Худованд барои ҳар нафар як навбат медиҳад ва онро на такрор асту на баргашт. Ва падари азизи ман, ки ҷинояткор нест ҳаққи дар озодӣ зиндагӣ карданро дорад. Ҳадди ақал тасмимгирандагони парвандаи падарам бо гузашти даҳ сол ин паҳлуҳои инсониро ба назари эътибор гиранд ё ҳеҷ набошад маълулият (падарам модарзод аз як даст маҳрум аст), бемории меъда ва пиронсолиашро ба назар гирифта, аз зиндон озодаш кунанд. Аз мо танҳо умед бастан, аз тасмимгирандаҳо инсофу адолат.

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Нуробод ба дунё омада ва соли 1983 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои 1984-1983 сармуҳандиси корхонаи “Ритуал”-и Душанбе, солҳои 1987- 1988 сардори бахши қаннодии корхонаи кулчапазиву қаннодии пойтахт, сипас то соли 1991 сардори коргоҳи коркарди сангҳои мармари ширкати “Промстройматериали” ва солҳои1991-1992 раҳбари корхонаи коркарди санги мармар “Лаъл” буд.

Вақте нирӯҳои Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 вориди Душанбе шуданд, манзили Зайд Саидовро дар кӯчаи Қаротегин оташ заданд. Худи ӯ тавонист наҷот биёбад ва ба Маскав фирор кунад. Зайд Саидов дар солҳои ҳиҷрат ба яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик дар Маскав ва Русия  табдил ёфт ва дар музокироти сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин низ ширкат кард. Баъди имзои созишномаи сулҳ, соли 1998 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи барои мухолифин ҷудошуда Зайд Саидов раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Зайд Саидов аз соли 2002 то 2006 вазири саноати Тоҷикистон буд ва баъди рафтанаш аз ин мақом ширкати “Тоҷсохтмон”-ро ташкил дод.

Ин ширкат ба яке аз ширкатҳои пештоз дар бозори сохтмони кишвар табдил ёфт ва чандин бинои муҳташам дар пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла “Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар шаҳри Душанбе дониста мешуд, бинои нави мактаби рақами 8, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур” ва дафтари марказии ширкати”TCell”-ро ширкатҳои сохтмонии марбут ба Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва ибтидо ба 26 ва дар ниҳоят ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

 Худи ӯ борҳо боздошту ҳукми зиндонашро сиёсӣ номида, ба азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ рабт додааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ меноманд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ангезаҳои сиёсӣ доштани ҳукми ӯро рад мекунанд.

Вале ҳатто додрасе, ки ҳукми охирини Зайд Саидовро содир кард, шармидаву гунаҳкорона гуфта буд, “Зайд Шерович, чӣ кор кунем, ки тақозои замона ҳамин аст…”

Дар соли 2018 ду ниҳоди муътабари Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи инсон,  ҳукми зиндони Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номиданд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ӯро озод карда, барои солҳои дар зиндонаш пасисаркардааш ба Зайд Саидов ҷуброн пардохт кунад. Вале қарори Созмони Милалро ҳам дар Душанбе касе ба инобат нагирифт.

Матни пурраи матлаби Хайрулло Саидов инҷост:

Ҳавопаймое субҳи 19 майи 10 сол пеш мусофиреро ба Душанбе овард, ки на бо тақзои қонун, балки бо “Тақозои замон” зиндонӣ шуд

Даҳ сол аз умри инсон чӣ гуна сипарӣ мешавад? Дар озодӣ, дар ҳалқаи наздикону пайвандон ва бидуни туҳмату таҳқир ноаён, аммо дар зиндон чӣ? Ва он ҳам зиндоне, ки додгоҳ гунаҳкории маҳкумшударо исбот накарда, танҳо бо ибораи “Тақозои замон” қаноат варзида бошад? Ҳар кадом рӯзи ин даҳ сол баробар ба 10 сол тӯл дошт, ҳам барои мо, фарзандон, ҳам барои падарамон – Зайд Саидов.

