ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

СУҚУТИ ДУ ЧАРХБОЛУ ДУ ҲАВОПАЙМОИ ҶАНГИИ РУСИЯ ДАР ВИЛОЯТИ БРЯНСК (ВИДЕО)

Рӯзи 13-уми майи соли 2023 артиши Русия дар ҳарими ҳавоии худ, дар ҳудуди вилояти Брянск, якбора 4 чархболу ҳавопаймои ҷангиашро якҷо бо 9 халабон аз даст дод.

Русия моҳи марти соли 2022 низ дар як рӯз 7 тайёраи ҷангии худро дар фазои Украина аз даст дода буд. Вале ин бори аввал аст, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар дохили қаламрави худи ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва чунин талафоти сангин доданд.

Нашрияи русии “Коммерсант” бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки “як гурӯҳи техникаҳои ҳавоии ҷангӣ, марбут ба қӯшунҳои ҳавоӣ ва фазоии артиши Русия, иборат аз тайёраи қиркунандаи Су-35, тайёраи бомбаафкану қиркунандаи Су-34 ва ду чархболи ҷангии навъи Ми-8 дар фазои вилояти Брянски Русия дар умқи 40 километрии хоки Русия мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта, суқут намуданд”.

“Baza” хабар дод, ки “ҳайати  экипажи ҳам чархболҳо ва ҳам тайёраҳо, ки иборат аз 9 нафар буданд,  аз ҷумла 3 узви экипажи чархболи Ми-8, 3 узви экипажи чархболи дуюми Ми-8, як халабони тайёраи бомбафкану қиркунандаи Су-35 ва 2 халабони тайёраи қиркунандаи Су-34 дар натиҷаи амалиёт кушта шуданд”.

Вале волии вилояти Брянск Александр Богомаз танҳо суқути як чархболро таъйид намуда, гуфт, ки “бар асари суқути чархбол 5 бино осеб дида, як зан ҷароҳат бардоштааст”. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии “ТАСС” аз номи кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия навишт, ки як ҷангандаи Су-34 дар наздикии марз бо Украина суқут намуд. Ҳам “ТАСС” ва ҳам волии Брянск сабаби сарозер шудани чархбол ва тайёраи ҷангии Русияро шарҳ надодаанд.

Дар видеоҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Брянск дар Интернет нашр намудаанд, дида мешавад, ки 2 чархболи ҷангӣ ва 2 тайёраи ҷангӣ дар як фосилаи замонии кӯтоҳ суқут дода шудаанд.

Бино ба маълумоти ба даст омада, бояд ин гурӯҳи тайёраҳои ва чархболҳо бо фармони қӯшунҳои ҳавоии Русия вилояти Чернигови Украинаро зери ҳамла қарор медодаанд. Аз рӯи нақша мебоист Су- 35 Черниговро бомбаборон менамуд ва Су-34 онро аз ҳамлаи мушакии артиши Украина муҳофизат мекард. Чархболҳо бошанд дар ҳолати суқути Су-35 халабонҳои онро наҷот дода, ба пойгоҳи ҳавоӣ интиқол медоданд. Вале ҳамаи онҳо ба доми аз пеш омодашуда афтода, сарозер  шудаанд. “Коммерсант” таъкид мекунад, ки ҳар чор техника тавассути мушакҳои навъи “ҳаво баҳаво”-и Украина зада шудаанд. Вале Телеграм-каналҳои наздик ба ҳукумати Русия сабаби суқути чархбол ва тайёраҳоро нуқси техникӣ гуфтаанд.

Z-каналҳо бошанд, кишварҳои Ғарбиро айбдор намуда, иддао доранд, ки чархболу ҳавопаймоҳои ҷангии Русия тавассути мушакҳои ғарбии навъи “ҳаво ба ҳаво” мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Аз ин лиҳоз, ба ақидаи онҳо, бояд Русия Лондон ва Парижро бомбаборон кунад.

Вазорати мудофиаи Русия ва вазорати мудофиаи Украина қазияро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол собиқ ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко навишт, ки чархболҳо ва тайёраҳои ҷангии Русия аз тарафи системаи мудофиаи зиддиҳавоии ҳавоии (ПВО) худи Русия дар Брянск мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. “Ман барои ҳамин шабакаи ПВОи Брянскро дӯст медорам”, – киноя задааст Герашенко.

Ин ҳамла замоне сурат гирифт, ки вазорати дифои Британия чанд рӯз пеш хабар дода буд, мушакҳои дурпарвози навъи “Storm Shadow” -и худро ба Украина таҳвил додааст.

Рӯзи 12-уми май низ артиши Украина ба умқи 120-километрии вилояти Луҳанск ду зарбаи мушакӣ зад, ки баъдан муайян шуд, аз мушакҳои дурпарвози навъи “Storm Shadow” истифода намудааст.

Пас аз ин зарба пропагандистҳои рус дар Z-каналҳо қоил омаданд, ки артиши Русия дигар Луҳанскро ҳамчун пойгоҳи амн барои захираи лавозимоти ҷангӣ истифода бурда наметавонад, зеро тӯли парвози мушаки “Storm Shadow” аз 250 то 290 км мерасад ва ҳар лаҳза метавонад анборҳои силоҳро ҳадаф қарор диҳад.

Давид Шарп, коршиноси низомӣ ба шабакаи телевизионии “Дождь” гуфтааст, ки “ин як рӯзи сиёҳ дар таърихи қӯшунҳои ҳавоии Русия боқӣ хоҳад монд. Зеро дар они воҳид аз даст додани 2 чархбол ва 2 тайёраи ҷангӣ аз аввали ҷанги Русия бо Украина рух надода буд. Ҳамчунин аз даст додани 9 халабони низомӣ аз арзиши ин чархболҳо ва тайёраҳо ҳам гаронтар меистад”.

