ВидеоТоҷикистонҲодиса

МАРГИ ФОҶИАВИИ 7 КОРМАНД, АЗ ҶУМЛА РАИСУ САРМУҲАНДИСИ ИДОРАИ ОБУ КОРЕЗИ ПАНҶАКЕНТ

Шоми 13 майи соли 2023 дар шаҳри Панҷакент дар як ҳодисаи нохуш 7 корманди идораи обу корез (“Водоканал”) ба ҳалокат расида, як сокини маҳаллӣ дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар байни ҳалокшудагон сардор ва сармуҳандиси корхонаи фаръии давлатии “Обу корези Панҷакент” низ ҳастанд. Раиси идораи обу корези Панҷакент Исломзода Баҳром Ҳасан, с.т. 1996, аз ноҳияи Данғара будааст ва ҷанозаи ӯро барои дафн ба зодгоҳаш фиристодаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳодиса шоми шанбе, 13 май дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон рух додааст. Кормандони идораи обу корез дар ин ҷо ҳамроҳ бо як сокини ин кӯча лӯлаи хатти партов (канализатсия) –ро тармим мекардаанд. Ҳангоми анҷоми корҳои тармимӣ ҳамаи онҳо бар асари нафас кашидани газҳои заҳролуди партов аз ҳуш рафтаанд. Сокинон аз ин хабар ёфта, ҳамаи ин 8 нафарро ба беморхона бурдаанд, вале мутаассифона, 7 нафари онҳо алакай ҷон дода буданд. Ҷанозаҳои ҳамаи 7 қурбонии ин ҳодисаро ба наздиконашон супурдаанд.

Як сокини кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, ки ягона нафари зиндамонда дар ин ҳодиса аст, дар ҳолати вазнин дар шуъбаи реаниматсияи бемористони шаҳри Панҷакент қарор доштааст.

Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиабор дар Панҷакент ҳанӯз дастрас нест.

Шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд дар шимолуғарби Тоҷикистон дар қисмати марказии ҳавзаи рӯди Зарафшон ҷойгир шуда, маркази маъмурии минтақаи ҳамном аст.  Панҷакент, бино ба маъхазҳои таърихӣ, ҳанӯз дар асри 5 то милод бино шудааст ва яке аз шаҳрҳои таърихии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Панҷакент, бино ба омори соли 2022, наздики 44 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Интернет рӯйхатти 9 нафар нашр шудааст, ки гуфта мешавад, қурбониёни ҳодисаи шоми 13 май дар Панҷакент мебошанд. Бино ба хабарҳо, 5 нафар аз ҳалокшудагонро субҳи 14 май дар оромгоҳи Таги Камари шаҳри Панҷакент ба хок супурдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button