Сарҷамъиву баракат, хотири ҷамъи мо фарзандон дар хонадон аз ҳузури падар сарчашма мегирифт. Ёди он рӯзгори воқеъан хубу хуш мекунаму дилам гум мезанад; барои суҳбатҳои нотакрору самимӣ, барои сарҷамъии хонавода, барои лаҳзаҳои осудагӣ…

Вале даҳ сол дуриву ҳиҷрон аз ин давлати бебаҳо маънии зиндагиро бароямон коста, ҳавасу ҳавсаларо куштааст. Падарҷон, дар ин даҳ сол бе ҳузурат лаҳзаи ширину роҳате наёфтем. Суҳбати гарму муҳаббати беғаразе надидем. Мутаассифона, шумо низ, Падарҷон, мутмаинам дар зиндон дар ёди хонаводаву пайвандон ранҷ мекашед…

Ин ҳиҷрону ин зиндон даҳсола шуд. Даҳ сол аз умри як инсон, ки бо “Тақозои замон” бегуноҳ дар зиндон мегузарад, сахттар аз ҷон коҳондан аст. Бале, таҳаммули туҳматҳои сохта кори саҳлу содае нест, тору пудатро месӯзад… Давои ин дарду ранҷ расидани ҳақ ба ҳақдор аст.

Сарнавишт моро ба гирдоби ҳодисаҳои нохуб печонид, ки ҷавониямонро бо ин сӯзу фироқу ҳиҷрон, бо ин алам мегузаронем, чӣ будани шукуҳу ҷалоли ҷавониро фаромӯш кардаем. Умр мераваду корвони ҷавониҳоямон кайҳо рахт бастааст. Вой аз ин ноадолатиҳои рўзгор, дод аз ибораи “Тақозои замон”, ки орзуву ормонҳои як хонаводаи шарифро ба ғуссаву ҳиҷрон иваз кард. Кунун сарнавишти Шумо, падарҷони азизам, ба дасти дигарон аст ва хеле нороҳатам, ки барои озодиат коре карда натавонистам. Танҳо дуо мекунам, ки Худованд иноят фармояд ва бо сари баланд аз ин санҷиш бигзарӣ. Зеро, Шумо, падарҷон, барои ман симои барҷаста ва намоди ҷавонмардиву ифтихор ҳастед.

Чанд лаҳзаро ёдовар шудан ба маврид аст, ки вақти бозгашт аз сафари Фаронса, субҳи 19 майи соли 2013, падарамро аз дохили ҳавопаймо дастгир карданд. Яке аз афсароне, ки ҳангоми боздошт ширкат дошт, бо ифтихорнома қадрдонӣ шуд ва ҳар ҷое, ки менишаст ифтихор мекард, ки “Зайдро ӯ дастгир кардаву овардааст”. Зайдеро, ки бо иродаву ихтиёри худ ба ватанаш баргашта буд. Ва ҳамагон шоҳид буданд, ки ҳангоми дар хориҷ будани падарам дар ватан нисбаташ парванда боз карданд ва аз ӯ пайваста масъалаи бозгашташро суол мекарданд. Ҷавоби вай ягона ва қатъӣ буд, ки “ман гуноҳе надорам, ба ватан мераваму дар доираи қонун мушкилии пешомадаро ҳаллу фасл мекунам”. Бехабар аз он буд, ки қонун низ қурбони “Тақозои замон” мешавад.

Тавре огоҳӣ дорем, онҳое ки падарамро дастгир кардаву парвандаи ӯро бо туҳматҳову бешарафиҳо бофтанду сохтанд, дар моҳҳои аввали тафтишоти парванда то ҳадде мутакаббир шуда буданд, ки ба қавли мардум “дар ҳаври даҳонашон кабоб мепухт”. Аммо оқибати корашон чӣ шуд? Албатта, сазои худро дар ин дунё гирифтанд ва итминон дорам рўзи ҷазо низ назди Холиқи якто беҷазо нахоҳанд монд. Ҷои шубҳа нест, ки дар зиндон одамони бегуноҳ зиёданд, ки мисли падари ман адои ҷазо мекунанд ва онҳое, ки ин зулмро нисбати бегуноҳон раво дидаанд, вой бар ҳолашон, ки назди Довари ҳақ – Худованди тавонманд чӣ ҷавоб мегуфта бошанд?!

