АфғонистонВидеоДин ва боварҳоТоҷикистон

“САНГАР” МЕГӮЯД, ТОЛИБОН РАҲБАРИ “АНСОРУЛЛОҲ” МАҲДӢ АРСАЛОНРО БО ИТТИҲОМИ ҲАМКОРӢ БО ДОИШ ДАСТГИР КАРДААНД

Сомонаи “Сангар”, ки асосан рӯйдодҳои Афғонистон ва марбут ба ин кишварро пайгирӣ мекунад, ахиран хабар дод, ки мақомоти ҳаракати тундрави Толибон Маҳдӣ Арсалон, раҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, як созмони тундравони тоҷикистониро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо шохаи “Вилояти Хуросон”, яке аз шоҳаҳои созмони террористии ДОИШ дастгир кардаанд.

Дар матлабе, ки рӯзи 14 майи соли 2023 дар сомонаи “Сангар” бо  имзои Фарзом Козимӣ нашр шудааст, бо такя ба як манбаъ дар вазорати дифои Толибон гуфта мешавад, бино ба иттиҳоме, ки истихбороти низомӣ ворид кардааст, гӯё Маҳдӣ Арсалон бо афроди ДОИШ дар Покистон тамос барқарор карда, дар вилояти Кунари Афғонистон бо онҳо мулоқот ва аз ин созмони террористӣ маблағи ҳангуфтеро дарёфт кардааст.

Тасдиқи ин маълумот тавассути манобеи дигар муяссар нашудааст, вале манбаи “Сангар” иддао дорад, ки “Арсалон бо ин маблағ ба шимоли Афғонистон омада, аз тоҷирони силоҳ дар Бадахшону Тахор ва Қундуз силоҳҳои мухталиф, назири М4-у РПГ ва муҳиммот харидорӣ намуд ва дар ҳоли таҷҳизи нерӯҳояш дар вулусволиҳои Янги Қалъаи вилояти Тахору Имом Соҳиби вилояти Қундуз ва дар худи шаҳри Қундуз буд”.

Ба қавли ин манбаъ, фармондеҳи ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ талош доштааст, ки раҳбарии умумии чанд созмон, назири “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва ғайраро дар шимоли Афғонистон ба дасти худ гирад.

“Ба ин манзур, ӯ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила ва Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон низ дидор намуда, аз онҳо дархости пуштибонӣ кардааст. Вай ба онҳо гуфтааст, ки мехоҳад бо нерӯҳояш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла кунад. Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҳадафҳои ӯро таъйид мекунад, аммо Мулло Яъқуб ризоият намедиҳад”, – гуфтааст манбаи “Сангар”.

Ба қавли ҳамсуҳбати “Сангар”, ҳангоми бозрасӣ Маҳдӣ Арсалон гӯё эътироф кардааст, ки аз раҳбарони ДОИШ дар Афғонистону Покистон дастуру маблағ дарёфт мекунад.

“Вай ҳоло дар блоки чаҳоруми маҳбаси Пули Чархӣ зиндонӣ аст. Ҳанӯз додгоҳаш сари ҷурмаш файсалае накардааст. Эҳтимоли боздошти ҳамдастони вай аз ДОИШ-и Хуросон вуҷуд дорад, ки истихбороти низомии Толибон рӯи онҳо кор мекунад”, – гуфтааст ин манбаъ, ки таъйиди дурустии суханонаш тавассути манобеи дигар ҳанӯз муяссар нашудааст.

Маҳдӣ Арсалон, ки номи аслиаш Муҳаммад Шарифов ва зодаи Тоҷикистон аст, аз раҳбарони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба ҳисоб рафта, бо духтари Насим, як сокини рустои Хӯғази вулусволии Нусайи Бадахшон издивоҷ кардааст.  “Сангар” менависад, Арсалон ҳамон нафарест, ки бо нерӯҳояш дар соли 2021 дар вулусволии Моймайи минтақаи Дарвозҳои Бадахшон ҳудуди 20 корманди пулисро тирборон карда, муртакиби ҷинояти ҷангӣ шуда буд.

