ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ РОНАНДА ВА ЯК МУСОФИР ДАР СЕ САДАМАИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ

 Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  тайи ду рӯзи истироҳати 13 ва 14 майи соли 2023 дар се садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 3 нафар, аз ҷумла ду ронанда ва як мусофир ба ҳалокат расидаанд.

13-уми майи соли 2023, тахминан соати 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Долун”, Нуриддинов Суҳроб Қутбиддинович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе дар километри 31-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кулоб-Хоруғ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада бо суръати баланд ба автомашинаи дар канори роҳ истодаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ғозиев Бобоҷон Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри мазкур ва автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, таҳти идораи Ҳайдаров Шокир Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъ бархурда, пас аз ин аз роҳи калони мошингард баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғозиев Б.Ҳ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми майи соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи, автомашинаи тамғаи «Маз-630305», Очилов Эҳронҷон Мазбутҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаннок» дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати роҳ ба сангпораҳои канори роҳ буда бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Очилов Дилшод Маъруфҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми майи соли 2023, тахминан соатҳои 13:30-дақиқа, ронандаи мототсикли боркаши тамғаи “Хунда”, Қодиров Сафаралӣ Сулаймонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба самти ҷамоати деҳоти Даштигулҳо, аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, дар канори рости роҳ мототсиклашро ба ҷӯйбори обгузар чаппа намуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД бидуни ироаи ҷузъиёти дигар гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Аз аввали моҳи май бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон алакай наздики 30 нафар ҷон бохтаанд. Аз ҷумла 6 нафар дар як садамаи шаби 1 май дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, 6 нафари дигари субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвоз ва се тани дигар шаби 4 май дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба ҳалокат расиданд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button