Русия моҳи марти соли 2022 низ дар як рӯз 7 тайёраи ҷангии худро дар фазои Украина аз даст дода буд. Вале ин бори аввал аст, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар дохили қаламрави худи ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва чунин талафоти сангин доданд.

Нашрияи русии “Коммерсант” бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки “як гурӯҳи техникаҳои ҳавоии ҷангӣ, марбут ба қӯшунҳои ҳавоӣ ва фазоии артиши Русия, иборат аз тайёраи қиркунандаи Су-35, тайёраи бомбаафкану қиркунандаи Су-34 ва ду чархболи ҷангии навъи Ми-8 дар фазои вилояти Брянски Русия дар умқи 40 километрии хоки Русия мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта, суқут намуданд”.

“Baza” хабар дод, ки “ҳайати  экипажи ҳам чархболҳо ва ҳам тайёраҳо, ки иборат аз 9 нафар буданд,  аз ҷумла 3 узви экипажи чархболи Ми-8, 3 узви экипажи чархболи дуюми Ми-8, як халабони тайёраи бомбафкану қиркунандаи Су-35 ва 2 халабони тайёраи қиркунандаи Су-34 кушта шуданд”.

Вале волии вилояти Брянск Александр Богомаз танҳо суқути як чархболро таъйид намуда, гуфт, ки “бар асари суқути чархбол 5 бино осеб дида, як зан ҷароҳат бардоштааст”. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии “ТАСС” аз номи кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия навишт, ки як ҷангандаи Су-34 дар наздикии марз бо Украина суқут намуд. Ҳам “ТАСС” ва ҳам волии Брянск сабаби сарозер шудани чархбол ва тайёраи ҷангии Русияро шарҳ надодаанд.

Дар видеоҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Брянск дар Интернет нашр намудаанд, дида мешавад, ки 2 чархболи ҷангӣ ва 2 тайёраи ҷангӣ дар як фосилаи замонии кӯтоҳ суқут дода шудаанд.

Бино ба маълумоти ба даст омада, бояд ин гурӯҳи тайёраҳои ва чархболҳо бо фармони қӯшунҳои ҳавоии Русия вилояти Чернигови Украинаро зери ҳамла қарор медодаанд. Аз рӯи нақша мебоист Су- 35 Черниговро бомбаборон менамуд ва Су-34 онро аз ҳамлаи мушакии артиши Украина муҳофизат мекард. Чархболҳо бошанд дар ҳолати суқути Су-35 халабонҳои онро наҷот дода, ба пойгоҳи ҳавоӣ интиқол медоданд. Вале ҳамаи онҳо ба доми аз пеш омодашуда афтода, сарозер  шудаанд. “Коммерсант” таъкид мекунад, ки ҳар чор техника тавассути мушакҳои навъи “ҳаво баҳаво”-и Украина зада шудаанд. Вале Телеграм-каналҳои наздик ба ҳукумати Русия сабаби суқути чархбол ва тайёраҳоро нуқси техникӣ гуфтаанд.

Z-каналҳо бошанд, кишварҳои Ғарбиро айбдор намуда, иддао доранд, ки чархболу ҳавопаймоҳои ҷангии Русия тавассути мушакҳои ғарбии навъи “ҳаво ба ҳаво” мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Аз ин лиҳоз, ба ақидаи онҳо, бояд Русия Лондон ва Парижро бомбаборон кунад.

Вазорати мудофиаи Русия ва вазорати мудофиаи Украина қазияро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол собиқ ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии Украина Антон Герашенко навишт, ки чархболҳо ва тайёраҳои ҷангии Русия аз тарафи системаи мудофиаи зиддиҳавоии ҳавоии (ПВО) худи Русия дар Брянск мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. “Ман барои ҳамин шабакаи ПВОи Брянскро дӯст медорам”, – киноя задааст Герашенко.

Ин ҳамла замоне сурат гирифт, ки вазорати дифои Британия чанд рӯз пеш хабар дода буд, мушакҳои дурпарвози навъи “Storm Shadow” -и худро ба Украина таҳвил додааст.

Рӯзи 12-уми май низ артиши Украина ба умқи 120-километрии вилояти Луҳанск ду зарбаи мушакӣ зад, ки баъдан муайян шуд, аз мушакҳои дурпарвози навъи “Storm Shadow” истифода намудааст.

Пас аз ин зарба пропагандистҳои рус дар Z-каналҳо қоил омаданд, ки артиши Русия дигар Луҳанскро ҳамчун пойгоҳи амн барои захираи лавозимоти ҷангӣ истифода бурда наметавонад, зеро тӯли парвози мушаки “Storm Shadow” аз 250 то 290 км мерасад ва ҳар лаҳза метавонад анборҳои силоҳро ҳадаф қарор диҳад.

Давид Шарп, коршиноси низомӣ ба шабакаи телевизионии “Дождь” гуфтааст, ки “ин як рӯзи сиёҳ дар таърихи қӯшунҳои ҳавоии Русия боқӣ хоҳад монд. Зеро дар они воҳид аз даст додани 2 чархбол ва 2 тайёраи ҷангӣ аз аввали ҷанги Русия бо Украина рух надода буд. Ҳамчунин аз даст додани 9 халабони низомӣ аз арзиши ин чархболҳо ва тайёраҳо ҳам гаронтар меистад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button