Маҳдӣ Арсалон тақрибан 26 сол дошта, аз насли нави ҷангҷӯёни тоҷик ба шумор меояд. Ӯ дар деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистон дар оилаи Мирхоҷа Шарипов, як размандаи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ба дунё омадааст. Падари ӯ, ки бо Амриддин Табаров, асосгузори “Ҷамоати Ансоруллоҳ” риштаи қудоӣ дошт (як духтараш ба писари домулло Амриддин шавҳар карда буд), соли 2011 дар ҷараёни амалиёти зидди гуруҳи Мулло Абдулло Раҳимов дар водии Рашт кушта шуд.

Маҳдӣ Арсалон нафарест, ки ҳузураш дар Афғонистон ҳамеша мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон будааст ва ин нигарониҳо баъди дар он сӯи Омӯ ба қудрат расидани ҳампаймонҳои Арсалон аз ҷунбиши Толибони Афғонистон бештар шудааст.

Баробари ба қудрат омадани Толибон, хабар расида буд, ки афроди Арсалон дар марз бо Тоҷикистон чанд марзбони ҳукумати қаблии Афғонистонро сар бурида, хитоб ба марзбонҳои тоҷик таҳдид фиристодаанд, ки дафъаи оянда навбати онҳост. Баъдан хабар омад, ки Арсалонро масъули 5 дидбонгоҳи марзӣ дар марз бо Дарвози Тоҷикистон таъйин кардаанд.

Соли гузашта дар рӯбарӯи марзи Дарвоз бо ҳарфҳои бузург дар як бораи кӯҳ дар рӯи санг исми Арсалонро бо ҳарфҳои бузург, ки дар Тоҷикистон ҳам хонда шавад, навиштанд.

Арсалон ҳамчунин моҳи июли соли 2022 бо илҳом аз Толибони Афғонистон, созмонеро таҳти унвони “Таҳрики Толибони Тоҷикистон” таъсис дод, аммо ин тарҳи ӯ пуштибони молӣ пайдо накард. Зоҳиран баъди ин нокомӣ Арсалон барои ба даст гирифтани фармондеҳии ҷангҷӯёни  ДОИШ дар шимоли Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иқдом кардааст.“ Вилояти Хуросон” дар ҳоли ҳозир қавитарин гуруҳи мухолифи Толибон дар Афғонистон дониста мешавад.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021, дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти роҳбарии Амрико ва паймони ҳарбии НАТО ҳукумати қаблиро сарнагун сохта, қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтанд. Тоҷикистон бо намоиши пуштибонии ошкораш аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, эълон кард, ки агар Толибон ҳукумати фарогир насозанд ва дар он ба ақалиятҳои қавмӣ, ба вижа ба тоҷикҳои Афғонистон, ки ба гуфтаи президенти Тоҷикистон, 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, ҷойгоҳи сазовореро қоил наоянд, Душанбе ҳукумати нави онҳоро дар Кобул эътироф нахоҳад кард.

Намояндагони Толибон дар посух ба ҳимояти Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимат чанд бор ба Душанбе таҳдид карданд ва якеаш ҳатто гуфт, ки агар ҷомиаи ҷаҳонӣ дахолат накунад, Тоҷикистонро дар 24 соат ишғол хоҳанд кард. Гулбиддин Ҳикматёр, як фармондеҳи собиқи муҷоҳидини афғон ҳам чандин бор таҳдид кард, ки мақомоти кунунии Афғонистон метавонанд дар посух ба мавзеъгириҳои Душанбе ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон дар хоки Афғонистон пойгоҳ ва замина барои фаъолият фароҳам биоранд. Зоҳиран як манзури Ҳикматёр метавонад ҳамин Маҳдӣ Арсалон ва ҷангҷӯёни зери дасти ӯ бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шогирди Доктор Абдураҳими Муллоҳода, Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Расонаҳои ҷаҳон гурӯҳи террористии бо ном “доъиш”-ро, ки воқеъан ифротӣ ва тундраву одамкӯш аст, “исломӣ” меноманд, аммо “толибон”-ро, ки исломӣ ҳастанд, тундрав меноманд, чаро?! Чӣ тундравӣ карданд? Агар касе гову моли маро дӯздид, тезу тунд намешаваму дасташро намебурам ё баҳ-баҳу чаҳ-чаҳ мегӯяму офарин, дастат дард накунад?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button