Ин ки мегӯям, падари ман бегуноҳ зиндонӣ шудааст, яке аз далелҳоям ин аст: вақти баррасии парванда судя ваъда карда буд, ки холисона ҳукм содир мекунад. Аммо ҳангоме, ки далелҳову санадҳои падари ман ба эътибор гирифта нашуд ва судя ҳукми зиндон содир кард, падарам пурсид:

– Муҳтарам судя, қонун чӣ шуд, шумо ваъда кардед, ки аз рӯи қонун мебинед?

Судя посух дод:

– Зайд Шерович, худатон медонед, ки тақозои замон ҳамин будааст.

Инак, 10 сол шуд, ки падари бегуноҳи ман бо “тақозои замон” умри азизашро дар кунҷи зиндон мегузаронад. Аз ин ки ӯ дар ин муддат чӣ хидматҳое барои ин ҷомеъа метавонист, анҷом диҳад, ҳарфе намегӯем. Ҳатто намепурсем, ки ҷуброни ин 10 соли умри бо туҳмат дар зиндон сипарӣ шударо кӣ ва бо чӣ қимате метавонад, пардохт кунад. Албатта, бо ҳеҷ кимате ин умри рафтаро ҷуброн наметавон кард. Танҳо рўи дил доғҳои ин рўйдоди нангин мемонаду бас, ки умри азизу гиромиву бебозгашти падари азизамро ҳайф карданд. Зистанро Худованд барои ҳар нафар як навбат медиҳад ва онро на такрор асту на баргашт. Ва падари азизи ман, ки ҷинояткор нест ҳаққи дар озодӣ зиндагӣ карданро дорад. Ҳадди ақал тасмимгирандагони парвандаи падарам бо гузашти даҳ сол ин паҳлуҳои инсониро ба назари эътибор гиранд ё ҳеҷ набошад маълулият (падарам модарзод аз як даст маҳрум аст), бемории меъда ва пиронсолиашро ба назар гирифта, аз зиндон озодаш кунанд. Аз мо танҳо умед бастан, аз тасмимгирандаҳо инсофу адолат.

ТАЪРИХЧАИ ПАРВАНДАИ ЗАЙД САЙИДОВ (ТАҲИЯИ ҲАФТАВОРИ “НИГОҲ”)

19- уми майи соли 2013 вазири собиқи саноат, соҳибкори муваффақ Зайд Саидов дар фурӯдгоҳи Душанбе ҳини бозгашт аз Фаронса боздошт шуд

ХРОНОЛОГИЯИ ҲАВОДИСИ ВОБАСТА БА ӮРО ТАҲЛИЛГАРОН ЧУНИН НАВИШТА БУДАНД:

6-уми апрели сол 2013 Зайд Саид бо гуруҳи ҳамфикронаш аз ташаббуси таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” хабар дод. Ду рӯз баъд болои ӯ ва ёронаш фишорҳо шуруъ шуданд, мақолаҳои супоришӣ дар нашрияҳои даврӣ интишор ёфтанд.

Расонаҳо аз зангҳои телефонии таҳдидовар ба сарвари гуруҳи ташаббускор хабар доданд, вале муроҷиати ӯ ба мақомоти салоҳиятдор барои ҳифз ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон ягон натиҷа надод. Дар матбуот шаҳодати шахсони алоҳида чоп шуд, ки хешовандони президенти мамлакат ба ӯ таҳдид кардаанд, ки агар ба таври фаврӣ аз ҳадафҳои сиёсии худ даст накашад ва аз Президент пузиш нахоҳад, ҷазо хоҳад дид.

Дар ин миён вай сафари хидматӣ ба хориҷи кишвар дошт, ки аллакай дар бораи оғози парванда барои бисёрзанӣ ва гумонбар шуданаш ба ҷиноятҳои коррупсионӣ овозаҳо паҳн шуданд. Таблиғоти зидди ӯ дар расонаҳои ҳукуматӣ ва наздик ба ҳукумат то замони тасмими ниҳоии боздошташ дар фурудгоҳ шуруъ гардиданд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар як матлабе ӯро ба муносибати хоса доштан бо сароянда Нозияи Кароматулло мутаҳҳам кард. Чун Нозия аз афроди наздик ба аъзои оилаи президент маҳсуб мешуду дар ҳамчунин матлаб гирифтани номи ӯ бе иҷозаи махсус, хоса барои “Тоҷикистон” номумкин будааст, таҳлилгарон боздошти ӯро ҳалшуда донистанд.

