ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТУРСУНЗОДА ЯК НОБОЛИҒ БА ГАРДАНИ УСТОИ ТЕЛЕФОН КОРД ЗАДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 15.05.2023

Бо корд захмӣ гардидани марди 33-сола аз ҷониби ноболиғи 15-сола дар заминаи муноқиша

121

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми майи соли 2023, ҳангоми дар ҷойи кораш дар дӯкони таъмири телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар дохили бозори “Баракат”-и шаҳри Турсунзода қарор доштанаш ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин шаҳр аз сабаби ба миён омадани муноқиша ӯро бо корд як маротиба ба қисмати гарданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 33-сола бо ҷурми қаллобӣ

116

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда охирҳои соли 2018 то аввалҳои соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз вай 70 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз он 2 ҳазорашро баргардонида, боқимонда 68 ҳазор долларро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button