ВидеоТоҷикистон

ВАЗОРАТИ МУДОФИА АЗ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУДАНИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ХАБАР ДОД

Маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 12 майи соли 2023 хабар дод, ки тайи 40 рӯзи гузашта аз оғози мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ нақшаи даъват дар саросари кишвар алакай ба андозаи 76% иҷро шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ,  нақшаи даъват  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба андозаи 77 фоиз, дар вилояти Хатлон 73 фоиз, дар вилояти Суғд дар ин 40 рӯзи гузашта аз оғози мавсими баҳорӣ ба андозаи 68 фоиз иҷро шудааст.

Маркази матбуоти вазорати мудофиа аз шаҳру навоҳии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавсиф кард, ки алакай дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ гузориш доданд. Ҳамин тавр, вазорати мудофиа аз пойтахт, шаҳри Душанбе ситоиш кард ва гуфт, ҳамаи 4 ноҳияи пойтахт то охири моҳи апрел нақшаи пешбинишударо сад фоиз иҷро карданд. Бино ба иттилои ин ниҳод, дар минтақаҳои тобеи марказ ноҳияҳои Лахш Нуробод, Рашт, Сангвору Тоҷикобод ва шаҳри Ваҳдат ва дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Вахш, Данғара, Фархор ва шаҳри Леваканд низ даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, аз  иҷрои нақшаҳои худ гузориш додаанд.

То 1 май, яъне дар як моҳи аввали даъвати баҳорӣ иҷрои нақшаи даъват дар саросари Тоҷикистон 63 фоизро ташкил дода буд.

Дар ин шабурӯз мавсими баҳории даъват ба саффи артиши Тоҷикистон идома дорад. Ин маърака 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад. Ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати ду сол ҷавонони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Даъвати баҳории имсола низ аз чунин ҳодисаҳои “облава” орӣ набуд. Моҳи апрел чандин видеои маҷбуран доштани ҷавонони синну соли даъватӣ нашр шуд.

Дар як навор дида мешавад, ки чанд нафари либоси мулкӣ дар тан як ҷавонеро, ки риши кӯтоҳ дорад, аз даромадгоҳи як бинои истиқоматии бисёқабата  аз дастонаш дошта, маҷбуран кашида бароварда истодаанд. Ҷавон кӯшиш мекунад, ки муқовимат нишон диҳад, вале дастгиркунандагонаш, ки бисёрӣ буданд, ӯро кашолакунон бо худ мебаранд ва ба мошин бор мекунанд. Ин лаҳзаҳоро занону кӯдакони зиёд тамошо мекунанд, вале касе дахолат намекунад.

Дар видеои дуюм, ронандаи як мошини раҳгузар аз дохили мошинаш сабт кардааст, дида мешавад, ки чанд нафари либоси мулкӣ дар тан як ҷавони синну соли даъватиро дар як кӯчаи шаҳр дастгир кардаанд ва мехоҳанд бо худ бибаранд. Ҷавон муқовимат нишон медиҳад ва ба ӯ ҳатто муяссар мешавад, ки аз дасти боздошткунандагон “канда” кунад ва рӯ ба фирор биорад. Вале онҳо ҷавонро дунболагирӣ карда, аз нав дастгир мекунанд ва ин бор то пеши мошинашон оварда, маҷбуран ба мошин бораш мекунанд.

Маълум нест, ки ин ду ҳодиса мушаххасан кай ва дар куҷо сурат гирифтааст? Мақомот то ҳол ин сабтҳоро ягон шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Академики академияи олии илмҳо гуяд:

    Дар арафаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ як наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он латукӯби наваскарон тавассути кӯҳнааскарон дида мешуд. Як ҳафта баъди нашри видео, бародарзодаам, ки ба синни даъват расидааст, занг зад ва гуфт илтимос 35-ҳазор сомонӣ бидеҳ, то чиптаи ҳарбӣ бихарам ва аз чанги “аблава” ва “дедовщина” роҳат шавам. Аз ин хулрса баровардам, ки ин навор махсус барои пул кор кардан наҳр шудааст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button