Аммо Зайд Саид эълон дошт, ки аз хориҷа бармегардад, чун итминон дорад, ки ҷинояте содир накардааст ва ба ҳама иттиҳомот метавонад посух диҳад. Баъди боздошти ӯ маълум шуд, ки тамоми ин муддат Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ӯ ва афроди наздикаш бозии оперативӣ бурда, намояндагони хадамоти амниятии кишвар рӯзҳои 15-18-уми май бо ӯ дар хориҷ вохӯрда, кафолати сад дар сади боздошт нашуданашро ҳам дода буданд.

Аз сӯи дигар собиқ Раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Гурез Зарипов бо воситаи муовини сарвари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав” Маҳмудҷон Қосимов, ки замоне муовини ӯ дар Хадамоти гумрук буд, аз номи давлат ин гуна кафолатро медиҳад.

Соати 03-00-и 19-уми майи соли 2013, ба муҷарради бозгашт аз сафари Порис дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд, ҳарчанд мақомот ин гуна ҳуқуқро надоштанд, зеро Зайд Саид вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, дахлнопазир маҳсуб мешудааст.

Бино ба навиштаи вакилони мудофеаи Зайд Саидов, ки ҳамон рӯзҳои расонаӣ шуда буд, ҳангоми боздошт ҳамчунин он ҳолат, ки боздоштшуда вакили мардум дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе буд, ба инобат гирифта нашуд ва бо ин моддаҳои 21 ва 22 Қонуни ҶТ “Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакили Маҷлиси депутатҳои халқии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо”, ки ризояти ин мақом бояд гирифта шавад, вайрон ва он танҳо баъди 32 соати боздошт ба даст оварда шуд. Аммо то ин замон аллакай як силсила амалиётҳои тафтишотие чун кофтуков дар хонаи оила ва хешовандон, дафтари корӣ, рӯ ба рӯ кардан бо Низомхон Ҷӯраев пурсиш ба сифати гумонбар, мусодираи аснод, техникаи компутарӣ, воситаҳои пулӣ ва дигар ашё гузаронида шуд.

Баъдтар адвокатҳои ӯ эълон доштанд, ки боздошти депутат бо нақзи моддаҳои 46 (Гумонбаршуда), 94 (Тартиби боздошт), 190 (кофтуков), 191 (Асосҳои барои дарёфт кардан), 192 (Тартиби анҷом додани кофтуков ва дарёфт кардан)-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон рух додаасту протоколи боздошти Зайд Саид тӯли 35 соат баъди амалан дастгир шуданаш дар бинои Агентӣ тартиб дода шудааст.

Дере нагузашта, фаъолшавии Агентии мубориза бо фасод дар муҳити расонаӣ ба нестӣ мераваду тафтишот, бинобар гуфтаи ҳуқуқшиносон, ғайриқонунӣ бо нақзи моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи сирри давлатӣ” ба парванда муҳри махфӣ зад.

Дар давоми тафтишоти пешакӣ талаби моддаи 53-и Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавӣ дағалона вайрон карда мешавад, яъне Зайд Саид пурра аз доштани ҳуқуқи дидорҳои маҳрамона ва номаҳдуд бо вакилони мудофиа маҳрум карда мешавад.

Як рӯз баъди боздошт, яъне 20-уми майи соли 2013 дар воситаҳои ахбори умумии ҳукуматӣ ва асосан бо воситаи телевизион маъракаи густардаи беэътибор кардани обрӯи Зайд Саид оғоз мешавад.

Худи ҳамон рӯз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳҳои пурҷамъияту пуродам китобчаи мазмунан туҳматомез ройгон ба одамон тақсим карда шуд, дар он Саидов З.Ш.-ро чун барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мешуд. Дар чанд моҳи аввал молу мулк ва амволи ғайриманқули Зайд Саид ва хешовандони дуру наздики вай ба ҳабс гирифта шуданд.

