ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОҲЗАНӢ ДАР ФАРХОР ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР РӮДАКӢ: ҲАРДУ ҶАБРДИДА ЗАНҲОЯНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 17.05.2023

Боздошт гардидани марди 38-солаи қаблан судшуда бо ҷурми роҳзанӣ

155

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи зани 64-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 11-уми майи соли 2023, тахминан соати 00:00, шахси номаълум дар кӯчаи Н.Қурбонови ноҳияи Фархор ӯро бе ягон асос лату кӯб карда, 520 сомониашро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 244, қисми 2 (дуздӣ) ва 255, қисми 1 (қасдан несту нобуд кардани молу мулки ғайр) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди Федератсияи Русия бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии давлати мазкур барои одамкушӣ суд шудааст, содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 249 қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобии марди 55-сола

23

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии зани 44-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба ӯ дар масоҳати 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷудо карда дода, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои замини мазкурро қонунӣ намуда медиҳад.
Айни замон муайян карда шудааст, ки дар замини додаашон бунёди манзили истиқоматӣ иҷозат набуда, ҳуҷҷатгузорӣ карда намешавад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button