ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИНТИХОБОТИ ТУРКИЯ: ЭРДУҒОН ВА ҚИЛИЧДОРӮҒЛУ ДАР ДАВРИ ДУЮМ САРБАСАР МЕШАВАНД

Ба эҳтимоли ғолиб, интихоботи президентии Туркия, ки 14 майи соли 2023 доир шуд, ба даври дуюм мекашад. Бо он ки ҳамагӣ ним фоизи овозҳо ношумурда боқӣ мондааст, то ҳол ҳеҷ кадом аз номзадҳо беш аз 50 фоизи овозҳоро ба даст наовардааст. Президенти кунунии Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихобот нисбат ба рақиби асосиаш Камол Қиличдорӯғлу пешсаф аст, вале боз ҳам натавонист беш аз нисфи овозҳоро ба даст оварда, корро алакай дар даври якум ба фоидаи худ ҳал кунад. Агар вазъ ба ҳамин сурат боқӣ бимонад, рӯзи 28 май даври дуюми интихобот доир мешавад ва Эрдуғон бо Қиличдорӯғлу барои дарёфти мақоми президентӣ вориди рақобати шадид хоҳанд шуд.

Интихоботи кунунии президенти Туркия аз он лиҳоз ҳойизи аҳамият аст, ки мухолифини ҳукумати Эрдуғон баъди 20 соли ҳукмронии ӯ бори аввал шанси пирӯзӣ бар ӯро ба даст оварданд. Мухолифини то кунун парокандаи Туркия дар моҳҳои охир тавонистанд нирӯҳои худро барои ҷиддан ба чолиш кашидани ҳукмронии Эрдуғон, ки бахусус баъди кӯшиши нокоми табаддулоти соли 2016 тавонист режими худро хеле мустаҳкам кунад, муттаҳид бисозанд.

Бо ин вуҷуд, натиҷаҳои расмии шумориши 99,38% овозҳо баёнгари он аст, ки Эрдуғон боз ҳам дар ҷои аввал аст. Ӯ 49,42% овозҳоро ба даст овардааст. Рақиби асосии ӯ аз эътилофи 6 ҳизби мухолифин бо номи “Паймони миллӣ” Камол Қиличдорӯғлу 44,95% ва Синон Ӯғон 5,2%  гирифтаанд. Номзади чорум Муҳаррам Инҷӣ номзадиашро чанд рӯз пеш пас гирифт, вале номаш дар баргаҳои овоздиҳӣ боқӣ монда буд ва боз ҳам 0,43% интихоботкунандагон раъйи худро ба Инҷӣ додаанд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Туркия рӯзи 19 май нашр мешаванд. Вале таҳлилгарон аз ҳоло натиҷаҳои ин овоздиҳиро баёнгари ба қутбҳои гуногун ҷудо шудани ҷомиаи Туркия меноманд.

Реджеп Тайип Эрдоган

Ҳарду номзади асосӣ алакай дар бораи натиҷаҳои муқаддамотии интихобот изҳори назар карданд. Эрдуғон, ки аз балкони қароргоҳи ҳизби ҳокими Адолат ва рушд хитоб ба тарафдорони худ суханронӣ мекард, гуфт, агар кор ба даври дуюм бикашад ҳам, ӯ боке аз ин надорад.

Ҳарчанд натиҷаҳои ниҳоӣ ҳанӯз дар даст нест, вале ман метавонам бо итминон бигӯям, ки мо яқинан пешсафем”, – изҳор дошт президенти кунунии Туркия.

Рақиби ӯ Камол Қиличдорӯғлу гуфт, ба пирӯзиаш дар даври дуюм мутмаин аст. “Агар даври дуюм эълон шавад, мо ҳатман ғалаба мекунем. Азм ба сӯи исломҳот дар ҷомиа  болотар аз 50 фоиз аст”, – изҳор дошт ин номзади мухолифин, ки қаблан ҳукуматро ба кӯшиши “мамониат ба изҳори иродаи мардум” тавассути гузарондани интихоботи такрорӣ дар вилоятҳое, ки мухолифин пешдастанд, айбдор кард. Шаҳрдорони пойтахт, шаҳри Анкара, ва Истанбул, бузургтарин шаҳри Туркия, ки ҳарду ҳоло аз ҳизби ҳоким нестанд, низ ҳушдор додаанд, ки ҳизби ҳокими Эрдуғон алакай аз чунин шева истифода бурда буд.

Избиратели

Назархоҳиҳои пешакӣ низ ба даври дуюм кашидани интихоботи Туркияро пешбинӣ карда буданд, вале дар даври аввал пешсафиро ба Қиличдорӯғлу дода буданд, на ба Эрдуғон. Вале  натиҷаҳои даври аввал, ки интизороти берхе таҳлилгаронро, ки пирӯзии номзади мухолифинро алакай дар даври якуми интихобот  пешбинӣ мекарданд, бароварда насохт, нишон дод, ки марокизи таҳлилӣ дар “гӯрондан”-и даврони Эрдуғон ва шурӯи саҳифаи нав дар таърихи муосири Туркия як каме ба шитобзадагӣ роҳ додаанд.

Ҳамзамон бо интихоботи президентӣ дар Туркия рӯзи 14 май интихоботи парлумон ҳам доир шуд.

Натиҷаҳои он нишон медиҳанд, ки ҳизби ҳокими Адолат ва рушди Эрдуғон метавонад якҷо бо муттаҳидонаш аксариятро дар Маҷлис ҳифз кунад.

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотие, ки Комиссияи марказии интихоботи Туркия эълон кард, “Паймони ҷумҳурихоҳон” ба раҳбарии ҳзби Эрдуғон 49,3% овозҳо, ё тақрибан 322 курсӣ аз 600 курсии парлумонро ба даст меорад. Эътилофи мухолифин “Паймони миллӣ” 35,19 фоизи овозҳо, ё 212 курсии парлумонро соҳиб мешавад. Аз ин 168 курсиашро номзадҳо аз ҳизби халқивую ҷумҳурихоҳи Қиличдорӯғлу ба худ  ихтисос медиҳанд.

Даври якуми интихобот нишон дод, ки мухолифин бештар дар шаҳрҳои бузурге, чун Истанбул, Анкара ва Измир пешдаст будаанд ва тарафдорони Эрдуғон дар музофот.

Азбаски фарқи овозҳо байни Эрдуғон ва Қиличдорӯғлу хеле ночиз аст, дар даври дуюм, ба бовари нозирони умур, нақши ҳалкунандаро 5 фоиз тарафдорони номзади сеюми озаритабор Синон Ӯғон бозӣ хоҳанд кард, ки оё овози худро ба кадоме аз ду номзади боқимонда  хоҳанд дод?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button