Ба навиштаи адвокатҳо бо нақзи моддаҳои 53 ва 175 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ мақомоти тафтишоти пешакӣ ва прокуратура бештар аз 30 дархосту аризаи вакилони мудофиа дар бораи пешгирӣ аз вайрон кардани Конститутсия ва қонунҳои мурофиавиро дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ба баррасӣ нагирифтанд. Бар хилофи талаботи қисми 3, моддаи 210 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ оид ба қонеъ намудан ва ё рад кардани аризаҳои супурдашуда муфаттишон ягон қарор дар бораи қонеъ намудан ва ё рад кардани онҳо содир накарданд.

Аризаҳои зиёди адвокатҳо дар бораи таъин намудани ташхиси генетикӣ оид ба ҷиноятҳои хислатан шаҳвонӣ қонеъ карда нашуда, ҳамзамон аллакай баъди он ки парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол мешавад, ин гуна ташхис аз ҷониби тафтишоти пешакӣ таъин мегардад.

Баъдтар ВАО аз ҳодисаи тақаллуб дар парванда бо истифода аз воситаҳо ва усулҳои ғайриқонунӣ сохтакорӣ дар хулосаи ташхис хабар медиҳанд, ки дар натиҷа хулосаи манфии таҳқиқот дар мавриди падарии Зайд Саид мусбат нишон додаву ба суд пешниҳод шудааст. Тавре нашрияи “Азия Плюс” иттилоъ пахш кард, роҳбарият ва мутахассисони озмоишгоҳи маскавии “Био-Папа”, ки худи мақомоти тафтишот ба сифати муассисаи ташхисӣ пазируфта будаанд, тасдиқи ҳуҷҷатӣ ва видеоӣ доданд, ки хулосаи ташхиси онҳоро дар Агентии мубориза зидди коррупсия сохтакорона тағйир додаанд. Ҳарчанд ин қазия ба расонаӣ шуд, Прокуратураи генералӣ дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон чора наандешид.

Дере нагузашта, расонаҳо иттилоъ пахш карданд, ки ба вакилони мудофеа ва ҷонибдорони Зайд Саид фишор оварда, таҳдид ҳам ҷой дорад.

Чунончӣ, барои баргузории “Флеш-моб” бахшида ба саддумин рӯзи боздошти Зайд Саид ва будубоши ӯ дар маҳбас суд чор тан аз писарони ӯ, домод ва аъзои гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсии “Тоҷикистони нав” Маҳмудҷон Қосимовро ба муҳлати 5 шабонарӯз боздошт намуд, ҳамчунин узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави сиёсӣ Соҳибназарова М. ҷаримаи маъмурӣ шуд.

Тибқи хабарҳои ҳамон рӯзҳо расонаишуда баъди як нишасти матбуотии адвокатҳо, ки дар таърихи 30-уми июли соли 2013 баргузор гардид, роҳбарияти Агентии мубориза бо фасод шахсан вакилони мудофеаро даъват карда ва басо бо оҳанги дағалона онҳоро ба таъқиби ҷиноӣ ва лаҳзаи нави гунаҳгорсозии шахси зерҳимояашон ба содир намудани ҷиноятҳои шаҳвонӣ таҳдид намудаанд.

Баъди ин дар парванда ҷабрдидаи нав- ноболиғ Е.В. бо иддиои таҷовуз ба номус падидор шуд, ки набераи модари “ҷабрдида”-и аввал будааст.

Вакилони мудофиа низ истисно набуданд. Дар остонаи баррасии парвандаи иқтисодӣ бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонкӣ, ки бо гарав таъмин шудааст, вакили мудофеаи маъруф, Раиси яке аз коллегияҳои адвокатҳои кишвар Фахриддин Зокиров, ки машғули парвандаи иқтисодӣ оид ба моликияти Зайд Саид буд, ба ҳабс гирифта шуд…

Моҳи июли соли 2014 бе ширкати вакили мудофиаи дигар-Шуҳрат Қудратов парванда дар бораи ҳифзи номус ва шарафи “ҷабрдида” Бобораҷабова Моҳира, ҳамоне, ки нишондодаш дар мавриди падарии Зайд Саид ба фарзанди ӯро натиҷаи ташхис рад кардааст, баррасӣ мешавад.

