“ЯК ГЕКТАР ЗАМИНИ МАКТАБРО ФУРӮХТ”. ПАРВАНДАИ ЗИДДИ РАИСИ ИДОРАИ ЗИДДИ МАЛАХИ ХАТЛОН БАЪДИ ТАНҚИДИ ПРЕЗИДЕНТ

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus
Баъди танқиди президент нисбати роҳбари корхонаи зидди малахи Хатлон бо се модда парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд
Додситонии ноҳияи Кӯшониён нисбати Раҷабалӣ Давлатзода, директори филиали “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” дар Хатлон бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, ғайриқонунӣ тақсим кардани замин, сохтакорӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар ин бора рӯзи 17 майи соли 2023 як манбаъ аз додситонии вилоят ба “Азия Плюс” хабар дод.
Ин дар ҳолест, ки се ҳафта пеш, 27-уми апрели соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо фаъолони вилояти Хатлон аз Раҷабалӣ Давлатзода танқид карда гуфта буд, ки ӯ 1 гектар замини мактабро “ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст”.
“Соли 2015 бо қарори собиқ раиси ноҳияи Кӯшониён 1 гектар замини варзишгоҳи муассисаи таълимии рақами 64 ноҳияи Кӯшониён ба директори филиали Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода ҷудо карда дода шуд. Раҷабалӣ Давлатзода бошад, онро ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда фурӯхт”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Манбаъи “Азия Плюс” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, нисбати Раҷабалӣ Давлатзода 12 майи соли равон парванда боз шудаааст. Вале маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё не.
“Раҷабалӣ Давлатзода дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 340 қисми 2 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), 247 қисми 3 (қаллобӣ) КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад”, – гуфтааст манбаъи “Азия Плюс”.
Ҳамчунин, дар баробари ӯ, нисбат ба ду корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Кӯшониён низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо низ барои ғайриқонунӣ додани замини мактаби 64-и ноҳия гумонбар мешаванд.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара, аз қонунвайронкуниҳо дар самти замин дар қаламрави вилояти Хатлон эрод гирифта гуфт, тайи як солу се моҳи сипаришуда дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 392 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида 3 ҳазору 977 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.
Президент аз даст задани собиқ муовини раиси ноҳияи Восеъ Худоёрзода ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳафизов мисол овард ва зикр кард, ки раисони шаҳру ноҳияҳо медонанд, ки зердастонашон даст ба ҷиноят мезананд, чунки “бе иҷозати раиси шаҳру ноҳияҳо касе як бел намезанад, ришта намекашад. Ин барои баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва кумитаҳои замину дигар як бизнес шудааст”.
Президент илова кард, ки дар умум 21 гектар замини мактабҳо дар вилояти Хатлон худсарона ишғол ва ё ғайриқонунӣ тақсим шудаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар пайи танқиди президент мансабдорон ё хидматчиёни давлатӣ аз кор ронда шуда, дар баъзе ҳолатҳо нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз мекунанд. Қаблан, низ чунин ҳолатҳо ҷой дошт, вале баъдан онҳое танқид шуда буданд, танҳо аз мансаб ронда шуданду халос.
Манбаъ: “Азия Плюс”

