ВидеоИқтисодТоҷикистон

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕ ШИНОСНОМА ФУРӮХТАНИ СЕЛИТРАРО НИЗ МАНЪ КАРДААНД


Сокинони Тоҷикистон бе нишон додани шиноснома наметавонанд селитра, як навъи маъмули нурии минералиро харидорӣ кунанд. Фурӯшандагон инро талаби мақомот меноманд, вале мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.

Кишоварзон ва боғдорон селитраро барои дарёфти ҳосили хуб дар дохили киштзору боғи худ мепошанд.

Як тоҷири нуриҳои минералӣ мегӯяд, пулис онҳоро ҳушдор додааст, ки ба харидорон бе шиноснома селитра нафурӯшанд, дар акси ҳол ҷазо хоҳанд гирифт. Ба ӯ гуфта шудааст, ки ин як тадбири амниятист, чун селитра метавонад ҳамчун маводи тарканда ба кор бурда шавад.

Тартибро як деҳқон Арбобуддин Қулдошов чунин шарҳ дод: “Як моҳ пеш харидем. Нусхаи шиносномаро талаб карданд. Ному насаб ва чӣ қадаре, ки мехаред, дар дафтар менависанд. Аз куҷое, ки харед, шиноснома талаб мекунанд”.

Талабот ба селитра, ки сокинон онро барои рушди зуди зироати худ истифода мебаранд, ин шабу рӯз зиёд аст. Баъзе деқонон мегӯянд, аз чанд сол пеш ҳам чунин тартиб ҷой дошт, вале тоҷирон чандон сахтгирӣ намекарданд. Ҳоло шиноснома ҳатмӣ шудааст.

“Соли гузашта бе шиноснома харидам. Имсол, ҳамин ду рӯз пеш аз як мағозаи ноҳияи Рӯдакӣ хостам барои замини назди ҳавлиям селитра харам, лекин савдогар гуфт, то шиноснома наоред, намефурӯшем. Пурсидам, ҷавоб дод, ки ин дар таркибаш чизе дорад, ки барои омода кардани маводи тарканда лозим мешудааст, ба мо ҳамин хел гуфтанду огоҳ карданд, ки бе шиноснома надиҳем. Ман гашта хона рафтам, то шиносомаамро бо худ гирам, – гуфт ҳамсуҳбати Озодӣ.

Сӯҳроб, як тоҷир дар бозори “Меҳргон”, рӯзи 16-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худи онҳо низ селитраро аз нуқтаҳои яклухтфурӯш бо шиноснома мехаранд. Ӯ гуфт, намехоҳад, тартибро вайрон кунад, зеро ин кор ҷавобгарӣ дорад.

Талоши Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот, аз ҷумла назари масъулони Вазорати умури дохилӣ, бенатиҷа буд.

Мақомоти тоҷик фурӯши баъзе масолеҳи сохтмон, аз ҷумла мехро низ бе шиноснома манъ кардаанд. Дар гузашта низ идораҳои интизомӣ ин тасмимро шарҳ надодаанд.

Танҳо як мақоми вазорати корҳои дохилӣ чанд сол пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳадаф “пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ аст”.

Нуралишо Назаров, коршиноси масоили амниятӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо чунин шева аз терроризм намешавад пешгирӣ кард.

“Ман ин гапро, ростӣ, нав шунидам, ки меху “селитра”-ро бо шиноснома фурӯшанд. Шояд чунин методро касе фикр кардааст. Терроризм сабаб дорад, нахуст сабабҳояшро ёфтан даркор. Барои пешгирии он барномаҳои давлатӣ ҳам ҳаст. Сохторҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки кадом чораҳоро бубинанд,”- гуфт, генерали бознишаста Нуралишо Назаров.

Пештар дар баробари мех, инчунин, харидорони гази моеъ, кислород ва карбидро ҳам номнавис мекарданд. Ниҳодҳои қудратӣ ҳамасола аз пешгирии амалҳои террористӣ дар кишвар хабар медиҳанд, ҳарчанд шубҳаву гумонҳо ба ҳарфҳои мақомот кам нест.

Мухолифон мегӯянд, мақомоти тоҷик бо баҳонаи мубориза бо терроризм бештар дигарандешонро саркӯб мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Фардо писарам барои харидани қуттии гугирд ба мағоза меравад, аз ӯ шиноснома талаб мекунанд, чаро? Чунки гугирд дар таркибаш маводи тарканда дорад!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button