Дар ин мурофиа суд пурра даъвои шаҳрванди ёдшударо қонеъ намуда, аз ҷумла ҷуброни зарари маънавӣ ба андозаи 200 000 сомонӣ таъин мекунад. Асоси ин даъворо сабти суҳбати телефонии Шуҳрат Қудратов бо як нафар ташкил медиҳад. Ин сабтро мақомот бо истифода аз таҷҳизоти махсус забт кардаанд ва ба ихтиёри Бобораҷабова вогузоштаанд.

Ба дунболи ин моҳи июли соли 2014 бо иттиҳоми додани ришва ба суд барои сабук кардани ҳукми гумонбар ба ҷиноят Шуҳрат Қудратов ба ҳабс гирифта шуд. 13-уми январи соли 2015 Суди шаҳри Душанбе Қудратовро 14 сол зиндонӣ кард, ки тибқи қонуни афв аз он 6 солашро кам карданд. 3-юми марти 2015 бо шикояти касатсионии адвокат Раҳматилло Зойиров Суди Олии Тоҷикистон ҳукми Суди шаҳри Душанбе нисбат ба Шуҳрат Қудратовро бозбинӣ карда, муҳлати ҳабси ӯро се маротиба коҳиш дод.

Аз се вакили Зайд Саид танҳо яке аз онҳо-Исҳоқ Табаров монд.(соли 2016 аз сактаи қалб фавтид)

Дар доираи тафтиши парвандаи иқтисодӣ Зайд Саид дар охири моҳи декабри соли 2014 аз Агентии зидди фасод хост, ки ӯро бо се мансабдори баландпояи Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Давлаталӣ Саидов, муовини аввали Сарвазир ва Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Дастгоҳи иҷрояи рӯбарӯ кунанд. Аммо ин дархост аз ҷониби Агентӣ рад шуд. Инчунин, аз Суди Олӣ бо ирсоли мактуб хоста буд, ки парванда сирф иқтисодист ва бояд бо ҳузури хабарнигорон дар толори Суди Олӣ мурофиа баргузор шавад. Парванда муҳри махфӣ надорад.

Мурофиаи парвандаи иқтисодии ӯ пӯшти дарҳои баста дар боздоштгоҳи КДАМ 12-уми феврали соли 2015 оғоз шуд. Дархост дар бораи дар толори Суди Олӣ гузарондани мурофиа рад гардид ва судя барои озод гузарондани мурофиа ва иштироки журналистон иҷозат дод, аммо раҳбарияти боздоштгоҳи муваққатии КДАМ гуфтааст, ки имкони ҷой додани журналистон дар мурофиаро надоранд, зеро толор хурд мебошад. Ҳоло мурофиа идома дорад…

БАЪДАН ЗАЙД САИД БО ҲУКМИ ДОДГОҲИ ДЮМ ҲУКМАШ БЕТАҒИР МОНД БАР АКС БО 29 СОЛИ ЗИНДОН ВА 30 МИЛЛИОН СОМОНИ ҶАРИМА МУАЗЗАФ ШУДА ҲАМАИ ДОРОИҲОЯШ МУСОДИРА ШУД……

Соли 2017 қариб ҳамаи аъзои бригадаи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов бо ҷурми порахӯрӣ, коррупсия ва бофтани парвандаҳо маҳкм ба зиндон шуданд, Аммо ин ба сарнавишти Зайд Саидови зиндонӣ таъсире накард…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси ҳизби “Тағйири Тоҷикистон” гуяд:

    Зайд Сайид дар дохили система буд, аз дохил вазъро хеле беҳтар мешинохт, аммо хеле содда, сустирода, заъиф ва зудбовар будааст, ё ҷаҳонбинии кӯтоҳ доштааст, беҳтар ин буд, ки тамоми пулу мол ва дороиҳое, ки барои ташкилу таъсиси ҳизб сарф кард ё мекард, аз ягон ҳизби мухолифи дигар, мисли ҳизби наҳзати и.т. (қабл аз ин, ки ҳизби наҳзат “думбурида” шавад) ё ҳизби сотсиал-демократ ҳимоят мекард хеле беҳтар буд. Ҳизбе, ки дар парлумон курсӣ дорад, аз дохили кишвар кӯмак бигирад, ҳеч мушкиле нест.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button