ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТИРПАРРОНӢ ДАР КАНОРИ БИШКЕК: ЯК “ТЕРРОРИСТ” КУШТА ШУД, ДУ АФСАР ҶАРОҲАТ БАРДОШТАНД (ВИДЕО)

Субҳи 17 майи соли 2023  дар деҳаи Дмитриевкаи ноҳияи  Иссиқ-Отаи вилояти Чӯ, воқеъ дар фосилаи ҳамагӣ 30 километр аз шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти вижаи кормандони ВКД ва КДАМ ин ҷумҳурӣ як террористи мусаллаҳ, ки муқовимат нишон дод, аз байн бурда шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД Қирғизистон хабар дод.

 Нашрияи 24.КГ хабар дод,  ки субҳи 17 май дар Дмитриевка тирпарронӣ сурат гирифт. Ба иттилои ин нашрия, нирӯҳои вижа амалиётеро барои боздошти гуруҳи афроди гумонбар ба ҳамлаи ғоратгарона ба роҳ андохтанд, вале онҳо ба сӯи нирӯҳои вижа оташ кушодаанд.

Бино ба хабарҳо, субҳи 17 май деҳаи Дмитриевка пур аз нирӯҳои вижа ва мошинҳои зиреҳпӯш шуда буд. Ба ғайр аз садои тирпарронӣ, садои таркиш ҳам ба гӯш мерасид ва аз боли боми хонае, ки афроди силоҳбадаст пинҳон шуда буданд, ба ҳаво дуд баланд мешуд.

Мақомоти тиббии ноҳияи Исиқ Ота баъдан хабар доданд, ки дар тирпарронӣ дар Дмитриевка ду афсари нирӯҳои вижа ҷароҳат бардоштаанд. Онҳоро ба маркази табобати умумии ин ноҳия овардаанд. Яке аз ин афсаронро, ки ҷароҳати сабук бардошта буд, баъди бастани захмаш ҷавоб додаанд: ӯ дар шароити хона ба табобати худ идома медиҳад. Вале захмии дуюмро, тавре вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба шаҳри Бишкек ба Бемористони миллӣ интиқол додаанд.

Хабаргузории русии “Спутник Қирғизистон” хабар дод, ки мақомот дар Дмитриевка барои боздошти “гуруҳи афроди мусаллаҳ” амалиёт доир карданд. Вале ВКД Қирғизистон аз кушта шудани танҳо як “террорист”  хабар дод.

Дар бораи шахсияти ин нафари кушташуда ва ба кадом гуруҳ рабт доштани ӯ маълумот хеле кам аст. “Спутник” тавонистааст бо як зани сокини Дмитриевка, ки хонаашро чанд рӯз пеш ба он мард иҷора дода буд, суҳбат кунад. Ин зан нақл кардааст, ки он мард худро сокини Ӯш мегуфт ва се рӯз пеш ба Дмитриевка омада, хонаи ӯро иҷора гирифт.

“Вай гуфт, дар инҷо муддати тӯлонӣ истоданист ва занашро ҳам аз Ӯш меорад. Вале вай ба мо шиноснома ё ягон ҳуҷҷати дигар нишон надод. Мо намедонистем, ки ӯ кист? Ҳоло бубинед, ки аз пушти ин иҷоранишин хонаи мо ба коми оташ рафт”, — нақл кардааст  ин зан, ки ба бахти бадаш, хонаи худро ба як марди комилан ношинос ва ҳатто ҳуҷҷатҳоро ӯро нопурсида, ба иҷора додааст.

Азбаски ин хона дар байни бинои идораи ҷамоат ва мадрасаи занона ҷойгир шуда буд, бархе сокинон гумон мезаданд, ки ҷинояткорон метавонанд дар мадраса пинҳон шуда, толибилмонро гаравгон бигиранд.

Вале ин гумон тасдиқ нашуд. Дар идораи мусалмонон ё муфтиёти Қирғизистон гуфтаанд, ки духтарони толибилмро ба сурати оҷил ба макони амн кӯчондаанд.

Бино ба хабарҳо, тақрибан соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ мошинҳои ҳарбӣ деҳаи Дмитриевкаро тарк карданд ва амалиёти вижа бо ҳамин тамом шуд. Дар ҷои ҳодиса танҳо муфаттишон ва миначинҳо (сапёрҳо) боқӣ мондаанд. Дар бораи кӣ будани нафаре, ки дар Дмитриевка кушта шуд, то ҳол ягон  иттилои мувассақу санҷидашудае ба даст нарасидааст.

Манбаъ: Хабаргузории Фарғона

Дмитриевка беш аз 3 ҳазор аҳолӣ дошта, дар тақрибан 30-километрии шарқи Бишкек ва ҳамагӣ 5-километрии фурудгоҳи Кант, қароргоҳи пойгоҳи ҳавоии артиши Русия дар Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button