ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ЯК ҶАВОНЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ КУШТАНИ ТИФЛИ НАВЗОДАШ МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Чкалови шаҳри Екатеринбурги Русия рӯзи 12 майи соли 2023 як ҷавонзани 20-сола аз Тоҷикистонро дар куштани тифли навзодаш гунаҳкор шинохта, ӯро ба 2 соли маҳдудияти озодӣ маҳкум кард. Ин зан дар ҷараёни мурофиа, ки пушти дарҳои баста доир шуд, ба гуноҳи худ эътироф ва аз карда изҳори пушаймонӣ кардааст.

Евгений Горелих, сухангӯи пулиси вилояти Свердловск дар шарҳи ин парванда гуфт: “Моҳи феврали соли 2023, вақте ки ин зан дар моҳи нӯҳуми бордорӣ қарор дошт, ӯро ба сабаби сар шудани дарди таваллуд бо дарди шикам ба бемористон овардаанд. Дар бемористон ӯ барои ба ҳоҷатхона рафтан иҷозат пурсидааст. Ин зан тифлашро дар ҳоҷатхона ба дунё оварда, ӯро бо як шеваи бераҳмона дар зарфи обгирӣ ё сливной бачоки болои унитази ҳоҷатхона ғарқ карда, куштааст. Баъди чанде табибон ба хоҷатхона даромада, дар рӯи фарш изи хунро дидаанд ва аз даруни бачок ҷасади кӯдакро пайдо карда, ба пулис хабар додаанд”.

 Нисбат ба ин зан бар асоси моддаи 106 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштори тифли навзод аз сӯи модараш парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Вале додгоҳ дар ниҳоят ба ӯ ҷазои сабук дод. Александр Шулга, ёварши аршади сардори раёсати тафтишоти вилояти Свердловск гуфт: “Бо ҳукми додгоҳ ин зан ба 2 соли маҳдудияти озодӣ маҳкум гардид”.

Сабаби чунин ҳукми сабук гирифтани ин ҷавонзан шарҳ дода нашудааст. Моддаи 106 Кодекси ҷиноятии Русия барои куштори тифли навзод аз сӯи модараш ҳамчун ҷазо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 4 сол, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ваё ҳукми зиндон ба муҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Дар бораи сабаби кӯдакашро куштани ин ҷавонзан низ маълумоти дақиқе дар даст нест. Бархе расонаҳои русӣ ишора кардаанд, ки ин зан ҳангоми дар Тоҷикистон будани шавҳараш ҳомила шудааст ва ба ҳамин сабаб тифли навзодашро бо чунин шеваи бераҳмона куштааст.

Худи ҷавонзани маҳкумшуда ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Ҳолатҳои тифлони навзоди худро куштани занони тоҷик дар Русия ангуштшумор аст, вале ҳар сол чандин зани тоҷик дар Русия баъди таваллуд аз фарзандони худ даст мекашанд. Сафорати Тоҷикистон ҳар сол дар бораи аз ятимхонаҳои Русия ҷамъ овардану ба Тоҷикистон бурдани даҳҳои тифли тоҷик хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин занҳо дар бештари вақт аз фарзандоне даст мекашанд, ки дар натиҷаи муносибатҳои ғайришаръӣ ба дунё овардаанд. Тарси шарманда шудан дар чашми хешу табор ва ҳамсояҳо онҳоро водор мекунад, ки аз баҳри тифли худ гузаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button