ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсонҶомеа

ШАКЛҲОИ НАВИ “ОБЛАВА”: ҲАБСИ ХУДСАРОНАИ МОДАРИ ЯК ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ ВА БАСТАНИ МАСҶИД ДАР ИСФАРА

Дар вилояти Суғд, ки дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ақиб мондааст, мақомот ба хотири иҷрои нақша худсарона даст ба иқдомҳои ғайримуқаррарӣ ва дар асл ғайриқонунӣ даст мезананд.

Аз ҷумла рӯзи 14 майи соли 2023 пайвандони  сокини деҳаи Киштӯдаки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент Умарқулова Санам ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки кормандони ҷамоати Ёрӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ин зани модари 5 фарзанд, аз ҷумла як кӯдаки ширмакро ғайриқонунӣ рафта аз хонааш маҷбурӣ ба ҷамоат оварда, ба ҳабс гирифтаанд.

Санам Умарқулова инак ду шабонарӯз боз дар бинои ҷамоат дар ҳабс қарор доштааст. Ӯ тавассути телефон ба аҳли хонаводааш хабар додааст, ки намояндагони коммисариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ва кормандони ҷамоати Ёрӣ  ба ӯ гуфтаанд: “Ё писаратро аз муҳоҷирати меҳнатӣ дааз Русия ба Тоҷикистон бармегардонӣ ё 24 ҳазор сомонӣ маблағ меорӣ”.

Маълум нест, манзур аз ин 24 ҳазор сомонӣ талаби пора аст ё пули хидмати алтернативӣ? Соли 2021 дар Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки бар асоси он шаҳрвандон метавонанд бо пардохти маблағи баробари 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне беш аз 28 ҳазор сомонӣ дар соли ҷорӣ, метавонанд хидмати ҳарбиро ба сурати “экспресс” дар муддати як моҳ адо карда, қонунан соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Мақомоти ҷамоати Ёрӣ ва комиссариати ҳарбии Панҷакент то ҳол ба хабари ҳабси худсаронаи модари як даъватшаванда аз деҳаи Киштӯдак вокуниш накардаанд.

Аз ин пеш хабар омада буд, ки мақомоти Исфара рӯзи 9 май дар деҳаи Наймани ҷамоати Сурх масҷиди панвақтаи бо номи “Умари Одил”-ро ба рӯи намозгузорон баста, шарт гузоштаанд, ки масҷидро танҳо баъди ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудани ҳамаи ҷавонони аз ин деҳа ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дубора боз мекунанд.

Рофиҷон Рауфов, раиси деҳаи Найман рӯзи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баста шудани дари масҷидро тасдиқ кард ва гуфт, рӯзи 12-уми май, дар намози ҷумъа рӯҳониён аз мардум даъват карданд, то ки фарзандонашонро ба артиш равон кунанд.

 “Ба волидон гуфтанд, бигзор фарзандонатон, ки дар Русия ҳастанд, биёянд ва хизмати аскарӣ кунанду шумо озодона намозҳоятонро хонед. Имрӯз имомҳо ва хатибҳо ба назди мақомот барои як ҷаласа даъват карда шуданд,”—гуфтааст Рофиҷон Рауфов.

Дар Тоҷикистон аз 1 апрел мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ идома дорад. Ин маърака то 31 май давом мекунад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи 40 рӯзи гузашта аз оғози мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ нақшаи даъват дар саросари кишвар алакай ба андозаи 76% иҷро шудааст. Бино ба иттилои расмӣ,  нақшаи даъват дар вилояти Бадахшону шаҳри Душанбе 100 дарсад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба андозаи 77 фоиз, дар вилояти Хатлон 73 фоиз, вале дар вилояти Суғд 68 фоиз иҷро шудааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад. Ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати ду сол ҷавонони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button