ВидеоИқтисодТоҷикистон

ҲАВОПАЙМОИ ПРЕЗИДЕНТИИ 92-МИЛЛИОНДОЛЛАРАРО БА ДУШАНБЕ ОВАРДАНД (АКС + ВИДЕО)

Ҳавопаймои собиқи президенти Мексика, тамғаи “Boeing 787-8 Dreamliner”, ки моҳе пеш аз ҷониби Тоҷикистон ва ба эҳтимоли ғолиб барои президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нархи 92 миллион доллар харида шуд, нимаи дуюми рӯзи 14 майи соли 2023 аз фурудгоҳи шаҳри Сан Бернардинои аёлати Аризонаи Амрико ба парвоз хеста, субҳи 15 май ба Душанбе расид.

Боб Ален, як масъули ширкати Nomadic Aviation Group рӯзи 14 май бо нашри чанд акс аз фурудгоҳи Сан Бернардино хабар дод, ки ҳавопаймо барои парвоз омода карда шудааст.

Ин ҳавопаймо баъди ба Тоҷикистон фурӯхта шуданаш дар фурудгоҳи Сан Бернардино қарор дошт ва дар ин муддат ширкати Nomadic Aviation Group, ки ба санҷишу озмоиш, нигоҳубин ва рангубори ҳавопаймоҳо машғул аст,  онро аз нав рангубор карда, ба ҳавопаймо рамзу нишони давлатии Тоҷикистонро часпондаанд. Рамзу нишони давлатӣ дар ҳавопаймо баёнгари он аст, ки онро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истифода хоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон, ки 70 сол дорад ва аз поёни соли 1992, инак беш аз 30 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, то кунун сафарҳои худро тавассути ҳавопаймои махсуси ширкати “Сомон Эйр” анҷом медод.

Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти пойгоҳи Flight Radar, ки парвозҳо дар саросари дунёро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки ҳавопаймо бо рамзи EY-001 аз Сан-Бернардино парвозро оғоз карда, соати 7:36-и субҳи 15-уми май дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишастааст.

Азия-Плюс низ бо нашри аксҳо аз фурудгоҳи Душанбе хабар дод, ки ҳавопаймои президентие, ки дар ивази қариб 1,7 миллиард песои Мексика ё 92 миллион доллар аз Мексика хариданд, субҳи 15 май ба пойтахти Тоҷикистон расид. Хабаргузорӣ илова кардааст, ки то кунун мақомоти Тоҷикистон хабари харидории ҳавопаймои президентии Мексикаро ягон навъ шарҳ надодаанд.

Хариди ҳавопаймои президентӣ аз Мексика бо қимати 92 миллион доллар дар Тоҷикистон мавҷи вокунишҳои гуногунро барангехт. Дар ҳоле ки тарафдорони ҳукумат хариди чунин ҳавопаймои гаронбаҳоро боз як нишонаи рушду пешрафти кишвар ва барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон, бахусус ҳукуматаш муҳим мешумурданд, мунтақидон мегуфтанд, ки кишвари фақире ба мисли Тоҷикистон ин 92 миллион долларро метавонист барои корҳои муҳимтаре, ба мисли бунёди корхонаҳои нав ва таъмини мардумаш бо ҷои кор харҷ кунад.

Аз ҷумла ба ин нукта ишора мешуд, ки  Мексика бо вуҷуди он ки яке аз иқтисодҳои бузурги дунёст ва маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш  солона қариб 1,3 триллион долларро ташкил медиҳад, аз истифодаи чунин ҳавопаймои гаронбаҳо даст кашида, бо пули он мехоҳад дар ду вилояти фақири Герреро ва Оахака бемористонҳои замонавӣ бисозад, вале Тоҷикистон бо онки ҳаҷми иқтисодаш солона ҳамагӣ наздики 9 миллиард доллар, яъне 150 маротиба (!!!) заифтар аз Мексика аст, бо 92 миллион доллар барои президенташ ҳавопаймо мехарад.

Президенти Мексика Андрес Мануэл Лопес Обрадор рӯзи 20 апрели соли 2023 шахсан аз толори ин ҳавопаймои ба Тоҷикистон фурӯхташуда ба мардумаш изҳорот дод ва аз ҷумла гуфт: “Ман ба мардуми Мексика хабар медиҳам, ки имрӯз қарордоди фурӯши ҳавопаймои президентӣ ба имзо расид. Ҳукумати Тоҷикистон тибқи нархномаи расмӣ ба суратҳисоби Институти баргардонидани молумулки аз мардум ғоратшуда 1 миллиарду 658 миллиону 684 ҳазору 400 песо интиқол дод. Ин пулҳо барои сохтани ду бемористон дар минтақаи Тлапеи аёлати Герреро ва минтақаи Тустепеке дар аёлати Оахака сарф мешаванд. Ин ду бемористон бояд то анҷоми давраи президентии ман сохта ва ба истифода дода шаванд”.

Ҳавопаймои президентиро ҳукумати Мексика соли 2012, дар замони президентии Фелипе Калдероне фармоиш дода буд. Ин ҳавопаймо моҳи феврали соли 2016, вақте ки ба курсии президентии Мексика алакай Энрике Пеня Нето нишаста буд, оварда шуд. Коршиносон қимати ин ҳавопайморо аз 220 миллион то 400 миллион доллар рақам мезаданд.

Вале Андрес Мануэль Лопес Обрадор, ки соли 2018 ба мақоми президентӣ расид, усулан ягон дафъа аз ин ҳавопаймо истифода набурд ва чанд сол қабл онро ба фурӯш гузошт, вале то кунун харидоре барои он ёфт нашуда буд. Обрадор ҳатто мехост ин ҳавопайморо тавассути лотерея ба савдо бизанад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол хабари ба 92 миллион доллар харидани ҳавопаймои президентии Мексикаро шарҳ надодаанд. Вале бовар меравад, ки ин ҳавопайморо махсус барои анҷоми сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон харидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бо $92-млн доллар 10-ҳазор донишҷӯи тоҷикро дар беҳтарин донишгоҳҳои муҳандисӣ ба таҳсил фаро мегирифтед, баъди 5-10 сол дар Душанбе ва Хуҷанд корхонаи истеҳсоли ҳавопайморо роҳандозӣ мекарданд. Домоди раисҷумҳури Туркия Селҷуқ Байрақдор дар Амрико таҳсил кард, баргашт ба Туркия имрӯз ба ҷаҳон ҳавопаймоҳи бесарнишин мефӯрушад. Дурандеширо ёд бигир, рустами эмомалӣ!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button